ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи мураккаби ҷаҳон оид ба масъалаҳои таъмин намудани рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ, натиҷагирӣ аз иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҳукумати мамлакат ва раванди ободкориву созандагӣ дар назди роҳбарону фаъолони вилояти Суғд вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Таъкид гардид, ки буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархҳои ҷаҳонӣ ба аксари намудҳои молу маҳсулот, бахусус, маҳсулоти озуқаворӣ ва илова бар ин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар қатори дигар давлатҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонида истодаанд.

Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти вобаста ба он – камобии шадид ва хушксолӣ, норасоии маҳсулоти озуқа қариб дар тамоми кишварҳои олам, кам шудани истеҳсоли ғалладона дар мавсими солҳои 2022-2023, манъ ё маҳдуд кардани содироти маҳсулоти озуқа аз кишварҳои истеҳсолкунанда ва мушкилоти дигар, аллакай, боиси ба миён омадани хатари гуруснагӣ дар даҳҳо кишвари сайёра гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар чунин шароити ҳассос таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ташкил кардани захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила ва пешгирӣ кардани болоравии беасоси нархҳо, исрофи озуқаворӣ ва риояи талаботи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” вазифаи ҷонии роҳбарони вазорату идораҳо, аз ҷумла роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини фаъолияти муназзаму устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ, идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда ва ҷалби сарчашмаҳои иловагии рушд дар назди роҳбарону масъулони вилоят вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Барои расидан ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, татбиқи барномаҳои рушди соҳавӣ ва маҳаллӣ зарур шумурда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили вазъи иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ таъкид намуданд, ки ҳарчанд суръати рушди иқтисодӣ дар кишвар дар нимсолаи якуми соли 2022 дар сатҳи 7,4 фоиз таъмин гардид, аммо ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,3 банди фоизӣ паст мебошад.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои сифатнок ва саривақтии лоиҳаҳои дар барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои солҳои 2021-2025 пешбинишуда супориш дода шуд, ки банақшагириро барои оянда воқеъбинона, бо дарназардошти ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ва риояи принсипҳои “иқтисоди сабз” ба роҳ монанд.

Ба роҳбарону фаъолони вилоят вобаста ба ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳо, татбиқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ дастурҳо дода шуд.

Таъкид гардид, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳо “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 1-уми июли соли 2022 тасдиқ гардид, дар вилояти Суғд бунёди 12 130 иншооту биноҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ пешбинӣ шудааст.

Барои иҷрои нақшаҳои тасдиқшуда роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он аз Сарвари давлат дастур гирифтанд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳафт моҳи аввали соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии вилоят 5,5 миллиард сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи гузашта 12 фоиз зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки ҳарчанд майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар сатҳи соли гузашта иҷро шудааст, вале тибқи натиҷаҳои ченаки назоратӣ иҷрои дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии вилоят дар майдони 3,2 ҳазор гектар ва пахта 1,8 ҳазор гектар таъмин нагардидааст.

Аз ин лиҳоз, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо истифода аз ҳама захираву имкониятҳо, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигию президентӣ зиёд намудани кишти такрориро аз ҳисоби шолӣ, маккадон, лӯбиёгиҳо ва картошка таъмин намоянд.

Барои вайронкунии қонунгузории замин, ки дар вилоят 3100 ҳолатро ташкил медиҳад, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо оид ба замин тадбирҳои қатъӣ андешида, ҳолатҳои дар ин самт ошкоргардидаро фавран бартараф намоянд.

Роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки доир ба ташкили фермаҳои чорводорию парандапарварӣ, инчунин, ташкили хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар минтақаҳои мусоид ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳаҳои зикршуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Тибқи маълумот ҳоло дар ҳудуди вилоят 36 сардхона бо иқтидори умумии 8700 тонна мавриди истифода қарор дорад, ки барои пурра таъмин намудани эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ ҳанӯз кофӣ нест.

Ҳамчунин, дар вилоят 476 гармхона ба масоҳати 25 гектар фаъолият дорад, ки ин нишондиҳанда низ ҳанӯз кам мебошад. Зарур шумурда шуд, ки таҷрибаи муосири бунёди гармхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар онҳо омӯхта шуда, тарзу усул ва истифодаи технологияҳои пешқадам васеъ ҷорӣ гардад.

Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ барои мунтазам бо маҳсулот таъмин намудани бозори дохилӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар чораҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

Барои дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода муҳтоҷиву танқисӣ накашидани аҳолӣ ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи ғизоӣ роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бояд омодагии ҳар як оиларо назорат кунанд ва аз натиҷаи корҳо дар ин масъала то 1 октябри соли 2022 ба Президенти мамлакат ахборот пешниҳод намоянд.

Дар нимсолаи якуми соли 2022 ба вилоят ҳамагӣ 83 миллион доллар сармояи мустақими хориҷӣ ворид шудааст, ки беш аз 95 фоизи он танҳо ба шаҳри Гулистон рост меояд. Яъне ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят сармояи мустақими хориҷӣ умуман ворид нашудааст, ки чунин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад.

Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ба ин васила ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим корро тақвият бахшанд.

Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ вазифадор шуданд, ки барои таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзноку дарозмуҳлат ва афзоиш додани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар натиҷаи чораҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии соҳибкорӣ ва рушди соҳаи саноат дар ҳафт моҳи аввали соли 2022 дар вилояти Суғд 90 корхонаву коргоҳҳои нав бо 2100 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 фоиз афзоиш ёфта, ба 12,9 миллиард сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нишондиҳанда беш аз 58 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишварро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди он ки дар вилояти Суғд қариб 40 фоизи ҳаҷми умумии пиллаи кишвар истеҳсол карда мешавад, солҳои охир коркарди он дар ҳудуди вилоят кам ба назар мерасад.

Дар ҳафт моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли пилла дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 фоиз коҳиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳа истеҳсолкунандагонеро, ки ба коркарди пилла, матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии аз онҳо истеҳсолшаванда машғуланд, аз тамоми андозҳо озод намудааст.

Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки бо мақсади татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар фаъолияти худро доир ба ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ вусъат бахшанд.

Вазорати саноат ва технологияҳои  нав ҳамчунин вазифадор гардид, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сармоягузорон барои ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва барқарор кардани фаъолияти корхонаҳои азкормонда тадбирҳои қатъӣ андешида, ҷиҳати рушди содироти маҳсулот чораҷӯӣ намояд.

Тибқи ҳисоботи оморӣ ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаву коргоҳҳои вилоят дар ҳафт моҳи аввали соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи миқдор 1,7 баробар ва аз рӯи арзиш 39 фоиз афзоиш ёфтааст, аммо сатҳи таъминнокӣ бо он ҳамагӣ 26 фоиз мебошад, ки қонеъкунанда нест.

Бинобар ин, роҳбарони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор шуданд, ки ҷиҳати ислоҳи ин камбудӣ чораҳои фаврӣ ва қатъӣ андешанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва соҳибкорону сармоягузорон барои рушди соҳаи коркарди пӯст, бамаротиб афзоиш додани истеҳсоли пойафзол ва дигар маҳсулоти чармӣ супориш доданд, ки фаъолияти корхонаҳои амалкунандаро ҷоннок намуда, ҳамзамон бо ин, корхонаҳои азкормондаро фавран барқарор созад ва доир ба ташкили корхонаҳои нав чораҷӯӣ намояд.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор рушди соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозиро бо ворид намудани технологияҳои муосир ва истифодаи ҳарчи бештари захираҳои ашёи хоми вилоят таъмин карда, ба ин васила ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашударо афзоиш диҳанд.

Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ба рушду тараққиёти ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд мусоидат карда истодааст ва дар ояндаи наздик шаҳру ноҳияҳои вилоят боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии сокинон хеле беҳтар мегардад.

Вале барои расидан ба ҳадафҳои нек истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии вилоят зарур аст, ки ин раванд пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии роҳбарону фаъолони вилоят ва кулли сокинони он вобаста мебошад.

Дар ин раванд, Сарвари давлат ҳамаи роҳбарон, шахсони масъул ва фаъолонро ҳушдор сохтанд, ки бо мақсади таъмин намудани амнияти давлату ҷомеа корро дар самти мубориза бо ҳама гуна таҳдиду хатарҳо ва ҷинояткориҳо, пеш аз ҳама, терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва хурофотпарастӣ ба таври қатъӣ пурзӯр карда, ба масъалаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин, кумак ба онҳо муносибати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини сохторҳои дахлдор барои омодагии муассисаҳои таълимӣ, инчунин, ба мавсими тирамоҳу зимистон тайёр кардани муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ дастуру супоришҳо доданд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар, амалисозии нақшаву ниятҳои созандаи Роҳбарияти давлату Ҳукумат Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, директори ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” Абдумуталиб Абдуллоев, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, раисони шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Гулистон, Вазири кишоварзӣ Саъдӣ Каримзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода, сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Маъруфҷон Шарифиён ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳисобот доданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ватандӯсту матиниродаи вилояти Суғд, бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта гардонида, ҷашни бузурги 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд   12.08.2022

khovar.tj

Чоп кунед