Паёми Пешвои миллат дастуруламали ҳамешамуҳимми рушди кишвар буда, баррасии нуктаҳои муҳимтарини он ҳеҷ гоҳ аҳаммияти худро гум намекунад ва тарғибу ташвиқи пайвастаи он миёни аҳолӣ бо мақсади дарки пайғомҳои меҳварии Пешвои миллат шарти зарурӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд зикр намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат аз нигоҳи фарогирии масъалаҳои мубрами ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсию фарҳангӣ, баррасии паҳлӯҳои гуногуни рушди устувори иқтисодиёт ва инфрасохтори кишвар аз вижагиҳои фарқкунанда бархӯрдор буд. Он ба марҳалаи ниҳоят мурракабу ҳассос, махсусан, дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии КОВИД-19 ва вобаста ба он босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ, буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ мувоҷеҳ омадани кишварҳои ҷаҳон рост омад. Дар Паём таъсири ногувори паҳн шудани бемории сироятии КОВИД-19 ба вазъи имрӯзаи ҳаёти иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонӣ бо далелҳои равшан арзёбӣ гардиданд.
Дар Паёми ҳалли масъалаҳои соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифта ва мақому манзалати ин бахши муҳимми ҳаёти ҷомеабаҳогузории ҷиддӣ баён гардид ва дастоварду норасоиҳо нишон дода шудаанд.
Тавре дар Паём ишора шудааст, новобаста аз таъсири манфии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, дар натиҷаи амалӣ гардидани тадбирҳои таъхирнопазир аз ҷониби Ҳукумати кишвар устувории нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳо таъмин гардида, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тамоюлҳои мусбат нигоҳ дошта шуданд ва ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фаврӣ роҳандозӣ карда шуд. Пеш аз ҳама, маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ бознигарӣ гардид ва барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд. Кишварамон тавонист, ки бо андешидани тадбирҳои саривақтӣ пайомадҳои ногувори бемории сироятии коронавирусро ба ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ пешгирӣ намояд. Дар ин самт, албатта, ташаббусҳои муфид ва роҳнамоии Сарвари давлатамон хеле бузург мебошад.
Чун ҳамешагӣ, вале бо масъалагузориҳои нав яке аз масъалаҳои матраҳи Паём бевосита ба пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа нигаронида шуда буданд. Дар ин ҳошия диққати аввалиндараҷа ба пешгирии зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва даигар ҷиноятҳои фаромиллӣ равона гардиданд. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ пайваста барои ноором сохтани ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ, гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, даъвати ҷавонон ва созмонҳои маъншуда кӯшиш карда, ҷиҳати расидан ба ин мақсад аз шабакаҳи интеренӣ васеъ истифода мебаранд.
Самти дигари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар, ки дар Паём зикраш рафт, дастгирии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, махсусан, нафақахӯрону маъюбон, пиронсолону бепарасторон, ятимон ва оилаҳои камбизоат мебошад. Бояд зикр намуд, ки сатҳи инкишофи ҷомеа, нуфузу мақоми миллату давлат, пеш аз ҳама, аз вазъи иҷтимоии гурӯҳҳои эҳтиёҷманд вобастагии калон дорад. Имрўз масъалаи ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, махсусан, кўдакони ятиму бепарастор яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа ба ҳисоб меравад, зеро дар шароити гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ, заиф гаштани таъсири урфу одат ва анъанаҳои инсондўстонаи аҷдодии мо кўдкони ятиму бепарастор ва оилаҳои онҳо аз ҳарвақта зиёдтар ба ҳифзу дастгирии иҷтимоӣ ниёз доранд. Бо мақсади идомаи дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ ва кӯдакони маъюби то 18 – сола ба андозаи 20 дарсад ва нафақаи маъюбони гурӯҳи якум ба андозаи 50 дарсад баланд бардошта шавад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароитҳои зиндагонии иҷтимоии маъюбон беҳтар гардад. Инчунин, Роҳбари давлат ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки барои ятимони кулл мактаб – интернатҳои Президентӣ бунёд намоянд ва барои соҳибкасбу соҳибҳунар гардидани ҳар як ятими кулл, соҳиби ҷойи кор ва зиндагии мустақилона шудани онҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ҳадафи Пешвои миллат аз ин иқдомҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифтанокии мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, втандӯстиву ватанппарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди иломҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Хулоса, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мукаммали рушди устувори Тоҷикистон мебошад, ки дар амал татбиқ намудани он барои баланд бардоштани сатҳи накӯаҳволии аҳолӣ, таъмини зиндагии беҳтару сазовори мардуми кишварамон мусоидат менамояд. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун роҳнамо ва сармашқи кору фаъолияти худ қарор диҳад ва барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон саҳми босазои худро гузорад.
Мирзо Ашуров,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон