Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ дар саҳнаи муносибатҳои байналмилалӣ дорои истиқлолу озодӣ ва манфиатҳои миллии хеш аст, ки қабл аз ҳама, ҳифз ва ҳимояи ин арзишоти бузург барои миллати тоҷик хеле муҳим ва сарнавиштсоз мебошанд. Воқеияти сиёсии олами муосир ва шаклгирии муносибатҳои нав дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҷаҳони кунунӣ ба як марҳилаи нави мубориза, рушд ва манфиатҷӯӣ ворид гардидааст. Чунин ҳолат боис гардидааст, ки рӯз ба рӯз амнияту оромӣ дар ҷаҳон халалдор гардад ва як қатор хатару таҳдидҳое ба вуҷуд омада, дар роҳи ҳифзи арзишҳо ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ монеа эҷод намоянд.
Аз ҳамин лиҳоз,  дар ҷаҳони пуртазод ҳар гуна тағйироте, ки ба вуҷуд меояд, таъсири он хоҳу нохоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мерасад. Маҳз бо назардошти чунин воқеоти ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сиёсати байналмилалӣ аз номи тамоми халқи Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро доранд, пайваста дар суханрониҳои хеш аз минбари созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ перомуни хатарҳои таҳдидкунанда ба амнияти ҷаҳон ва суботу оромии сокинони сайёра ибрози назар менамоянд.
Ҳар сол Президенти кишвар дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ, ки асосан дар бораи вазъ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии давлат ироа карда мешавад, ба ин масъала низ дахл менамоянд. Паём ин санади таҳлилӣ ва стратегию сиёсие мебошад, бо вижагиҳои хос аҳамият ва бартарияти онро аз дигар навъи суханрониҳо афзунтар мегардонанд, ки ишора намудани онҳо ба маврид аст:
– Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, фарогири соҳаи муайян набуда, балки он дар шакли система тамоми соҳаҳои ҷамъиятиро дар худ  инъикос менамояд;
– паёмҳо вобаста ба дастовардҳои ноилгардидаи давлат ва ташхиси равандҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷӣ омода мешаванд.  Чунин хусусияти Паём ифодагари материалӣ будани онро муайян мекунад. Яъне, моҳияти Паёмро он объектҳое, ки дар фазо ва вақти муайян давлати миллӣ ба он ноил гардидааст дарбар гирифта, барои дар оянда ба ҳадафҳои дигар расидан ҳамчун дастурамал заминаҳои воқеиро бавуҷуд меорад, ташкил медиҳанд;
– дар Паём истифода намудан аз методи муқоиса ҳангоми нишон додани вазъу ҳолати соҳаҳои ҷамъиятӣ ва натиҷагирӣ кардан аз онҳо бештар мушоҳида мегардад.
Мавриди зикр аст, ки ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ дар шароити муосир яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва асосии давлати миллӣ ба шумор меравад. Ин воқеияти бебаҳс аст. Чунки аз Афлотуну Арасту ва Форобиву Ғаззолӣ оғоз карда, то олимони ҷомеашиноси имрӯз бар он андешаанд, ки яке аз сабабҳои асосии пайдоиши давлатро зарурати ҳимоя намудани талаботу манфиатҳои одамон ташкил менамуд ва имрӯз низ давлати миллӣ ҳамчун ниҳоди ҳимоятгари манфиатҳо баромад мекунад. Аз ин хотир, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва давлат дар маркази диққати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, нуктаҳои Паёми навбатӣ далели ин амр аст. Тавре Пешвои миллат дар Паём зикр намуданд: “Ҳадаф аз стратегияву барномаҳои қабулшуда, ки ҷараёни татбиқи онҳо дар паёми имрӯза таҳлилу баррасӣ гардид, инчунин, мақсади ниҳоии қонунҳои қабулкардаи парламент, фармону амрҳои Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат аз он иборат аст, ки пешрафти давлат, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон таъмин карда шавад”.
Бояд гуфт, ки масъалаҳое, ки дар Паём мавриди натиҷагирӣ қарор гирифтанд, сирф хусусияти стратегӣ дошта, амалигардии онҳо дар самти ҳимоя намудани манфиатҳои миллӣ нақши бузург доранд. Чун манфиатҳои миллӣ талабот, хоҳиш, мақсад ва эҳтиёҷоти шахс, ҷомеа ва давлат мебошанд, ки ҳимояи онҳо ба воситаи воқеигардонии барномаву стратегияҳо имконпазир аст. Ҳамин ҷиҳати масъала бори дигар собит менамояд, ки он масъалаҳое, ки дар Паём ироа шуданд, ба масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ равона гардидаанд.
Масалан, дар доираи консепсияи манфиатҳои миллӣ шаҳрванд ва ҳуқуқу уҳдадорӣ, талаботу ниёзҳои он ҳамчун ядрои асосӣ баромад мекунад. Давлати миллӣ, ки шаҳрвандони муайянро дар марзи худ фаро гирифтааст, барои ҳимоя намудани манфиатҳои онҳо уҳдадор аст, зеро манфиатҳои миллӣ ин ҳамон манфиатҳои шаҳрвандон аст. Агар ба тарзи сода баён кунем, манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат дар якҷоягӣ манфиатҳои миллиро ташкил медиҳанд. Бо назардошти чунин вижагӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ беҳтар намудани шароит ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандони хешро дар садри сиёсати иҷтимоӣ қарор додааст. Барои даст ёфтан ба чунин ҳадаф то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор барномаву стратегияҳое қабул ва амалӣ гардидаанд, ки воқеияти ин гуфтаҳоро тақвият мебахшанд.


Алиназар АШӮРОВ,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр: Ҷумҳурият

Чоп кунед