ДУШАНБЕ, 09.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Нуфузи байналмилалии ҳар давлат на танҳо бо вазъи сиёсию низомӣ ва манобеи иқтисодӣ, балки бо зарфияту имконияти маънавию фарҳангии он низ муайян мешавад. Беваҷҳ нест, ки таблиғу тарвиҷи мероси фарҳангии мардуми худ дар хориҷ аз мамлакат аз авлавияти сиёсати хориҷии давлатҳои хурду бузург маҳсуб мешавад. Чунин изҳори назар намудааст муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Валиҷон Олимзода дар робита ба ворид шудани 9 ёдгории фарҳангии мамлакат ба Феҳристи асосии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва нақши Пешвои миллат дар рушди сайёҳӣ ва дипломатияи фарҳангӣ.
Дар зер фишурдаи маводро, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шуааст, пешниҳоди хонандагон мегардонем:
-Ёдгориҳои «Панҷакенти Қадим», «Шаҳраки Санҷаршоҳ», «Шаҳраки Ҳисорак», «Гардани Ҳисор», «Қалъаи Муғ», «Қум», «Тали Хамтуда», низоми обёрикунии «Тӯқсанкорез» ва мақбараи «Хоҷа Муҳаммади Башоро», ки дар Роҳи Бузурги Абрешим, дар долони «Зарафшон-Қароқум» ҷойгир мебошанд, нишонаи таърихи ғании ҳаёти моддӣ ва маънавии гузаштагони мо буда, дар маҷмуъ, саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайванданд.
Ёдовар мешавем, бо ташаббусҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори соҳавӣ қаблан, соли 2010 шаҳри бостонии Саразм ҳамчун объекти таърихӣ–фарҳангӣ ва соли 2013 Парки миллии Тоҷикистон ҳамчун ёдгории табиию фарҳангӣ ба Феҳристи асосии ЮНЕСКО (мероси моддии башарият) шомил гардида буданд. Ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ 12 сентябри соли 2020 дар сатҳи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ва иштироки намояндагони давлатҳои ҷаҳон ва намояндагони ЮНЕСКО таҷлил шуд.
Ба ҷуз ин соли 2003 мусиқии миллии мо «Шашмақом», соли 2009 — ҷашни миллии «Наврӯз», соли 2016 таоми миллии тоҷикон «Оши палав», соли 2018 либоси миллии (гулдӯзии) «Чакан», соли 2021 мусиқии миллии мо «Фалак» ба Феҳристи ЮНЕСКО — «Мероси фарҳангии ғайримоддии башарият» ворид гардидаанд.
Зимнан бояд тазаккур дод, ки 9 мавзеи таърихию фарҳангии Тоҷикистон, воқеъ дар долони «Зарафшон-Қароқум»- Роҳи Бузурги Абрешимро ЮНЕСКО ба рӯйхати муқаддамотии худ ҳанӯз ду сол пеш ворид намуда буд. Инчунин пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» ба Рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО пазируфта шуд.
«Ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф (ЮНЕСКО) таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад», — иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат 21 декабри соли 2021.
Мавриди тазаккур аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати хориҷии Тоҷикистонро, ки асоси онро «сиёсати дарҳои боз» ташкил медиҳад, аз сифр оғоз ниҳодаву поягузорӣ намуда ва ташаккул додаанд.
29 сентябри соли 1993 Сарвари давлат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон бо забони ноби тоҷикӣ сухан гуфта, ҷомеаи ҷаҳониро аз ҳадафҳои Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон огоҳ сохтаанд. Аз ин ҷост, ки 29 сентябр ҳамасола дар мамлакат тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» «Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ» (Рӯзи дипломатияи тоҷик) ҷашн гирифта мешавад.
Бо ибтикори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори аввал Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо имзои Сарвари давлат аз 27 январи соли 2015 тасдиқ шудааст. Ин санади сиёсие аст, ки принсипҳои асосӣ, ҳадафу вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо назардошти манфиатҳои миллии дарозмуддати мамлакат муайян ва танзим менамояд.
Дипломатияи фарҳангӣ навъе аз дипломатияи умумӣ ва қисмати ҷудонопазири «қувваи нарм» (soft power) дониста шудааст ва «табодули назар, иттилоот, осарҳои ҳунарӣ ва дигар аҷзои ташкилдиҳандаи фарҳангро байни давлатҳо ва аҳолии онҳо бо мақсади таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ дар бар мегирад».
Ногуфта намонад, ки имрӯз ибораи «дипломатияи фарҳангӣ» дар тамоми ҷаҳон маълуму машҳур гашта, ба заминаи мубориза барои ба даст овардани зеҳну қалбҳо ва маблағҳои пулӣ табдил ёфтааст. Дар замони муосири бархӯрди манфиатҳо, зиддият ва ноустувории сиёсӣ дар ҷаҳон дипломатияи фарҳангӣ аҳамияти торафт бештар касб менамояд.
Дар чунин шароит Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии оқилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар он мекӯшад, ки намодҳои ҷадиди маънавӣ ба вуҷуд оварда, арзишҳои бостонии таъриху фарҳанги худро эҳё намояд, рушду такомул бахшад ва онҳоро ҷиҳати муаррифӣ дар байни сокинони сайёра, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ба ин васила, таҳкими иқтидори молиявӣ ва нуфузи ҷаҳонии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон истифода барад.
Бояд гуфт, ки аз ҷиҳати ҳаҷми даромад ба буҷети давлатҳо соҳаи сайёҳии байналмилалӣ дар ҷаҳон баъди нафту газ ҷои сеюмро ишғол намуда, ҳамчун василаи ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ собит шудааст. Бино ба гузориши Ташкилоти ҷаҳонии сайёҳии СММ (UNWTO), соли 2022 дар саросари олам 963 миллион нафар гардишгарӣ намудаанд, ки даромади миёна аз соҳаи сайёҳӣ ба ҳар сари аҳолӣ 1051 доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар байни кишварҳо аз ҷиҳати вуруди сайёҳони байналмилалӣ Фаронса мавқеи аввал (80 млн нафар), Испания мавқеи дуввум (71,6 млн нафар), ИМА мавқеи сеюм (50, 8 млн нафар) ва Туркия мавқеи чаҳорумро (50,4 млн нафар) ишғол намуданд.
Таърихи пурғановату мероси бойи фарҳангӣ, табиати нодири серобуранг ва мавзеъҳои биҳиштосои давлатамон метавонанд ҳамчун заминаи устувор барои рушди ин соҳа хидмат намоянд ва Тоҷикистон дар оянда байни давлатҳои пешрафтаи сайёҳӣ ҷойгир гардад.
Таъмини сулҳу субот ва сиёсати «дарҳои кушод», ки роҳбарияти олии давлат пеш гирифтааст, ба тавсеи имконияти муаррифии арзишҳои миллӣ ва таҳкими иқтидори сайёҳии мамлакат мусоидат намуда, таваҷҷуҳи сокинони сайёра ба ватани биҳиштосо ва дорои таърихи куҳану пурғановати мо пайваста дар ҳоли афзоиш қарор дорад.
Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба мавқеи махсус дошта, то имрӯз давлати мо бо зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор намуда, узви даҳҳо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла, Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО 14 октябри соли 2021 чунин иброз дошта буданд: «Дар замони муосир, махсусан дар шароите, ки бархӯрди тамаддунҳо ва арзишҳои гуногуни фарҳангӣ торафт шиддат мегирад, омӯзиши амиқи таърих ва тарғибу ташвиқи мероси ғании таърихиву фарҳангӣ яке аз роҳҳои тарбияи таҳаммулпазирӣ мебошад. Воқеан, таърихи қадимаи халқи тоҷик ва мероси гаронбаҳои моддиву маънавии гузаштагони мо, аз ҷумла, ёдгориҳои таърихӣ бузургтарин мактаби худшиносӣ барои ҳар фарди ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон аст.
Мардуми мо аз замонҳои қадим то имрӯз ба ойину суннатҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодии худ арҷ гузошта, барои эҳёву ғановатманд гардонидани онҳо ва дар байни аҳли ҷомеа густариш додани маросиму ҷашнҳои бостонии хеш пайваста саъю талош менамоянд».
Бо назардошти ин ҳама Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳаи сайёҳӣ» ва «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид.
Дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои 2020 ёдгории таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла, 1278 асари бостонӣ, 300 асари меъморӣ ва 442 асари таърихию муҷассамавӣ мебошанд. Аз шумораи номбаршуда шаҳру шаҳракҳои қадимӣ – 220, конҳои қадимӣ – 83, қалъаҳо – 70, мақбара ва масҷидҳои таърихӣ – 110, катибаҳои рӯисангӣ – 43, тасвирҳои рӯйисангӣ –15, макон ва талу теппаҳои таҳқиқнагардида – 645 ададро ташкил медиҳанд.
Дар панҷ соли охир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 3,9 миллион нафар, аз ҷумла соли 2022 зиёда аз 1 миллион нафар сайёҳон ворид гардидаанд. Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо соли 2022 қариб 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 барои ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 давлати хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бераводид ҷорӣ намуд, ки ин раванд ба таври самаранок амалӣ шуда истодааст. Ҳамзамон бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби содакарда ҷорӣ гардидааст.
Бо мақсади пайдо намудани бозорҳои нав намояндагони бахши сайёҳии мамлакат дар калонтарин намоишгоҳҳои сайёҳию тиҷоратӣ ва ҳунармандии давлатҳои хориҷи дуру наздик иштирок намуда, захира ва имконияти сайёҳии мамлакатро ба дӯстдорони сайру саёҳати Тоҷикистон таблиғу ташвиқ менамоянд.
Ҳоло дар бозори хизматрасонии сайёҳӣ 246 ширкати сайёҳӣ, 191 меҳмонхона, 26 ҳостел (меҳмонхона) ва мотел (меҳмонхонаи канори роҳ барои ронандагон), 1 кемпинг (лагер) ва 5 пойгоҳи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият намуда, ба дӯстдорони сайру саёҳати кӯҳнавардӣ хизмат мерасонанд
Тавре маъмул гаштааст, марказҳои маъмуриву сиёсӣ ва пойтахтҳои давлатҳо барои рушди сайёҳӣ ва инкишофи он нақши ҳалкунанда ва муассирро доро мебошанд. Дар Тоҷикистон низ шаҳри Душанбе аз ҷумлаи шаҳрҳои сайёҳӣ барои сайёҳони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аст, ки тавонистааст ҳамаи нишонаҳои куҳани таърихӣ ва фарҳангии худро дар канори ободшавӣ ва сохтмони биноҳои замонавӣ ҳифз намояд.
Меҳмонони хориҷие, ки барои иштирок дар ҷашвораю ҳамоишҳои байналмилалӣ ба мамлакати мо меоянд, Тоҷикистонро ҳамчун сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз, дорои меваҳои шаҳдбор, соҳиби иқлими ҷолибу боду ҳавои тоза, дорои манзараҳои зебои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои мусаффо, ҳайвоноту набототи нодир ва урфу одати мардумии нотакрор, хуллас макони беҳтарини сайру саёҳат дарёфтанд.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз менамуданд, аз қабили «Наврӯз», «Меҳргон», «Сада», «Шашмақом», «Фалак», атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд. Хусусан солҳои охир таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ҳифзи забони давлатӣ, суннату арзишҳо ва либоси миллӣ зиёд шудааст.
Дар ин бобат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид таъкид намудаанд: «Моро зарур аст, ки анъанаҳои неки миллии худро эҳё намоем, ёдгориҳои таърихии худро ҳифз созем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад».
Моҳи октябри соли 2022 аввалин бор дар қитъаи Аврупо, дар Осорхонаи Гимеи Фаронса бо иштироки Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон намоиши нигораҳои сарзамини мо таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» баргузор шуд, ки дар он давоми се моҳ таъриху тамаддуни ғании миллати тоҷик, мавзеъҳои таърихии сарзамини мо дар асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунарии қадима ва нотакрори он муаррифӣ гардид.
Ба ибораи дигар, соҳаи сайёҳӣ, фарҳанг ва дипломатия дар маҷмуъ ба ҳам робитаи зич дошта, арзишҳо ва иншооти таърихию фарҳангӣ ва мероси маънавӣ ба рушди дипломатия ва сайёҳӣ, ҳамзамон ба густариши ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо ва давлатҳо мусоидат менамояд.
Валиҷон ОЛИМЗОДА,
муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
магистранти Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон