ДУШАНБЕ, 05.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ ба мамлакати мо ташриф овардааст, мулоқот намуданд.

Зимни суҳбат маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ва дурнамои рушди он мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин замина Сарвари давлати мо, аз ҷумла аҳамияти рушди фаъолтари муколамаи сиёсӣ ва таҳкими фазои эътимод дар муносибатҳои ду давлатро, ки бар арзишҳои чандинасраи дӯстӣ ва анъанаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд, таъкид намуданд.

Масъалаҳои татбиқи тавофуқоти сарони ду давлат доир ба пешбурди музокироти дуҷониба оид ба муайян намудани хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва натиҷаҳои вақтҳои охир дар ин самт бадастомада дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки давоми чор моҳи гузашта ҷонибҳо навиштаҷоти лоиҳавӣ ва кории тақрибан 196 километри хати сарҳади давлатиро ба мувофиқа расонида, ба ҳолати имрӯза дар маҷмуъ қариб 90 дарсади гузариши онро ба анҷом расонидаанд.

Пешвои миллат аҳамияти дар ин маҷро идома додани корҳо оид ба ҳалли ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сарҳадро таъкид намуданд.

Ҳамчунин масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ, тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ, парлумонӣ ва дигар самтҳои ҳамкории байни ду давлат баррасӣ шуданд.

Зимни мулоқот ба мавзуъҳои алоҳидаи дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

khovar.tj

Чоп кунед