Ҳамеша дар айёми барои мардум сангину душвор дар қатори ашхоси нексигол ва хайрхоҳ мутаассифона афроди бадгуҳар ва бадкуниш аз худ дарак медиҳанд ва бо афкору аъмоли фитнаангезашон мехоҳанд суботи кишвар ва осудагии мардуми онро халалдор созанд.
Дар ин рӯзҳо, ки бояд дар атрофи Ҳукумат муттаҳид буд, то сарҷамъона дар мубориза бо вабои аср пирӯз гардем, Шарофиддин Гадоев аз хориҷи кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дурӯғеро паҳн сохтааст, ки гӯё Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бемор шуда ва гӯё бо ҳавопаймо ба Олмон бурда шудаанд.
АМИТ «Ховар» барои посух додан ба ин дурӯғи шохдор* ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА муроҷиат намуд.
— Ин хабаре, ки аз ҷониби бадхоҳони миллат, амсоли Шарофиддин Гадоев, дар Фейсбук, Ютуб ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шудааст, ҳеҷ асосе надорад, — иброз дошт Абдуҷаббор Раҳмонзода. — Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои душвор дар ҷои кор ва дар фикри беҳдошти вазъи баамаломада ҳастанд ва касоне, ки ҳамроҳашон кор мекунанд, аъзои Ҳукумати мамлакат, шаҳрвандони кишвар инро мебинанду медонанд.
Дар зимни ин каззоб ин нотавононбинон ҳатто ширкати Ҷаноби Олиро дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30 апрел зери суол бурдаанд, вале ҳамаи аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабарнигорону наворбардорон, ки шоҳиди бевоситаи иштироки Пешвои миллат дар ин ҷаласа буданд, акнун бори дигар фаҳмиданд, ки Шарофиддин Гадоев, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслакони онҳо чӣ касоне ҳастанд.
Сарвари давлати мо ҳатто дар рӯзҳои аз ин ҳам душвортару сангинтар, чи дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва чи баъди он, дафтари кории худро тарк накарда ва ҳамроҳи мардуми худ буданд, ҷони худро ба кафи даст гирифта, ба нуқтаҳои доғу ноамн рафтаанд, то ки Тоҷикистонро аз гирдоби балоҳо берун кашанд ва мардуми шарифи кишвари худро ба рӯзи неку осуда расонанд.
Дурӯғу каззоби ин мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон аз «муқтазои табиаташон» (ишора ба як ҳикояти Саъдӣ. – тавзеҳи АМИТ «Ховар»), аз ночорӣ ва мағлубияташон дарак медиҳад, зеро, тавре Асадии Тӯсӣ фармудааст: «Дурӯғ гуфтан зи бечорагист».
Ҳамзамон бояд рӯшанӣ андозем, ки ҳавопоймои Gulfstream G-III-и ширкати Phoenix Air, ки Гадоев ва ҳамравонаш аз он ном бурда ва аз парвози он ба Душанбе дар ҳоли қатъи парвози ҳавопаймоҳо изҳори тааҷҷуб намудаанд, бо иҷозати Ҳукумати мамлакати мо шаби 3 май кумакҳои башардӯстонаи хайрхоҳони миллатамонро аз Олмон ба Тоҷикистон овард.
Дар ин рӯзҳои барои аҳолии кишварамон душвор Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳар рӯз чанд маротиба бо роҳбарияти Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус вомехӯранд, аз онҳо маълумотҳои фаврӣ мегиранд ва дар асоси онҳо тасмимҳо мегиранд. Сарвари давлат ҳамарӯза аз дафтари кориашон тавассути телефон бо роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат суҳбат мекунанд, аз саломатии мардум дар маҳалҳо пурсон мешаванд, ҷиҳати андешидани тадбирҳои пешгирии ин вабои аср ва ҳамзамон вусъат додани корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо медиҳанд.
Ман аз мардуми шарифи Тоҷикистон даъват мекунам, ки дар ин рӯзҳо ҳама дар атрофи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат бояд муттаҳид гардем, то ки ҳама якҷоя, бо кӯмаку ҳамдастӣ ва ҳамоҳангиву муттафиқӣ кишварамон ва мардуми азизамонро аз ин гирдоби бало берун бикашем.
___________________________________________________
*Дурӯғи шохдор – дурӯғест, ки аз чаҳор ҷониб «шохҳояш» намудор аст ва дурӯғгӯйро мулзам ва шарманда мегардонад.
Бознашр: АМИТ “Ховар”