ДУШАНБЕ, 15.08.2023 /АМИТ «Ховар»/15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз Корхонаи истеҳсоли макарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рател Паста»-ро ифтитоҳ намуданд.

Корхонаи истеҳсоли макарон дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 35-cолагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) бо мақсади таъмин намудани бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бо 12 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Аксари коргарони корхона занону духтарони маҳаллӣ мебошанд, ки қаблан хонанишин буданд.

Дар корхонаи нави саноатӣ аз навъҳои гандум ва орди аълосифат бо шаклҳои гуногун беш аз 10 намуди макарон истеҳсол шуда, дар борхалтаҳои аз 450 то 900 грамм бастабандӣ мешавад.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 3,6 тонна макарони босифат мебошад. Корхона имкон дорад, ки дар як моҳ 75,6 тонна ва дар як сол қариб 1000 тонна макарон истеҳсол намояд.

Раванди истеҳсоли макарон тавассути хати муосири технологӣ аз тайёр кардани хамир, башаклдарорӣ, буридани маҳсулоти хом, хушк сохтан, ҷудо намудан ва бастабандӣ намудан иборат мебошад. Ин раванд давоми 45 дақиқаро дар бар гирифта, дар натиҷа макарони аълосифат истеҳсол мегардад.

Масоҳати бинои истеҳсолӣ 350 метри мураббаъро дар бар гирифта, дастгоҳу таҷҳизоти корхонаи навбунёд аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ ва насб гардидаанд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рател Паста” дар ноҳияи Дарвоз аз ҷумлаи аввалин корхонаҳои саноатӣ аст, ки ба истеҳсоли макарон шуруъ намуд.

Ин навъи маҳсулоти ғизоӣ ивазкунандаи воридот буда, талаботи аҳолӣ ба он зиёд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо имконоти корхонаи саноатӣ ба сифати маҳсулоти хӯрокворӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот ва ба содирот баровардани истеҳсолоти ватанӣ ба масъулон маслиҳат ва тавсияҳои судманд доданд.

khovar.tj

Чоп кунед