Рӯзи якуми марти соли ҷорӣ муовини  директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҷӯрахонзода Саодати Хурсанд  аз ҳавзаи интихоботии №13 ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои Душанбе аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзад пешбарӣ шуда буд. Инак, маълум гардид, ки  ӯ бо ҷонибдории аксари овози интихобкунандагон пирӯзӣ ба даст оварда, вакили Маҷлиси намояндагони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  интихоб гардид.

Мо, кормандони  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтар Ҷӯрахонзода Саодати Хурсандро  ба ин пирӯзӣ аз таҳти дил ва самимона табрику муборакбод намуда, дар ҷодаи хидмат ба мардуми кишварамон  барори кор ва комёбиҳои бешумор  таманно дорем.

                                                        ***

ЗИНДАГИНОМАИ МУХТАСАРИ ҶӮРАХОНЗОДА САОДАТИ ХУРСАНД

26 апрели соли 1973 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд ёфтааст.           

1990               Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №76-и шаҳри Душанберо хатм намудааст
19902000               Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, донишҷӯйи факултаи иқтисодиёт ва идора, ихтисоси иқтисодиёти миллӣ
20032004 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, аспирантура аз рӯйи ихтисоси иқтисодиёт
20032004                 Ed Net, USAID, CARANA, Академияи шабакаи маълумотӣ.  Курсҳои баландбардории ихтисос аз ҷониби NBA, ихтисоси идоракунӣ, курсҳои соҳибкорӣ дар соҳаи иқтисодиёти давлатҳои рушдкунанда, баҳисобгирии идоравӣ,  баҳисобгирии истеҳсолӣ, макроиқтисодиёт
2004  Ассотсиатсияи устодони фанҳои баҳисобгирӣ, курсҳои баҳисобгирии идоравӣ,  баҳисобгирии истеҳсолӣ, андоз ва андозбандӣ
2008   Кумитаи шаҳрии Душанбе доир ба мусоидат ба мудофиа ва омодасозии ронандаи  дараҷаи “В”
2011 Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия, сарфарозгардонӣ бо унвони илмии “номзади илмҳои иқтисодӣ” 
2013  Муассисаи давлатии федералии мухтори таълимии маълумоти олии касбӣ, филиали ДИТТ “МИСиС” дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи иқтисодиёт ва идораи корхонаҳои саноатӣ, машқи устодии “Истифодабарии технологияҳои электронии таълим  барои омодасозии иқтисодчиён ва менеҷерон”
2018 Донишгоҳи Амрико дар Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби Лоиҳаи “Посух ба ҷараёни муҳоҷират бо роҳи афзоиши иқтидор дар Осиёи Марказӣ”, марҳалаи 4-уми ИКАГМ ИМА (БНБМ–НММ США), омӯзиши минтақавӣ оид ба таҳия намудани курсҳои таълимӣ дар мавзӯи “Ҳуқуқи байналмилалӣ ва кумак ба бозгашти ихтиёрӣ ва реинтегратсия”
2018 Созмони байналмилалии муҳоҷират–Агентии СММ доир ба муҳоҷират, идораи байниминтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, USAID,  семинари омӯзишии “Ҳуқуқҳои инсон ва кирояи одилонаи қувваи кории хориҷа”
2018                                   Лоиҳаи миллии “Татбиқи стратегияи омодасозии касбии кадрҳо”, Гурӯҳи 20: Ҳамкории Созмони  байналмилалии меҳнат ва Федератсияи Русия, Семинари миллӣ дар мавзӯи “Беҳтарсозии низоми роҳбарияти дастаҷамъонаи низоми ТИК дар сатҳи минтақавии Ҷумҳурии Қирғизистон (дар мисоли вилояти Чуй)”.  
20002006                Омӯзгори калони кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон
20062010                Омӯзгори калони кафедраи менеҷменти Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон
2010–2011               Омӯзгори калони кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи  словянии Русиву  Тоҷикистон
2011–2013 Дотсенти кафедраи фаъолияти иқтисодии бурунмарзӣ ва идоракунии маъмурӣ
2013 Муовини декан  доир ба тарбия ва тарғиботи факултаи иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
2013–2014                    Мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат
2014–2020 Директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”
2020 то ба ҳол  Муовини директори МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Узви ҲХДТ, оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд.  

Хадамоти  матбуотии  Маркази

тадқиқоти стратегиии   назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Чоп кунед