ДУШАНБЕ, 07.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. 7 июн дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028” иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори ҳамоиши сатҳи баланд, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор гардид, роҳбарон ва намояндагони воломақоми як қатор кишварҳо, инчунин коршиносони созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Баъзе сарони давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ба таври маҷозӣ дар кори Конфронси оби Душанбе иштирок карданд.

Ҷараён ва натиҷаҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 — 2028”-ро шумораи зиёди хабарнигорони дохил ва хориҷ инъикос намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳошияи конфронс Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор иштирокчиёни Конфронс мулоқот карда, масоили ҳамкории дуҷониба ва ҷараёну натиҷаҳои ҳамоиши сатҳи баланд оид ба обро муҳокима намуданд.

Ҳамчунин шуруъ аз 6 июн дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронс форумҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо марбут ба обу иқлим дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шуд.

Як гурӯҳ меҳмонон, аз ҷумла Пешвоёни Эътилоф оид ба об ва иқлим дар шаҳрҳои Норак ва Роғун бо захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон, аз ҷумла пиряхи Федченко ва кӯли Сарез шинос шуданд.

Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028” бо маросими аксгирии меҳмонон, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои хориҷ дар долони пурнақшу нигори Кохи Сомон оғоз гардид.

Кори ҳамоиши сатҳи баландро бо сухани муқаддимавӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ифтитоҳ карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокчиёни конфронсро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Сарвари давлат ба роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид, сохторҳои марбута, бахусус, аъзои Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе ва дигарон барои кумаку дастгириашон дар раванди тадорукот ва баргузории ин Конфронс изҳори сипоси амиқ намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои конфронс дар пешбурди кори Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023, ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад гашт, саҳми муассир мегузорад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи 20 соли талошҳову ташаббусҳо оид ба ҳалли мушкилоти об дар сайёра ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ташаббусҳои ҷаҳонии “Соли байналмилалии оби тоза — 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, 2005 — 2010” ва “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об — 2013” ба ҳамкории фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар самти мудирияти оқилонаи захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи об, инчунин, дар амалисозии фанноварию навовариҳои муосир мусоидат намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши ташаббуси чоруми Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар татбиқи ҳадафҳои байналмилалӣ андешаронӣ карда, бо итминон изҳор доштанд, ки ба шарофати ҳамкорӣ ва густариши шарикӣ дар қолаби Даҳсола рӯйкарду равишҳо барои татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувори вобаста ба захираҳои об ва беҳдошт дарёфт хоҳанд гардид.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни конфронсро ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он, обшавии пиряхҳо, ҳифзи муҳити зист, таъсири ҳамагирии КОВИД-19 ба иқтисоди кишварҳо, афзоиши аҳолии сайёра, мушкилоти дастрасии одамон ба оби тоза, вазъи беҳдоштӣ, таъмини солимии ҷомеаи ҷаҳон, истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои гуногун ба кишварҳо, ҷалб карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамчунин оид ба натиҷаҳои нишасти пешвоёни Эътилофи обу иқлим дар Душанбе, баррасии масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, андешидани тадбирҳо баҳри расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, нақши об дар тавлиди “нерӯи сабз”, масъалаи маблағгузории кишварҳои тараққикардаи олам ва ниҳодҳои молиявӣ барои дастрасии ҳамагонӣ ба оби ошомиданӣ ва шароити зарурии беҳдошт, андешаронӣ карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охир аз зарурати баргузории Конфронси Душанбе дар раванди омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 ёдовар шуда, бо итминон изҳор доштанд, ки ин чорабинӣ барои ҳамоҳангсозӣ ва ба ҳам пайвастани натиҷаҳои чорабиниҳои дигари байналмилалӣ, аз ҷумла Муколамаи Бонн, Форуми 9-уми ҷаҳонии об, Саммити 4-уми оби Осиё ва Уқёнуси Ором дар ҳамбастагӣ бо чорабиниҳои дарпешистода — Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва Конфронси 27-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмон оид ба тағйироти иқлим ва дигар чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ ба ин ҳамоиши муҳимми байналмилалӣ хизмат мерасонад.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори конфронс муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад, Президенти Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (ECOSOC), Намояндаи доимии Ботсвана дар СММ Колен Виксен Келапиле, муовини Дабири кулли СММ, дабири кулли Конфронси СММ оид ба масъалаҳои марбут ба об дар соли 2023 ва ҳамраиси Конфронси дуюми Душанбе Лю Чженмин, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Роман Скляр, муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Муҳаммадгулӣ Муҳаммадов, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Шуҳрат Ғаниев, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба муҳити зист Синкявичюс Виргиниюс, ноиби Президенти Бонки осиёгии рушд Шиксин Чен, ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуман, Директори глобалии бахши соҳаи оби Бонки ҷаҳонӣ хонум Ҷеннифер Сара, варзишгари австралиягӣ хонум Мина Гули ва намояндаи ҷавонон, шаҳрванди Чад Дионнон Биенвину суханронӣ карданд.

Баромадкунандагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббусҳои ҷаҳонии обу иқлим, дар сатҳи баланд ташкилу баргузор кардани Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 — 2028” изҳори сипос карда, пешсафии Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷодаи ҳалли мушкилоти марбут ба об ва иқлим дар арсаи олам махсус қайд карданд.

Дар рафти конфронс Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рютте ва  Абдулло Шоҳид — Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо навори видеоӣ ба иштирокчиёни ҳамоиш муроҷиат карданд.

Онҳо ба Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои талошҳову ташаббусҳо, ҳамкории пурсамар бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин ҳамраисӣ бо Шоҳигарии Нидерланд ҷиҳати ҳалли масоили марбут ба обу иқлим, изҳори миннатдорӣ карданд.

Бо ҳамин, қисмати якуми кори Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028” хотима ёфт.

Нимаи дуюми рӯз кори Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028” дар ҷаласаи пленарӣ бо иштироки роҳбарони ҳайатҳо ва коршиносони байналмилалӣ идома меёбад.

khovar.tj

Чоп кунед