ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии гумрук мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ислоҳотро дар ҳама бахшҳои тиҷорату иқтисод амалӣ гардонида истодааст ва дар ин раванд ба такмили бомароми фаъолияти гумрукӣ низ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаи ин вохӯрӣ қадами наве дар роҳи таҳкиму тавсеаи робитаҳои самарабахши дуҷониба хоҳад шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мукаммалгардонии маъмурияти гумрук, низоми иттилоотии автоматикунонидашудаи он бо технологияҳои муосир, таҷдиди зерсохтори гумрук ва рушди иқтидори захираҳои инсониро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ муҳокима карданд. Дар ин зимн фаъол кардани ҳамкории судманд бо Созмони ҷаҳонии гумрук барои баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони ниҳоди гумрукии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот амалисозии санадҳои қабулшуда дар доираи Созмон, аз ҷумла Конвенсияи байналмилалӣ оид ба содагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукии Киото (соли 1973), Созишнома оид ба содагардонии расмиёти савдо (соли 2013) ва мутобиқ намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Конвенсия ва Созишномаи зикршуда баррасӣ карда шуд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон соли 2018 меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотӣ мутобиқ ба стандартҳои Созмони ҷаҳонии савдоро қабул намуд.

Имтиёзҳои гумрукию андозӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони молҳои ватанӣ ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамоянд. Онҳо инчунин ба афзун гардидани ҳаҷми истеҳсоли молҳои ватанӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ замина гузоштанд.

Зимни вохӯрӣ масъалаи такмили қонунгузорӣ дар арсаи тиҷорату иқтисод ва амалисозии сиёсати давлатии дастгирии содирот низ муҳокима гардид.

Изҳори итминон карда шуд, ки гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии гумрук таҳия ва пешниҳод мешаванд, ба зиёд гардидани гардиши тиҷорат ва қисми воридотии буҷаи давлат, инчунин рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамҷавор ва минтақа саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

khovar.tj

Чоп кунед