ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 июн дар доираи сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми узбек дар боғи «Узбекистон нав» дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият» гулчанбар гузоштанд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва Раиси шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортикхоҷаев ҳамроҳӣ карданд.

Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Узбекистони нав» боздид ба амал оварданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки боғи «Узбекистони нав» ба муносибати 30 — солагии истиқлоли давлатии Узбекистон бунёд шудааст.

Дар маҷмааи «Истиқлол» тавассути бунёди иншооти муосир дастовардҳои мардуми дӯсту бародари узбек давоми 30 соли соҳибистиқлолии кишвар, таърихи рушду густариш ва пешрафту тараққиёти давлати миллии Узбекистон таҷассум ёфтаанд.

Майдони умумии боғ 105 гектарро ташкил дода, дар он гулу дарахтони ороишӣ шинонида шудаанд.

Фаввораҳо, роҳравҳои зебо, муҷтамаи «Истиқлол» ва дарахтони нодир аз ороишоти асосии боғи «Узбекистони нав» мебошанд.

Баъди шиносоӣ бо ин макони дилфиреб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон рушду шукуфоӣ ва ба мардуми дӯсти узбек комёбиҳои беназир орзу карданд.

khovar.tj

Чоп кунед