Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурамали муҳим ва роҳнамои стратегию геополитикие ба шумор меравад, ки барои ҳар як шаҳрванд ва рушди минбаъдаи давлатдории миллии мо муҳимияти хосса дорад.

Бояд тазаккур дод, ки Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хусусиятҳои таҳлилӣ ва самтгирии муайяни соҳаҳои мухталиф фарқкунанда буда, ҳамчун роҳнамои стратегӣ барои рушди давлатдории миллӣ мусоидат менамояд.

Вобаста ба ин, агар мо ба таҳлили мундариҷавии Паём назар афканем, пас маълум мегардад, ки Паёми навбатии Пешвои миллат бо ироаи масоили мубрами муносибатҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, баррасии масоили иқтисодию иҷтимоӣ, илму маориф, забон, таъриху фарҳанги миллат тоҷик, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳои олӣ, инчунин таҳлил ва баррасии масоили сиёсати хориҷӣ ва дигар масъалаҳои муҳим анҷом пазируфт.

Дарвоқеъ, амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар мақсади асосии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки раванди рушду нумӯи кишварро метезонад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки масъалаи татбиқи муштараки лоиҳаҳои ояндадори сармоягузорӣ ва зерсохториро, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвари мо, аз ҷумла саноатикунонии босурьат мусоидат мекунанд, бояд дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи мазкур аҳамияти бештар ва махсус зоҳир карда шавад.

Аз ин нуқтаи назар, ба андешаи мо татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар дар низоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалият дошта, ҳукумати кишвар ҳадафҳои мазкурро дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баҳри рушди устувор ва таъмини зиндагии шоиста ва беҳрӯзии шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Аз ин лиҳоз, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар низоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз самтҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, татбиқи амалии он дар дурнамои наздик воқеият дорад.

Ба андешаи мо, дар Паёми Пешвои миллат масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ва таъмини амнияти миллӣ яке аз мавзӯҳои муҳим ва бахши асосии он ба ҳисоб рафта, диққати махсус зоҳир мегардад. Аз ин рӯ, Паём ҳамчун дастурамали муҳими стратегӣ барои амалишавӣ ва таъмини масъалаҳои мазкур нақши муҳим дорад.

Ба назари мо, тамоми дастовардҳои сиёсати хориҷӣ ва масъалаҳои таъмини амният, сулҳу суббот, ваҳдату ягонагӣ, пешрафт ва рушди устувори Тоҷикистон маҳз аз конститутсия, консепияву стратегияҳои соҳавӣ ва ин санади ҳаётан муҳим – Паёмҳои солонаи Президенти кишвар сарчашма мегиранд.  Вобаста ба масоили татбиқи сиёсати хориҷӣ ва таъмини амнияти миллӣ  андешаҳо  гуногунанд. Аммо ба назари мо масоили рушди минбаъда, пешрафти соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷалби сармояи хориҷӣ ва сайёҳони хориҷӣ, рушди ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодию сиёсӣ ва таъмини амнияти дастаҷамъӣ маҳз аз самтгирии минбаъдаи фаъолияти сиёсӣ вобастагӣ дорад. Масъалаҳои мазкур ҳамасола дар Паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як дастурамали корӣ барои дурнамо тарҳрезӣ гардида, дар он самтҳои фаъолияти минбаъда муайян гардидааст.

Барои тасдиқи гуфтаҳои боло пешниҳодҳои ҷолиб ва мақсадноки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба мусоидати рушди соҳаҳои дигари кишвар ва таъмини амнияти дастаҷамъӣ ки тавссути сиёсати хориҷии кишвар амалӣ мешаванд ва ё вобастагӣ аз фаъолияти ин самт доранд, метавон аз суханрониҳои Пешвои миллат дар Паёми имсола ёддовар шуд, ки чунин ибрози ақида намуданд: «Зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ ин раванд боз ҳам такмил дода шавад».  Ё дар ҷойи дигар Президенти кишвар изҳор доштанд, ки «Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики табиии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Аз ин рӯ, Прокуратураи генералӣ, вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро зарур аст, ки ҳамкориро бо сохторҳои марбутаи давлатҳои хориҷӣ ва минтақавию байналмилалӣ дар ин самт тақвият бахшанд».

Ба андешаи мо, пешниҳод ва дастуру супоришоҳои мазкур ба рушди соҳаҳои дахлдор такони ҷиддӣ мебахшанд.

Илова бар ин, метавон гуфт, ки маҳз муроҷиат ва натиҷаи ироаи Паёмҳои солона Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ буд, ки дар асоси он сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруст ва дақиқ роҳандозӣ гардида, дар натиҷаи амалишавии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 соли соҳибистиқлоли бо 179 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор карда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид.  Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло барои шаҳрвандони 112 кишвари ҷаҳон тартиби соддаи таҳия ва ба расмият даровардани раводидро муқаррар кардааст, ки барои ҷалби сайёҳон ва сармояи хориҷӣ мусоидат намуда, ин ҳама бозгӯи намунаи ҳамкории судманд ва равиши сиёсати бобарори хориҷии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин, соли 2020 дар шароити буҳрони ҷаҳонии коронавирус дар низоми равобити дуҷониба ва бисёрҷониби байналмилаливу минтақавӣ сиғаи нави нишаст ва вохӯриҳои роҳбарони давлатҳо ва созмонҳо дар қолаби “вебсаммитҳо” ё видеоконференсияҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фазои маҷозӣ ба амал омад, ки ин раванд аз ҳар як кишвар ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ пешбурди сиёсати хориҷии рақамиро тақозо намуда, ба манфиати ҳар яки онҳо мебошад. Дар чунин шароит  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон низ ҷиҳати тавсеаи муносибатҳо бо шарикони анъанавӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ вохӯриҳои дуҷонибаву бисёрҷониба ва мулоқотҳои сатҳи олӣ анҷом дода, дар аксарияти чорабиниҳои байналмилаливу минтақавӣ дар қолаби “вебнишастҳо” ё ҷаласаҳои онлайнӣ  иштирок намуда, бо  суханрониҳои пурмуҳтавои худ ташаббусҳои амиқу дақиқро ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо дигар акторҳои муносибатҳои байналмилалиро ироа намуданд.

Бояд гуфт, ки самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба таври мушаххас ироа гардид.

Ба андешаи мо, барои боз ҳам возеҳу равшан шарҳ додани масоили сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллӣ инчунин масоили татбиқ ва таъмини он, метавон аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳамкорҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавӣ мисол оварем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми муайян намудани самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола зимни ироаи Паём масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавиро яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар арзёбӣ намуда, ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Зеро имрӯзҳо коршиносони аксарияти марказҳои зеҳнии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аллакай консепсия ва равишҳои наверо бо воқеияти равандҳои нав минтақаи моро коркард менамоянд.

Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём таъкид намуданд, ки «Муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мо, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳои наздикамон – кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар низоми муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон мақоми хосса доранд, дар ҳамаи самтҳо тақвият ёфта истодаанд ва мо ин сиёсатро дар оянда низ густариш медиҳем».

Дар Паёми соли 2019 низ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «Мо ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳем. Густариш ва таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, чун анъана, дар асоси дӯстиву эътимод, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, ба иҷрои ҳадафу вазифаҳо, ҳамчунин, рафъи мушкилоти муштарак равона гардидааст».

Агар ба ин ду иқтибоси дар боло зикргардида таваҷҷуҳ намоем ва онҳоро таҳлил намоем, пас равшан мегардад, ки муҳтавои асосии матнҳоро  ибораҳои ҳамкорӣ ва робитаҳои дӯстӣ яъне  масоили сиёсати хориҷӣ ва ибораҳои рафъи мушкилоти муштарак, таҳдид ва чолишҳои нави ҷаҳонӣ яъне масоили таъмини амният ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, метвон гуфт, ки муҳимияти асосии ин нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат аз ду ибораи калидӣ иборат мебошад – сиёсати хориҷӣ ва таъмини амният, ки масаъалаҳои дигар низ маҳз ба ин ду ибора алоқамандии ногусастанӣ доранд.

Хулоса, бо пуштибонӣ аз чунин равиши сиёсати хориҷӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама марҳилаҳо идеяи рушди ҳамкориҳо ва лоиҳаҳои ҳамгироии минтақавиро дастгирӣ менамояд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсола вобаста ба самтгирии стратегии сиёсати хориҷии Тоҷикистон, махсусан самтҳои афзалиятноки он чунин қайд намуданд: “Масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарикони стратегӣ ва рушди мо – Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чун ҳамеша дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Мутобиқ бо ҳадафҳои дарозмуддати стратегии худ муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандро бо кишварҳои ба мо дӯсту хайрхоҳи ҷаҳони ислом, Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ, Ҷануби Шарқӣ, Уқёнуси Ором, Африқову Амрико ба роҳ монда, рушду тавсеа хоҳем бахшид. Ба ин манзур, мо дар оянда низ фаъолияти байналмилалии худро мутобиқ ба муқаррароти Консепсияи сиёсати хориҷии давлатамон бо саъю талоши бештар идома хоҳем дод”.

Меъмори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни нақш ва мақоми сиёсати фаъоли хориҷии кишвар ва имиҷи байналмилалии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ки  ҳамчун кишвари пешбар дар ҳалли масоили мубрами амниятӣ, обу экология ва тағйирёбии иқлим эътироф гардидааст, суханронӣ намуда, вобаста ба самтгирии ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ чунин изҳор доштанд, ки “Ҳамкориро бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, ҳамчунин, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ идома ва густариш медиҳем”.

Мазмун ва муҳтавои нуқтаи зикршуда нишон медиҳад, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун барномаи таҳрезишуда ҷиҳати пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши калидӣ дорад. Зеро татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва аксарияти кишварҳои ҷаҳон якдилона дастгирӣ ёфта, чорабиниҳои сатҳи баланду фарогири созмон дар масоили захираҳои об баъди зиёда аз чил соли баргузории нахустин Конфронси созмон дар соҳаи об аз ҷониби Дабири кулли он даъват карда мешавад, ки аз ин нуқтаи назар мо метавонем Паёми Пешвои миллатро ҳамчун нақшаи амали дарозмуҳлат низ арзёбӣ намоем.

Бояд тазаккур дод, ки дар солҳои охир шаҳри Душанбе ба маркази баррасии масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ табдил ёфта, як қатор чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ, баргузор шуданд, ки аз густариши сиёсати хориҷии кишвар ва эътирофи бештари кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ дарак медиҳад.  Дар ин росто, Тоҷикистон соли 2020 раёсати Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Раванди Истамбул оид ба Афѓонистон оѓоз шуд. Соли 2021 дар Тоҷикистон чорабинии байналмилалӣ дар ҳошияи Қалби Осиё – Раванди Истанбул(29-30 марти 2021), Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, инчунин Саммити 20 солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.

Қайд кардан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз бунёдгузорони Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбии он дар рушду тақвияти минбаъдаи созмони мазкур дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузошта аст.

Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеиятҳои нави байналмилалӣ бо аксари кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, минбаъд низ фаъолиятро дар ин самт тақвият мебахшад.

Қайд кардан ба маврид аст, масъалаи таъмини амният яке аз мавзуҳои меҳварӣ ва калидии Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, ҳамасола зимни ироаи Паём ба ин мавзуъ диққати махсус зоҳир мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсола масоили мубрами ҷаҳони муосирро таҳлили ҳамаҷониба намуда, вобаста ба таҳдиду хатарҳое, ки ба амнияти ҷаҳонӣ ва миллӣ таҳдид мекунанд чунин ибрози ақида намуданд: “Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем”.

Вобаста ба масъалаи мазкур Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фаъолияти сохторҳои марбута доир ба масъалаи таъмини амният масъалагузории таҳия ва тарҳрезии барнома ва стратегиҳои алоҳида бо мақсаду ҳадафҳои мушаххас дар мубориза ба таҳдидҳои амнияти миллӣ ва минтақавиро пешниҳод менамоянд, ки дар самти мазкур хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалин кишварҳои ба ҳисоб меравад, ки вобаста ба таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” қабул намуда буд, ки имсол муҳлати амали он ба охир расид. Бинобар ин, дар Паёми имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаи мазкур инчунин бо мақсади идомаи корҳо ва тақвият бахшидани тадбирҳо дар самти таъмини амнияти миллӣ дар Паём таҳияи лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021 — 2025»-ро ба сохторҳои дахлдор супориш доданд.

Инчунин вобаста ба масъалаи таъмини амнияти миллӣ Пешвои миллат дар Паём ҳамеша перомуни “зиракии сиёсӣ” махсус таъкид менамоянд, ки ин нуқта хеле муҳим мебошад. Ҳамин тавр, ҳар нафаре ки ба умқи маънии он сарфаҳм меравад, пас ба ӯ маълум мегардад, ки он баҳри ҳимояи манфиатҳои миллии тоҷикон равона гардида, дар худ ободӣ, рушду пешравӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ватандорӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ва содиқ будан ба онро дарбар мегирад.

Бинобар ин, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ вобаста ба ҳолати ҳассосе, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва душманони миллат бо ҳадафҳои нопоку ғаразноки худ талоши бесуботу барҳам задани оромиву амнияти кишварро доранд, махсус хушдор доданд, ки мо “Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90–ум доштанд, даст накашидаанд”.

Бояд қайд намуд, ки масъалаҳои пешгирӣ намудан аз зуҳуроти номатлуб ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир, нагарвидани ҷавон ба сафи созмонҳои террористиву экстремистӣ, иттилоотонии аҳолии кишвар бо маълумотҳои дақиқу саривақтӣ, баланд бардоштани савияи дониши сиёсиву ҳуқуқии марудуми кишвар, инчунин пешниҳоди нақшаи таъмини минбаъдаи амният дар доираи барномаҳои мушаххасӣ алоҳида ва стратегияҳои нав, вазифадор намудани сохторҳои марбута ҷиҳати таъмини амният дар Паём масъалагузорӣ карда мешванд, ки ин ҳама “зиракии сиёсӣ”- ро маънидод менамояд. Дар ин самт Паёми Пешвои миллатро метавон ҳамчун санади муҳими стратегии пешгирикунанда, огоҳкунанда ва қутбнамои таъмини амнияти миллӣ арзёбӣ намуд.

Яъне, Паёми Пешвои миллат амнияту суботи кишварро ҳамчун вазифаи меҳварӣ ва асосии ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҷиҳати таъмини амнияти миллӣ маънидод намуда, дар роҳи таҳкими истиқлолият ва ҳифзи манфиатҳои кишвари азизамон раҳнамоӣ менамояд.

Дар самти таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ Пешвои миллат дар Паёми имсола  махсус таъкид намуданд, ки “фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд”.

Дарвоқеъ дар самти муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризм ва экстремизм бояд кишварҳо аз низоми духурагӣ даст кашанд.

Илова бар ин, Пешвои миллат дар Паём худ вобаста ба масъалаи таъмини амнияти Тоҷикистон ва кишвари ҳамҷаворӣ мо Афѓонистон махсус қайд менамоянд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи мураккаби минтақа ба таҳкими доимии ҳифзи сарҳад, махсусан, сарҳади Тоҷикистону Афғонистон диққати аввалиндараҷа дода, барои пешгирӣ кардани қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, адабиёти экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ дар хатти сарҳади давлатӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Мо минбаъд низ бо кишварҳои минтақа ва ҳамҷавор, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар шарикони худ ҳамкории зичу судмандро дар соҳаи амният идома хоҳем дод. Мо итминон дорем, ки ба суботу амнияти пойдор дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон метавон танҳо аз тариқи раванди сулҳе расид, ки аз ҷониби Ҳукумати Афғонистон ва мардуми он идора, назорат ва пеш бурда мешавад”.

Дар умум, метавон қайд намуд, ки масоили сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллӣ ҳамчун мафҳумҳои калидӣ ба ҳисоб рафта, муайянкунандаи рушду пешрафти тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти инсонӣ ва пешрафти соҳаҳои мухталиф ба шумор меравад, ки мо бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем. Зеро агар амният таъмин набошад, пешравии кишвар ва рушди иқтисодии он низ имконнопазир аст. Илова бар ин, маълум мегардад, ки сиёсати муосири хориҷии кишвари мо аз ҷониби меъмори он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дурбинона тарҳрезӣ гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки Паёми навбатии Пешвои миллатро ҳамчун роҳнамои стратегӣ оид ба татбиқи сиёсати хориҷӣ ва таъмини амнияти миллӣ бояд ҳамачониба омӯхта, дар татбиқи амалии он саҳмгузор бошем. Илова бар ин, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки Паёми мазкур дастури муҳими иҷтимоию сиёсӣ буда, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дарбар мегирад. Аз ин рӯ, муассисаҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар бояд барои омӯзишу таҳқиқи Паём ҳамчун дурнамои стратегӣ ташаббус нишон дода, бо назардошти ба инобат гирифтани нуктаҳо ва масъалагузориҳои Паём дар самти фаъолияти худ навоварӣ ва рушди марҳилавии соҳавиро роҳандозӣ намуда, натиҷаҳои назарраси кориро таъмин созанд.

Муҳақиқон ва таҳлилгарони Маркази тадқиқоти стратегӣ низ дастуру супоришҳои Пешвои миллатро вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳимоя мекунанд. Илова бар ин, дар оянда низ дар ин самт корро ҷоннок намуда, дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, пешрафти кишвар, таҳкими сулҳу субот, ҳифзи арзишҳо ва дастовардҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Паём Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳнамои стратегӣ дар рушди минбаъдаи кишвар нақши муҳим дошта, барои таҳкими сиёсати хориҷӣ ва таъмини амнияти миллӣ муҳимияти хосса дорад.

                                                                     

МУҲАММАДЗОДА П. А.  –

д.и.с., профессор, муовини директори

                                                               Маркази  тадқиқоти стратегии назди

                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед