Рӯзи якуми марти соли ҷорӣ сардори Раёсати масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротов Тоҳирхон Ҷӯраевич  аз ҳавзаи интихоботии №17-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзад пешбарӣ шуда буд. Инак, маълум гардид, ки вай бо ҷонибдории  аксари овозҳои  интихобкунандагон  пирӯзӣ ба даст овард ва вакили Маҷлиси намояндагони халқи  шаҳри Душанбе интихоб гардид.

Мо, кормандони  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкории гиромии худро ба ин пирӯзӣ аз таҳти дил ва самимона табрику муборакбод намуда, дар ҷодаи хидмат ба мардуми шарифи Тоҷикистон комёбиҳо таманно дорем.

ЗИНДАГИНОМАИ

МУХТАСАРИ  БАРОТОВ ТОҲИРХОН ҶӮРАЕВИЧ

Ӯ дар санаи 11 декабри соли 1965 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ба плангирии хоҷагии халқ (иқтисодчӣ)–ғоибона, соли 2002 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос–ғоибона хатм намудааст. Фаъолияти кории худро солҳои 1983 дар ноҳияи Ёвон оғоз намуда, солҳои 1984–1986 адои хизмати ҳарбӣ намудааст.

 Аз соли 1987 мудири хоҷагии “Тоҷикдорстройтрест”-и Вазорати роҳҳои автомобилгарди РСС Тоҷикистон,  сипас дар вазифаи муҳосиб ва сармуҳосиби ин сохтор фаъолият намудааст. Солҳои 1991–1993 сармуҳосиби Ширкати давлатии ҷумҳуриявии тиҷоративу истеҳсолии «Тоҷиклес», солҳои 1993–1998 директори ширкати истеҳсолии “Оламафрӯз” кор кардааст. Баъдан аз соли 1998 дар Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои саноат дар шаҳрҳои Москва, Душанбе ва Бишкек то соли 2001 дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа намудааст.

Солҳои 2000–2003 сардори намояндагии Корпоратсияи хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон, солҳои 2003–2005 директори Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази марка”-и Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2005–2010 соҳибкори инфиродӣ дар шаҳри Душанбе ва ҳуқуқшинос бо тариқи шартномавӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикхориҷакор”-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2010–2011 директори Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикхориҷакор”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2011–2016 соҳибкори инфиродӣ, адвокат ва узви Коллегияи адвокатҳои мустақили шаҳри Душанбе.

Аз моҳи апрели соли 2013 то ба ҳол сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма дорад.  Узви ҲХДТ, оиладор, соҳиби чанд фарзанд.  

Хадамоти  матбуотии  Маркази

тадқиқоти стратегиии   назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Чоп кунед