Ҳамасола дар доираи салоҳиятҳои худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар Паём ироа намуда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ барои давраҳои оянда бо ҳадафу афзалиятҳо ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ муайян карда мешавад. Албатта, Паёмҳои Сарвари давлат санади муҳиму дастури мушаххаси созандагиҳои Ватан ва қадамҳои устувор барои иҷрои нақшаҳои бузурги давлатдорӣ буда, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азизро ба шукуфоӣ ва ободониҳои Ватан роҳнамоӣ месозад. Бинобар ин, дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳассосу мураккабшавии бесобиқаи вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон санаи 28-уми декабри соли 2023 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардида, воқеан ҳам ба масъалаҳои муҳимми фарогири тамоми соҳаҳои афзалиятноки ҳаёти сиёсӣ, иқтисоду саноат, энергетика, ҳифзи иҷтимоии кишвар ва сиёсати хориҷии он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуд, ки дар доираи манфиатҳои миллӣ ва устуворгардонии пояҳои давлатдорӣ нақши созанда дорад. Аз ин лиҳоз, ҳамасола хурду бузурги кишвар бо ҳисси баланди миллӣ, ватандустӣ ва хештаншиносӣ Паёми Сарвари давлатро бесаброна интизорӣ кашида, бо таваҷҷўҳи махсус ва мустақиман аз қадамҳои устувор ва комёбиҳои беназири як соли бобарори давлатдорӣ огаҳ мешаванд. Дар ин росто, таваҷҷуҳи зиёди хурду бузурги кишвар ба Паём аз он гувоҳӣ медиҳад, ки маҳз бо заҳмату талошҳои шабонарузӣ ва хастагинопазирӣ Пешвои муаззами миллатамон мардуми сарбаланди тоҷик бо вазифаҳои мушаххас гузошташуда, Паёми навбатиро ҳамчун нишондоди барномавӣ ва дастуру роҳнамои кору фаъолияти ҳар як фарди ҷомеа қабул менамояд.
Бахсус, аз мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум мегардад, ки рушди саноати ватанӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Воқеан ҳам, қадамҳои устувору фаъолияти инноватсионӣ ҷиҳати тақвияти иқтидори содиротии кишвар дар рушди низоми саноати ватанӣ муҳим арзёби гардида, ба дурнамои рушди минбаъдаи кишвар такони ҷиддӣ мебахшад. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки пешрафти соҳаи мазкур бо дарки баланди ватандорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ заминагузор мебошад.
Бо такя ба нуктаҳои асосии Паёми ироагардида, дар 75 соли замони гузашта (то соли 1991) дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, пас тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Рақамҳои овардашуда аз он шаҳодат медиҳад, ки тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида ва иқдомҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ – индустриалӣ ба индустриалӣ – аграрӣ амалӣ гардонида, бо талошҳои зиёд ба рушди иқтисоди миллӣ суръат бахшида истодаем.
Агар ба таври мухтасар назар намоем, пас аз солҳои тулонӣ ва интизориҳои зиёд маҳз аз соли 2000-ум – ҳамагӣ 23 сол қабл қадамҳои устувор барои эҳёи иқтисод ва беҳдошти вазъи иҷтимоии кишвар гузошта шуд. Сипас, бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, солҳои 2022 – 2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд. Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 2023 нисбати соли 1992-юм 4,6 баробар афзуда, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда танҳо дар ҳафт соли охир 2,4 баробар зиёд гардидааст. Боиси сарфарозист, ки беш аз пеш рушди иқтисоди миллӣ таъмин, буҷети давлати иҷро, гардиши тиҷорати хориҷӣ муътадил ва қурби асъори миллӣ нисбати шарикони тиҷоратӣ устувор нигоҳ дошта шудааст. Тавре ки Сарвари давлат мунтазам зимни суханрониҳояшон таъкид менамоянд: “…нишондиҳандаҳои мазкур бо дарназардошти захираву имкониятҳои кишвар ҷиҳати ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат ҳанӯз нокифоя боқӣ мемонад”.
Лозим ба ёдоварист, ки суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар самтҳои гуногуни саноати миллӣ барои гузариши иқтисодиёт аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ ва таҳкими минбаъдаи иқтидори содиротии кишвар, заминаи асосӣ мегузорад. Тавре маълум аст, бо дарназардошти тақвияти иқтидори содиротии кишвар соли 2023-юм содироти маҳсулоти соҳа ҳамагӣ 18,5 миллиард сомониро ташкил намуда, 19 дарсад коҳиш ёфт. Ҳол он, ки нишондиҳндаи мазкур соли 2022-юм 22,8 миллиард сомониро ташкил намуда буд. Дар ин самт, омили асосии коҳиш ёфтани нишондиҳандаи содирот – ин кам шудани ҳаҷми содироти хушкмева, металлҳои қиматбаҳо, маъданҳо, нахи пахта, истихроҷи ангишт ва алюминийи аввалия ба ҳисоб мераванд. Масалан, дар сохтори содиротии кишвар хушкмева то ҳол барои содирот ба хориҷи кишвар яке аз соҳаи муҳимми рақобатпазир ва мусоидаткунанда ба ҳисоб рафта, бинобар сабаби номусоидии обу ҳавои соли гузашта содироти он дар қиёс ба солҳои қаблӣ коҳиш ёфт.
Имрӯзҳо саноати ватанӣ ҳамчун неруи азими пешбаранда дар рушди иқтисоди миллӣ нақши калидӣ дошта, бо рўйдоди муҳимми таърихӣ дар ин самт ҳамаруза дар ҷумҳурӣ корхонаҳои хурду бузург барои рушди низоми инноватсионии саноати миллӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Инак, сиёсатҳои созанда ва амали гардидани нақшаву барномаҳои соҳаи мазкур боис гардид, ки ҷиҳати таъмини гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Маҳз нишондиҳандаи мазкур боис гардид, ки нисбат ба солҳои қаблии иқтидорҳои саноатӣ ба андозаи беш аз 800 мегаватт талабот ба неруи барқ зиёд гардид.
Дарвоқеъ, таъмини рушди иқтисодиёти мамлакат ва неру бахшидан ба тараққиёти соҳаи саноат, коркарди маҳсулоти он талаботи бозори дохилию берунӣ ба ҳисоб рафта, дар татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва саноатӣ иҷрои вазифаҳои хеле муҳимро тақозо менамояд. Бинобар ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз ҷумла қайд намуданд, ки:
- Ҳукумати мамлакат, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки афзоиши назарраси ҳаҷми коркард ва маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногунсамтии истеҳсолот, ҷойгиркунонии самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таъсиси маҷмааҳои саноатиро таъмин намоянд;
- Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба рушди саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ба ин васила ба роҳ мондани коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ ва бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолии кишвар, хусусан, ҷавонону бонувон эътибори махсус диҳанд. Вобаста ба масъалаҳои зикргардида, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки доир ба такмили низоми омода намудани мутахассисон барои бахши воқеии иқтисодиёт, бо дарназардошти афзалиятҳои соҳавӣ, таъсиси маҷмааҳои саноатӣ, агросаноатӣ ва хизматрасонӣ, тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд.
Ногуфта намонад, ки бо истифодаи ашёи хоми ватанӣ таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ва тақсимоти дунё байни абарқудратҳо рушди низоми саноату истеҳсолоти миллӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум кори саҳлу осон буда наметавонад. Ҳадафҳо ва афзалиятҳои асосии мамлакат дар ин ҷода муайян буда, татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар бомаром идома дорад. Вобаста ба ин, захираю имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифату рақобатпазири саноатӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва пайдо намудани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ бениҳоят зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ, суханронии самимии Сарвари давлат дар роҳи созандагиҳои Ватан масъулияти тамоми нафарро бештар намуда, ҳавасмандӣ ва фаъолияти муназзамро дар ин самт дучанд мегардонад. Аз ин рӯ, саноати ватанӣ яке аз соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, ҳамасола бо суръати кайҳонӣ рушд менамояд ва ҳамчун шоҳсутуни асосии иқтисоди миллӣ дониста мешавад. Бинобар ин, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи тоҷикро муваззаф месозад, ки бо самимияти хосса ва беғаразона комёбиҳои беназири соҳибистиқлолии кишварро ҳифз намуда, беш аз пеш ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз итминони комил ҳосил намоем.
Муртазозода Ораз
сардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои рушди соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон