ДУШАНБЕ, 05.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Шурои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохунро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди самараноки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки дар пайи талошҳои пайгиронаи ҷонибҳо робитаҳои ду давлат ба сатҳи баланд расида, дар чаҳорчӯби шарикии стратегии ҳамаҷониба ба таври рӯзафзун густариш меёбанд.
Масъалаҳои мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва кибер-ҷиноятҳо аз мавзуъҳои мубрами мулоқот буданд.
Зарур шумурда шуд, ки сохторҳои дахлдори ду давлат бо назардошти вазъи ноороми байналмилалӣ ва зарурати таъмини сулҳу субот, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории амалиро тақвият бахшанд.
Дар идомаи суҳбат вазъи ҷории Афғонистон ва таъсири он ба минтақа мавриди мубодилаи афкори ҷонибҳо қарор гирифт.