ДУШАНБЕ, 22.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. 22 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Парламенти Аврупоро бо роҳбарии Давид Макаллистер ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии ҷонибҳо баррасӣ карда шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз мавқеи хосаи Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни рушду тавсеа ва сатҳи имрӯзаи муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятиву фарҳангӣ, инчунин дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо нақши Парламентҳоро дар рушду тавсеаи муносибот муҳим арзёбӣ карда, аз саҳми назарраси Комиссия ва Кумитаи ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон — Иттиҳоди Аврупо дар раванди тақвияти ҳамкории дарозмуддати ҷонибҳо ёдовар шуданд.
Сарвари давлат дастгирии Тоҷикистонро аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар давраи авҷи пандемия қадрдонӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои умдаи муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ карда, оид ба истифодаи имконоти васеи ҳамкории судманд дар соҳаҳои мухталифи тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ табодули андеша намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои татбиқи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 ва Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» аҳаммияти хосса зоҳир карданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин вазъияти имрӯзаи Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор дода, атрофи дигар масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва глобалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ, баррасӣ гардида, идомаи шарикии ҷонибҳо дар чорчӯбаи барномаҳои БОМКА ва КАДАП зарур шумурда шуд.