Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат саросар аз таҳлилу баҳодиҳӣ ба рушди ҷомеа дар 30 соли соҳибистиқлолии кишвар, хулосабарорӣ аз амалкардҳо ва дастуру супоришҳо оид ба таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт, амнияти ватан, сулҳу субот, ягонагию ваҳдат, ҳимояи арзишу манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон иборат аст.

Пӯшида нест, ки сарвати асосии ҳар кишвар  сармояи рушдёфтаи инсонӣ ба ҳисоб меравад. Метавон гуфт, ки яке аз паҳлуҳои муҳими ҳаёти ҷомеъа, ин соҳаи саноат буда, он аз соҳаҳои муҳим ва пешбарандаи иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Бесабаб ҳам нест, ки саноатро яке аз манбаъҳои муҳими даромади буҷет ва сатҳи рушди иқтисодӣ ном мебаранд.

Таҷрибаҳо собит намуд, ки аксари давлатҳои мутараққӣ дар ҷаҳони муосир ба рушди соҳаи саноат ва саноатикунонии мамлакаташон, барои аз кишвари аграрии саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани кишвар диққати бештар доданд. Бо дарназардошти ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз 26-уми декабри соли 2018 саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуда буданд.  Қобили қайд аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 2360 расонида шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард. Танҳо соли 2021-ум 256 коргоҳу корхонаи нав бо 2500 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаашон таъкид намуданд, ки мо талош дорем, то барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотир амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олии давлат қабул ва амалӣ карда мешаванд. Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда, Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи “иқтисоди сабз”, саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди неруи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд.

Аз ҷумла, дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 дарсад ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад. Инчунин, зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад.

Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла, раванди саноатикунонии босуръати кишвар Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлати Тоҷикистон “Солҳои рушди саноат” эълон карда шаванд. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 дарсад расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 дарсад коҳиш дода шавад.

Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, 93 дарсад ҳудуди онро куҳсор ташкил медиҳад. Сарватҳои табии зиёди кишвар аз қабили зиёда аз 4000 кони хурду бузурги маъданҳо, ки дар кишвар вуҷуд доранд ва то имрӯз беш аз 400 тои он кашф шудааст, дороию сарвати кишвари маҳбубамон маҳсуб меёбанд, метавонанд барои рушди минбаъдаи саноати ҷумҳурӣ нақши калон дошта бошанд. Дар давоми панҷ соли оянда, яъне дар доираи “Солҳои рушди саноат” тавассути таъсиси корхонаҳои нав, барқарорсозии зарфиятҳои мавҷуда, афзоиш додани ҳаҷми истихроҷ    ва коркарди маъдан ба фаъолият оғоз кардани боз якчанд корхонаи бузурги соҳаи маъдан доир ба коркарди ниҳоии ашёи хом бо таъсиси ҳазорон ҷойҳои нави корӣ имконпазир мебошад. Бо ин мақсад Пешвои миллат Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро вазифадор намудаанд, ки дар ҳамдастӣ бо сохтору мақоми марбута барои ҷалби сармояи мустақим чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамзамон, моро зарур аст, ки минбаъд барои рушди бомароми саноат барои ба роҳ мондани коркарди пурраи нахи пахта, пӯст, пашм, пилла, меваю сабзавот ва дигар ашёи хоми ватанӣ назорати ҷиддӣ барем. Бо ҳамин мақсад Сарвари давлат бо як самимияти баланд дастур доданд, ки дар 5 соли минбаъда барои таъмин кардани рушди саноати сабук доир ба таъсиси 5 маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта бо ҷалби беш аз 11 миллиард сомонӣ чораҳои амалӣ андешида шавад.

Маълуми ҳамагон аст, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастгирии доимии    кишоварзон аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Озод кардани кишоварзон аз андози ягонаи замин дар соли 2021 яке аз омилҳои 6 дарсади афзоиш ёфтани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ гардид. Ба ҳамин васила, имсол низ дар Паёмашон Ҷаноби Олӣ супориш доданд, ки ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, бахусус барои занону бонувон имконият медиҳад, замини тутзорҳоро ба муддати даҳ сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод намуданд.

Паёми имсола бо нусрату муждаи нав баҳри мардум ироа гардида, доир ба амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.

ИМОМНАЗАРИ КАРИМИЁН,
cардори Раёсати тадқиқоти
масъалаҳои соҳавии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед