ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Луи Женминро, ки барои иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории пурсамари Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии Созмон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим изҳори қаноатмандӣ карданд.
Қабули ҳашт қатъномаи марбут ба об бо иттифоқи оро аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмон, ташкил ва баргузории Конфронси дуюми байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” натиҷаи неку назарраси ин ҳамкориҳо номида шуд.
Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамоиши навбатии сатҳи баланд оид ба масоили об дар Душанбе ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои “Рӯзномаи 2030 барои рушди устувор”, вусъати амалҳо ва шарикии кишварҳо ҷиҳати саҳмгузорӣ дар қолаби Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, Рӯзномаи Амали Аддис-Абеба, Созишномаи Париж ва Барномаи нави шаҳрҳо мусоидати фаъол хоҳад кард.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин масоили иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии он, афзоиши аҳолӣ, мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза ва ҷалби маблағҳо ба ин самт муҳокима гардид.
Ҷонибҳо дар бораи ҳалли мушкилоти тағйирёбии даври гидрологӣ, истифодаи захираҳои обиву энергетикӣ, пешгирии офатҳои табиӣ, обхезиву хушксолиҳо, амнияти озуқаворӣ ва обшавии пиряхҳо табодули андеша карданд.
Дар мулоқот атрофи баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об, ки соли 2023 дар Ню-Йорк баргузор мегардад, инчунин дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.