Омили рушди сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимои ҳар як давлат аз дуруст ба роҳ мондани фаъолияти минбаъдаи кулли ниҳодҳои идоракуниюистеҳсолӣ вобаста мебошад Маҳз фаъолияти дурусти тамоми механизмҳои давлат имкон медиҳад, ки рушди иқтисодиёти миллӣ ва нишондиҳандаҳои он вусъат ёбад. Дар ин радиф аз нақши Паёми Президенти кишвар ҳамчун дурнамо хело муҳим мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро касб карда буд, баёнкунандаи он аст, ки иқтисодиёти кишвар рушд ниҳода истодааст. Махсусан, новобаста аз тағйироти сиёсӣ ва иқтисодии соли 2022 кишвари мо тавонист, ки тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар дар давоми панҷ соли охир рушди иқтисодиётро ба ҳисоби 7,3% таъмин гардонида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиарди соли 2018 ба 115 миллиард сомонӣ расид , ки ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт. Яъне дар давоми 5 сол 61,9 % маҷмуи маҳсулоти дохилӣ афзоиш ёфт, ки ҳар сол 12,38%-ро ташкил медиҳад.

Сатҳи некуаҳволии мардум низ тадриҷан баланд гардид, ки даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд. Маълум мегардад, ки дар давоми панҷ сол сатҳи некуаҳволии мардум 112%, ки бо нишондод дар ҳар сол 22,4% афзоиш ёфтааст. Сатҳи камбизоатӣ низ аз 27,4 % соли 2018 то 22,5% дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Ин нишондиҳандаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҷойҳои нави корӣ ба маротиб афзудааст. Дар ин муддат 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-ум 196 ҳазор ҷойи кории нав таъсис ёфтааст. Ҳамчунин, ҳаҷми хараҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 дарсад зиёд гардид.

Тавре дар боло зикр намудем, Паём ин як дурнамост ва дар ин раванд ба Ҳукумати мамлакат зарур шуморид ки пешрафти устувори иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8% таъмин намоянд. Ин ҳам бошад тавассути дастуру супоришҳои Президенти кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки таваҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисодӣ миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули “иқтисоди сабз”, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад.

Дар натиҷаи кӯшишу заҳматҳои Ҳукумати кишвар ҳаҷми буҷети давлатӣ ҳамасола афзоиш ёфта истодааст, ки дар соли 2022 қисми даромади он ба 33 милиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбати соли 2018 38% зиёд мебошад. Яъне ба ҳисоби миёна ҳар сол 7,6 % қисми даромади буҷети кишвар зиёд гардида истодааст.

Барои боз ҳам ривоҷ додани иқтисодиёти кишвар ва рушди иҷтимоӣ дараҷаи зиндагони мардум дар самти хизматрасониҳои бонкӣ низ нишондиҳандаҳои мусбат низ чашмрас мебошад. Маҳз дар соли 2022 ҳаҷми қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳои кишвар 14,1 миллиард сомонӣ ба аҳолӣ ва соҳибкорон дода шудааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба соли 2018-ум 85% зиёд мебошад. Яъне ҳар сол ҳаҷми қарздиҳӣ ба аҳолӣ ва соҳибкорон 17% ба ҳисоби миёна зиёд гардида истодааст. Инчунин, дар соли 2022 қурби пули миллӣ муътадил нигоҳ дошта шуда, сатҳи таваррум 4,2 фоизро ташкил дод, ки ин нишондиҳанбаи хуб мебошад. Дар охири соли 2022 бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар бонкҳои кишвар 13 миллиард сомониро ташкил дод. Дар ин замима қайд гардид, ки ҳарчанд ин нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2021-ум қариб 28 фоиз зиёд бошад ҳам, вале ҳанӯз ба талабот дар самти рушди фаъолияти низоми бонкӣ ҷавобгӯ нест.

Боиси қайд аст, ки дар панҷ соли охир ба соҳаҳои гуногун иқтисоди миллӣ беш аз 15 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда мешавад ва то соли 2025 дар кишвар татбиқи беш аз 200 лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ пешбинӣ гардида, танҳо ба бахши воқеӣ ва инфрасохтор зиёда аз 82 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда мешавад.

Гуфтан бамаврид аст, ки Президенти кишвар дар Паёми худ таъкид намуданд, ки дар шароити таҳовуллоти босуръату пешгӯйинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ рақобати шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва паёмадҳои тағйирёбии иқлим бояд кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд. Махсусан, механизмҳои асосии маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи “лоиҳаи сабз”, хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди “иқтисоди сабз”, аз ҷумла “энергияи сабз” бояд васеъ ҷорӣ карда шаванд.

Аз ҳамаи ин нишондодҳо маълум мегардад, ки дар соли 2023 ва ояндаи он иқтисодиёти кишвар рӯ ба инкишоф ниҳода истодааст. Ин, пеш аз ҳама, боис мегардад, ки дараҷаи даромаднокии мардуми Ҷумҳуҳурии Тоҷикистон афзоиш ёфта, сатҳи зиндагонии мардуми кишвар беҳтару хубтар гардад.

Барои боз ҳам ноил гардидан ба ин мақсадҳои ояндабинона моро зарур меояд, ки дар сатҳи баланди касбии кориямон фаъолият намоем. Инчунин, масъулияти баланди корию касбии худро дар раванди корӣ ва берун аз он нишон дода, бо як ҳисси баланди ҳувияти ватандорӣ кӯшиш ба харҷ диҳем, ки кишвари азизамон рушд намояд. Дар натиҷа, ба яке аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон ноил мегардем ва мо ин имкониятро доро мебошем.

Рустамҷони С.Қ.,
муовини сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегииназди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед