ДУШАНБЕ, 28.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.
Дар рафти мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бори дигар самимона табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки имрӯз муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама самт бомуваффақият инкишоф меёбанд ва Тоҷикистон сатҳи бадастомадаи ҳамкориҳоро бо Узбекистон қадр мекунад.
Зимни суҳбат ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон муҳокима гардида, дурнамои таҳким ва таъмиқи минбаъдаи онҳо дар руҳияи анъанаҳои бисёрасраи созандаи робитаҳои неки ҳамҷавории мардумони ду кишвар баррасӣ шуданд.
Аз ҷараёни рушди пайвастаи ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар изҳори қаноат карда шуд.
Таъкид гардид, ки барои боз ҳам боло бурдани ин нишондод истифодаи имкониятҳо, аз ҷумла рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷоннок кардани фаъолияти Комисияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаи ояндадори таъсиси Ширкати сармоягузориии Тоҷикистону Узбекистон ва корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ зарур аст.
Барои таъмиқи ҳар чи бештари муносибатҳо ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, нақлиёти роҳи оҳан, робитаҳои байниминтақавӣ, рақамикунонии иқтисодиёти кишварҳо ва густариши ҳамкории доираҳои илмию фарҳангӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Сарони давлатҳо зимни суҳбати самимӣ ва созанда ҳамчунин оид ба масъалаҳои алоҳидаи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.
Вобаста ба вазъи Афғонистони ҳамсоя Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон омода аст, бо фароҳам овардани имконоти логистикии худ, барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми азияткашидаи Афғонистон мусоидат намояд.