ДУШАНБЕ, 10.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 як силсила масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат ҳамаҷониба таҳлил ёфта, барои рушди устувори ҳар соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шудаанд. Он барномаи мушаххаси рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии Тоҷикистон, нақшаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Чунин иброз намудааст муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар мақолааш дар робита ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ.
— Аз нигоҳи мазмун ва муҳтаво Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мавзуъҳоеро дар бар мегирад, ки барои рушди устувори мамлакат ва таъмини зиндагии сазовори мардум аҳамияти муайянкунанда доранд. Мавзуъҳое, ба монанди таҳлили равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, вазъияти рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии мамлакат, масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ дар мамлакат, дастовардҳо ва сиёсати иҷтимоии давлат, таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити муосир аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар қатори бисёр масъалаҳои дигар муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро ташкил медиҳанд.
Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз усулҳои таҳлил ва муқоиса бештар истифода намуда, ҳолати рушди давлат, дастовардҳои ноилгардида ва дурнамои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлил ва муқоиса қарор доданд. Чунин тарзи таҳлил ва ифодаи муқоисавии дастовардҳо нишони он аст, ки сиёсатгузориҳои арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои алоҳидаи ҷомеа огоҳона, илмӣ ва воқеъбинонаю оянданигарона мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми ба Маҷлиси Олӣ дастовардҳои асосии иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро панҷ соли охир ва дар соли 2024 ҷамъбаст намуда, барои боз ҳам афзун намудани комёбиҳо дар ин самт соли 2025 дар назди Ҳукумати мамлакат вазифаҳои нав гузоштаанд. Ин вазифагузорӣ барои се, панҷ сол ва ҳатто муҳлати аз ин бешро дар бар мегирад. Дар ин хусус, аз ҷумла чунин омадааст: «Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳама захираву имконияти мавҷуда барои мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро амалӣ менамояд. Соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод».
Мехоҳам баъзе бардоштҳоямро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баён намоям.
- Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
- Паём дар вазъияти нооромию низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ пешниҳод шуд.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вақте пешниҳод гардид, ки муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ба охир мерасад.
4.Муҳимияти дигари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз он иборат аст, ки он дар вазъияти фазои сиёсии пеш аз интихоботӣ ба ниҳоди олии қонунгузории мамлакат пешниҳод гардид. Бо фармони Президенти Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024 интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ 2 марти соли 2025 таъйин гардид. Интихоботи дарпешистода бояд тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шаффофу озод ва дар сатҳи баланд баргузор гардад ва интихобкунандагон номзадҳои арзандаи худро интихоб намоянд.
5.Вазъияти мураккаби байналмилалӣ ва ҳарбию сиёсӣ ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бетаъсир намонд. Президенти Тоҷикистон бо дарки амиқи ин вазъияти ҳассос баён доштанд, ки «… таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа дар шароити имрӯза зарурат ва аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Фазои ноустувори байналмилалӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм афзалият дода, ба он ҳамчун ба хатари глобалӣ, ки тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст, муносибат намояд».
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2023 низ аз баррасии масоили иқтисодӣ шуруъ шуда буд. Бо фарқ аз Паёми соли 2023 Паёми соли 2024 аз таҳлили амиқу илман асосноки вазъи иқтисодии мамлакат оғоз гардид. Ва он қисмати муфассали матни онро дар бар мегирад. Таҳлили имсолаи масоили иқтисодӣ хеле муфассал буд.
- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фарогири 32 супориш, 2 пешниҳод, 1 стратегия, 1 дастур ва 1 ҳисобот мебошад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зиёда аз 19 масъалаи ниҳоят мубрами сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд. Вобаста ба ин сохтори ин ҳуҷати муҳимро ба тариқи зайл муайян намудан мумкин аст:
- амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ;
- таҳлили рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар панҷ соли охир, солҳои 2019 – 2024;
- ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ, гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ;
- такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ;
- рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани тадбирҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ;
- ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳоди эълони солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»;
- рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ;
- пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ;
- дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ва эълони моратория ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027;
- тадбирҳои иловагӣ барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат;
- расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳама имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан манбаъҳои рушди энергияи «сабз»;
- Ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имконияти транзитии он ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди мамлакат;
- рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ;
- мунтазам афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ;
- ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- рушди минбаъдаи соҳаи маориф ва илм, омӯзиши забонҳои хориҷӣ;
- рушди фарҳанг, ҳифзи меросу анъана ва суннату арзишҳои миллӣ;
- омодагиҳо ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир;
- рушди босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ;
- бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат;
- ҷавонон- қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол. Рушди варзиш. Тарбияи ватандӯстӣ;
- мақоми зан – модар дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон;
- тақвияти пешбурди сиёсати хориҷӣ, саъю талош барои расидан ба ҳадафҳои созанда бобати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷабҳа бо ҷомеаи ҷаҳонӣ;
- ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар қисмати хотимавии Паём.
Дар раванди давлатсозии миллӣ шаклҳои гуногуни тарбия, бахусус тарбияи ватандӯстӣ масъалаи ниҳоят муҳим ба шумор меравад. Дар таърих ватандӯстӣ ба сифати падидаи иҷтимоӣ барои таъсиррасонӣ ба шуури сиёсии шаҳрвандон ба кор бурда мешуд.
Ватандӯстӣ мисли дигар равандҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва арзиши тафаккурӣ асоси ҳуқуқӣ ва сарчашмаҳои худро дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо «Дар бораи маориф», «Дар бораи маълумоти олӣ ва баъди мактаби олӣ», «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи собиқадорон», «Дар бораи рӯзҳои шаъну шарафи ҳарбӣ (рӯзҳои ғалаба)-и Тоҷикистон», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24.12.2022 ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаҳои ҳуқуқии тарбияи ватандӯстӣ ба шумор мераванд.
Муҳаққиқи испанӣ Ҷорҷ Сантана дар бораи сабақҳои таърих андешаронӣ намуда, барҳақ фармудааст: «Онҳое, ки аз таърих сабақ намегиранд, маҳкум ба такрораш мебошанд».
Мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд нисбат ба тақдири минбаъдаи давлату миллат эҳсоси масъулият дошта бошем. Ин масъулият ҳам ифтихорӣ аст ва ҳам инкори бетарафии ҳар яки мо. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнатпарастӣ, матонату диловарӣ ва хирадмандии шаҳрвандон ҷомеаи умумии шаҳрвандии хубе бунёд ёфт, ки дар он миллатҳои гуногун ва ақаллияти миллӣ паҳлуи ҳам дӯстона дар фазои сулҳу созиш умр ба сар мебаранд ва дар таҳкими минбаъдаи Истиқлолу Ваҳдат саҳми муҳим мегузоранд.
Ягонагии мардуми мамлакат, ваҳдати ҳама қишрҳои ҷомеа ва таҳкими иттиҳоди иҷтимоӣ муҳимтарин вазифаи дастгоҳи идораи давлат ба шумор мераванд. Дар раванди давлатсозӣ аз хатоҳои гузашта хулосаҳои аниқу дақиқи илмӣ баровардан зарур аст. Фаромӯш набояд кард, ки хатои гузашта сабақи оянда аст.
Бояд дониста бошем, ки татбиқи орзую ормонҳои миллат ба зиндагии шоиста ба татбиқи воқеии ҳадафҳои давлатӣ вобастагӣ дорад. Амалишавии ин ҳадафҳо мазмуни фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ аст. Таъкид ин аст, ки мо, шаҳрвандон бо такя ба заҳмати ғайратмандона ба амалӣ гардидани ин ҳадафҳо бояд мусоидат намоем. Ин аст бори масъулияти ватандӯстиро ба зимма доштан!
Дар ин ҷода дӯстию ваҳдати ҳама аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст. Муттаҳидии мо дар атрофи Пешвои миллат, ҷонибдорӣ аз таъкиду ҳидоятҳои он, якмарому якмақсад будани аҳли ҷомеа, масъулияти шахсии ҳар яки мо нисбат ба ояндаи сулҳу осоиши ватан аз ҷумлаи омилҳое ҳастанд, ки пешорӯйи он ҳеҷ гуна душвориҳо тобовар нахоҳанд буд.
Хизмати садоқатмандонаю софдилона ба давлату миллат арзиш ва мавқее аст, ки онро ба ҳеҷ чизи дигар қиёс кардан номумкин аст. Давоми таърих инсоният шакли ҳамагонии рушд эҷод накардааст, ки барои ҳама миллатҳою давлатҳо қобили қабул бошад. Мамлакатҳои гуногун бо роҳҳои хоси худ, вале бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ рушд менамоянд. Мазмун ва мундариҷаи шароити таърихӣ боиси вижагиҳои роҳи инкишофи давлатҳою миллатҳо гардидааст. Таърих борҳо исбот намудааст, ки дар эъмори давлат ва истиқлоли он такя ба қувваҳои беруна натиҷаи дилхоҳ намедиҳад.
Таърих омӯзгори ҳақгӯю сахтгир аст. Аз сабақҳои таърих мехоҳам чунин ҳақиқатеро хотирнишон кунам, ки ояндаи ҳар одам ва тақдири ӯ ба таври ҷудонопазир ба оянда ва тақдири мамлакат ва тамоми миллат вобастагӣ дорад. Агар ҳоли мамлакат ва миллат беҳ бошад, аҳволи ҳар яке аз шаҳрвандон низ дар алоҳидагӣ хуб хоҳад буд.
Дар низоми ҷаҳони имрӯз ваҳдати назар нисбат ба равандҳои зудтағйирёбандаи муосир вуҷуд надорад. Бештар ҷонибдорӣ аз манфиатҳои миллию давлатӣ муайянкунандаи симои сиёсии давлатҳою қудратҳою созмонҳо аст. Ниҳодҳое, ки ба тафаккуру ҳувияти шахсият таъсиргузор ҳастанд, аз ҷониби абарқудратҳои давр мудирият мешаванд.
Ваҳдати миллӣ ва эътидоли иҷтимоӣ имкон ба вуҷуд оварданд, ки деҳқон кишт кунаду ҳосил бардорад, корхонаҳои саноатӣ кор кунанду маҳсулот офаранд, шаҳрвандон шуғли доимӣ дошта бошанд. Ба таври дигар гӯем, оромишу осоиш ҳукмфармо бошад.