ДУШАНБЕ, 04.08.2023 /АМИТ «Ховар»/4 август дар Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба Туркманистон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот анҷом доданд.

Сарони давлатҳо маҷмуи масъалаҳои вобаста ба ҳамкории  дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар арсаҳо ба баррасӣ гирифтанд. Ба иҷрои мувофиқаҳое, ки аз натиҷаи сафари давлатии Президенти Туркманистон дар моҳи майи соли 2023 ҳосил гардида буданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Ҷонибҳо аз рушду тавсеаи савдои мутақобила ва дастгирии тамоюли афзоиши бемайлони он пуштибонӣ намуданд. Дар ин робита зарурати истифодаи имконоти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, Шурои кории Тоҷикистону Туркманистон, ҳамчунин амалияи баргузории форумҳои соҳибкорон  мавриди таъкид қарор гирифт.

Ҳамзамон атрофи масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар намуданд.

Президентҳо бо изҳори қаноатмандӣ сатҳи баланди эътимод ва мавҷудияти иқтидори зиёди ҳамкории ду давлатро таъкид намуда, аз рушди минбаъдаи рӯзафзуни муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳои мавриди манфиати тарафҳо ҷонибдорӣ намуданд.

khovar.tj

Чоп кунед