ДУШАНБЕ, 25.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия мулоқоти ғайрирасмии дӯстонаи сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти Федератсия Русия муҳтарам Владимир Путин барои даъват ва меҳмоннавозии анъанавӣ арзи сипос намуда, иштирокдорони вохӯриро бо наздик омадани соли нави мелодӣ табрику шодбош гуфтанд.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки аз соли нав раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон мегузарад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки раёсати Тоҷикистон дар доираи консепсия ва нақшаи чорабиниҳои пешниҳоднамудаи кишвари мо бо мусоидати дигар давлатҳои иштирокдори ИДМ босамар ҷараён хоҳад гирифт.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо атрофи доираи васеи масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.