ДУШАНБЕ, 14.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Туркманистон ва рӯзномаи ҳамоишҳои Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, баррасӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои вохӯриҳои дарпешистода омили таҳкими ҳамкории дохилиминтақавӣ хоҳанд шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми гардиши мол ва робитаҳои фарҳангию гуманитариро баррасӣ намуданд.
Барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ зарур шумурда шуд, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ҷоннок карда шавад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.