Тибқи иттилои бахши матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 15-уми августи соли равон сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистони биҳиштосо Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз гардид. Мақсади асосии сафари роҳбарияти Олии кишвар шиносоӣ аз рафти тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боздид аз дастовардҳои мардуми заҳматқарин ва суҳбату мулоқот бо сокинони вилоят мебошад.

Сафари кории роҳбарияти давлат аз ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оғоз ёфт.

Истиқболи самимии мардум аз Пешвои миллат, дилҳои саршор аз меҳру муҳаббати самимӣ ба Ватан, дастовардҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт аз суботу пешравии ин ноҳия далолат медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз нахуст, аз ҷараёни корҳои таҷдиду азнавсозии қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб-Ванҷ, сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон” дар доираи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма-сарҳади Чин боздид намуданд.

Ин қитъаи роҳ 109 километрро дар бар гирифта, ҳудуди ноҳияи Дарвоз ва Ванҷро убур мекунад. Он аз байни қаторкӯҳҳои Дарвоз гузашта, дар миқёси ҷумҳурӣ роҳи душворгузар маҳсуб меёбад ва солҳои тӯлонӣ таъмири асосиро надидааст.

Ҳадаф аз таҷдиду азнавсозии роҳи “Қалъаихумб – Ванҷ, сарҳади маъмурии ноҳияи Рӯшон” таъмини бехатарӣ ва ҳаракати муътадили воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ барои кашондани молҳои ниёзи мардум дар ҳама фасли сол, таъмини ҷойҳои корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Бо таҷдиду азнавсозии масири мазкур рафтуомади доимии сокинон таъмин мегардад ва интиқоли молу маҳсулот афзоиш хоҳад ёфт.

Боиси зикр аст, ки дар ноҳияи Дарвоз даҳҳо нафар нобиғаҳо, шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ба камол расида, дар рушду пешрафти Тоҷикистон нақши босазо гузоштаанд.

Дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз “Майдони ромишгарон”, ифтитоҳ гардид, ки макони хуби истироҳатӣ барои сокинону сайёҳон хоҳад гашт. “Майдони ромишгарон” дар даромадгоҳи асосии ноҳияи Дарвоз ҷойгир буда, дар он пайкараҳои Акашариф Ҷураев-ҳунарманди халқии Тоҷикистон, арбоби санъати тоҷик, Борбади Марвазӣ-ромишгари классики тоҷику форс ва Абдулло Назрӣ – ҳунарманди халқии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Ифтитоҳи меҳмонхонаи “Дарвоз Континентал” дар ноҳияи Дарвоз, ифтитоҳи бинои Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Дарвоз, Муаррифии лоиҳаи бинои нави Беморхонаи марказӣ гувоҳи рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Дарвоз ба шумор меравад.

Ноҳияи Дарвоз дар дараи рӯди Панҷ ва кӯҳсори Дарвоз ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Сангвор аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ғарб ва ҷанубу ғарб — бо ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар шарқ — бо ноҳияи Ванҷ аз ноҳияҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дар ҷануб — бо вулусволиҳои Нусай, Шикай, Хоҳон ва Кӯфоби вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст.

Ба хотири ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, таъмини бехатарии аҳолӣ дар ноҳияи Дарвоз 15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидбонгоҳи сарҳадии “Қалъаи Хумб”-ро ифтитоҳ намуданд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа баҳри пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум фаъолияти худро ба роҳ монда, марҳила ба марҳила дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ соҳиби биноҳои наву замонавӣ гардида истодааст. Санаи 15 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвозро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шудааст, ҳамзамон саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад. Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва ранги ҶДММ “Шимшо” (Shimsho) дар ноҳияи Дарвоз, ба истифода додани корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ “Рател Паста” дар ноҳияи Дарвоз аз рушди саноат ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар ин ноҳия гувоҳӣ медиҳад.

Маҷмааи сайёҳию истироҳатии “Чорчаман” яке аз мавзеҳои сайёҳии Тоҷикистон ба шумор рафта, обҳои мусаффои аз дили куҳсорону миёни сангҳо ҷорӣ гаштааш диққати ҳар як сайёҳи дохилию хориҷиро беихтиёр ҷалб менамояд. Дар доираи сафари кории роҳбарияти мамлакат ба ин макон, намоиши дастовардҳои сокинони ноҳияи дарвоз ба ҳусни макон ҳусни дигаре зам намуд. Дар растаҳои алоҳида маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Дарвоз, аз қабили калсит ва маводи аз он истеҳсолшаванда, санги мармар, маҳсулоти пластикӣ, бомпӯш, рангҳои ороишӣ, маҳсулоти қаннодӣ, ордӣ ва меваю сабзавоти хушки бо сифати баланд ва замонавӣ бандубастшуда, обҳои ташнашикан армуғонҳо ва ғайра ба маъраз гузошта шуд.

Дар ҷараёни боздид, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти дар ноҳияи Дарвоз истеҳсолшаванда, аз ҷумла ба тарзи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори байналмилалӣ банду баст шудани меваю сабзавот баҳои баланд дода, барои тарғиби бештари намудҳои гуногуни ин номгӯи маҳсулот ба масъулон дастури мушахас доданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои сокинони шарафманди ноҳияи Дарвозро назаррас арзëбӣ карда, истифодаи самараноку оқилонаи имкониятҳои табиии мавҷударо амри муҳим шумурданд.

“Бо қаноатмандӣ иброз медорам, ки мардуми ватандӯсту заҳматқарини ноҳия бо шукргузорӣ аз неъмати озодиву соҳибихтиёрӣ ва сулҳу оромӣ дар ҷодаи ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ содиқона кору фаъолият карда истодаанд.

Мо имрӯз дар маросими ба фаъолият оғоз кардани якчанд иншооти навбунёд, аз ҷумла як муассисаи муосири таълимӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ва иншооти дигар ширкат кардем ва барои сохтмони бинои беморхонаи марказии ноҳия санги асос гузоштем.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон намоям, ки ҳамаи ин ободиҳо самараи заҳмати содиқонаи мардуми ноҳия мебошад”-қайд намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз.

Хулоса, сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 15 августи соли 2023 ба ноҳияи Дарвоз дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарвоз нақши муассире гузошт.

Шаҳноза Нусратова,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед