ДУШАНБЕ, 27.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари фоҷеабори ҳамлаи ғайриинсонии мусаллаҳонаро дар яке аз мактабҳои шаҳри Ижевск, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо нафар кӯдакон ва шаҳрвандони болиғи Федератсияи Россия гардид, бо андӯҳи амиқ дарёфтам.

Ба Шумо ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву тасаллиёти самимии ин ҷонибро изҳор менамоям. Хоҳони шифои оҷили ҳамаи осебдидагон ҳастем».

khovar.tj

Чоп кунед