ДУШАНБЕ, 17.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Хоруғи Боло бинои дуюми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро ифтитоҳ намуданд.
Ин иншоот туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони шаҳри Хоруғ дар арафаи соли нави хониш мебошад.
Тибқи лоиҳа, муассисаи таълимӣ аз се бино иборат буда, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Бинои якуми мактаб 21 августи соли 2020 аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд.
Акнун дар арафаи 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бинои дуюми он чун армуғони идона ба сокинони шаҳри Хоруғ эҳдо гардид.
Бинои сеюми муассисаи таълимӣ дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таълимӣ пурра бо аёнияти дарсӣ ва технологияи муосири дарсӣ таъмин шудааст.
Дар бинои дуюми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 12 синфхона ва 9 ҳуҷраи методӣ-фаннӣ, инчунин ду толори омӯзиши мусиқӣ, як толори омӯзиши рассомию кандакорӣ ва як синфи фанни информатика, ҳуҷраҳои бойгонӣ ва ҳамшираи шафқат сохта шудаанд.
Дар маҷмуъ, ду бинои ин муассисаи таълимии муосир дорои 32 синфхона ва 13 ҳуҷраи гуногун барои омӯзиши ҳунарҳо ва компютер мебошад. Дар ин муассисаи таълимӣ 55 компютер мавҷуд мебошад, ки барои омӯзиши ҳамаҷонибаи хонандагон басанда аст.
Дар муассисаи муосири таълимӣ 29 омӯзгор ба таълиму тарбияи 345 хонанда машғул мебошанд.
Мавриди тазаккур аст, ки бинои кӯҳнаи мактаб дар шаҳри Хоруғ соли 1958 бунёд шудааст. Бо гузашти солҳо иншоот фарсудаву таъмирталаб гардида, шароиту имконияти илмомӯзӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набуд. Вобаста ба ин, бо дастури Пешвои миллат дар заминаи мактаби пешина бунёди муассисаи таълимии нав ба нақша гирифта шуд. Давоми чор соли охир дар ҷойи бинои кӯҳна барои омӯзгорону толибилмон беҳтарин ва муосиртарин шароити кор ва илмомӯзӣ фароҳам оварда шуд.
Дар фасли зимистон биноҳои муассиса бо гармӣ таъмин мебошанд.
Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шариф Ш.С.” ба анҷом расониданд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Намои берунии муассисаи таълимӣ бисёр зебо мебошад. Он бо тарҳи меъмории тоҷикона ва аврупоӣ сохта шуда, дар ороиши намои берунии он сангҳои маҳаллӣ истифода гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба коргарону сохтмончиён барои анҷоми муваффақонаи кор дар муҳлати муайяншуда изҳори сипос намуданд.
Зимни шиносоӣ бо шароити Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 Пешвои муаззами миллат толибилмонро ба истифодаи босамари имконияти фароҳамоварда ва омӯзиши амиқи илму донишҳои замонавӣ ҳидоят намуданд.
Ҳайати омӯзгорону хонандагон барои фароҳам овардани чунин шароити созгори таълимӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.
Мавриди тазаккур аст, ки хонандагони ин муассиса аз фанҳои дақиқ дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Толибилмону омӯзгорон ҳамаи комёбиҳои худро аз ғамхориҳои доимии Пешвои муаззами миллат медонанд.
Баъди ифтитоҳи бинои нави мактаб дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи бунёди ду муассисаи таълимии дигар ва Беморхонаи марказии шаҳр шинос гардиданд.
Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 барои 240 хонанда пешбинӣ гардидааст. Ин муассиса дар заминаи бинои мактаби кӯҳна, ки соли 1938 ба тариқи ҳашар сохта шуда буд, бунёд мегардад. Мактаби имрӯза, воқеъ дар Маҳаллаи Ниводаки шаҳри Хоруғ аз 8 синфхона ва ду ҳуҷраи иловагӣ иборат мебошад. Бунёди муассисаи нави таълимӣ имконият фароҳам меорад, ки кӯдакону наврасони Маҳаллаи Баракат ва деҳоти ба шаҳри Хоруғ наздики ноҳияи Шуғнон дар он ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 барои 430 хонанда пешбинӣ гардидааст. Ин муассисаи таълимӣ низ дар заминаи мактаби кӯҳнаи Маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ, ки соли 1928 ба тариқи ҳашар бунёд ёфтааст, сохта мешавад.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат ҳамчунин бо лоиҳаи бунёди Беморхонаи марказии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд.
Тибқи лоиҳа, беморхона аз 6 ошёна иборат буда, бо дарназардошти талаботи муосири соҳавӣ бунёд хоҳад ёфт. Дар баробари сохтмони бинои асосӣ ҳамчунин бунёди иншооти ёрирасон, аз ҷумла, дегхона, анбори сӯзишворӣ ва зеристгоҳи барқӣ дар назар дошта шудааст.
Беморхонаи мазкур барои 200 кат пешбинӣ гардида, дар он барои муоинаву муолиҷаи беморон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.
Сарвари давлат ба масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин ба ташкилоту идораҳои сохтмонӣ дастур доданд, ки иншоот дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд сохта, мавриди истифодаи мардум қарор дода шавад.