ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Драупади Мурму барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Хабари фоҷеаи ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандон бар асари фурӯравии пул дар иёлоти Гудҷарати Ҷумҳурии Ҳиндустон боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар ин робита ҳамдардиву таъзияи самимии хешро ба Шумо ва пайвандону наздикони фавтидагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».

khovar.tj

Чоп кунед