Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунбарор “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ, муждаи пур аз навгониҳост ва мусоидат баҳри зиндагии шоиста мебошад.

Дар Паём аз самтҳои пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, ҳифзи иҷтимои аҳолӣ, ҷавонон, занон, варзиш, сайёҳӣ, рушди соҳибкорӣ ва дигар вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд, ки моро мебояд баҳри амалӣ гардидани онҳо камари ҳиммат баста, барои рушду нумуи кишвари маҳбубамон хизматҳои софдилона намоем.

Бояд тазаккур дод, ки  дар соли шадид ва сангини пандемияи COVID-19 мамлакати мо ба пешрафтҳо ноил гардида, талафоти натиҷаи онро бе мушкилоти ҷиддӣ паси сар намудем, ба ин нигоҳ накарда, иқтисоди кишвар 4,5 баробар рушд ёфта, ҳаҷми  маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ 8,8 ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро таъмин намуд. Хусусан, истеҳсоли маҳсулоти озуқа нисбат ба соли 2019-ум 28,3 фоиз афзоиш ёфт, ки ба беҳтар таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли  ватанӣ мусоидат намуд.

Тавре дар Паём таъкид гардид ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 5,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 1,3 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд. Соли гузашта 300 коргоҳу корхонаи нави  саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ, сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ин давра 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил карда шуда, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт.

Беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мо ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, роҳбарони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дигар вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шуданд, ки фаъолияти худро доир ба ҷалби сармояи мустақим боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, бахусус ҷиҳати ҷорӣ кардани расмиёти электронии баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, санадҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва дар ин раванд бартараф намудани омилҳои субъективӣ густариш диҳанд. Ҳамчунин, ба масъулон супориш дода шуд, ки минбаъд барасмиятдарории фаъолияти сармоягузориро тавассути пурра ҷорӣ намудани низоми электрониву рақамӣ амалӣ созанд ва фаъолияти марказҳои хизматрасониро ба соҳибкорону сармоягузорон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ монанд.

Ҷойи пушида нест, ки дастгирии доимии Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон ва бахши хусусӣ ва имтиёзҳои ҷудокардаашон боиси зиёд гаштани ҳаҷми  истеҳсолот дар соҳаҳои сохтмону бунёдкорӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ ва манбаи даромади буҷа гардид.

Ҷаноби Олӣ  бо як самимияти баланд хизматҳои соҳибкоронро дар бахши бунёдкорӣ ва сохтмони корхонаю таълимгоҳҳо, роҳҳо, манзилҳои истиқоматӣ,  бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра қайд намуданд, ки бо як буҷаи ҷумҳурӣ сохтмони ин қадар корхонаҳою манзилҳои истиқоматӣ ғайриимкон буд. Маҳз хизматҳои шоёни соҳибкорони мамлакат дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ чунин бунёдкориҳоро дар ҷумҳурӣ ривоҷу равнақ бахшид.

Дурандешии роҳбари кишвар оинаи равшане аст, ки дар Паём баҳри самаранок истифода бурдани замин, самари хуб гирифтан аз он ва зиндагии шоиста доштани деҳқононро таъкид намуд. Ва барало қайд намуданд, ки: “Шумо муроҷиатҳои маро ҷиддӣ қабул намоед. Маҳз таъкидҳои ман дар бобати захираи дусолаи маводҳои хӯрокворӣ барои ҳамин шабу рӯзҳои душвори ҳаёт ва паёмадҳои номаълуми табиӣ ишора шуда буд”. Мақсаднок ва оқилона истифода бурдани заминро дар мисоли як деҳқон, ки аз 0,16 сотих замин 36 тонна маҳсулот гирифтааст, тавсиф намуда, дигар хоҷагидоронро барои меҳнати самаранок ва софдилона даъват намуд.

Озод кардани пардохти андози ягона барои кишоварзон, хусусан хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар соли 2021, ки анқариб солона 200 млн. сомониро ташкил медиҳад, боз ҳам қадрдонии деҳқонро нишон дода, барои боло рафтани суръати истеҳсолот ва ғанӣ гардонидани дастархони моддии мардум саҳми босазо мегузорад. Барои хоҷагиҳои деҳқонӣ шароит пайдо мешавад, ки акнун маблағҳои озодшудаи андози ягонаро барои мустаҳакам намудани базаи техникӣ, хариди тухмиҳои аълосифат ва нуриҳои минералӣ васеъ истифода баранд.

Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтиромона ба масъулин ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз иброз доштанд, ки биёед “ Назоратчӣ нашавем, саҳмгузор бошем, агар кумак карда наметавонем, халал нарасонем”.

Паёми имсола бо нусрату муждаи нав баҳри мардум ироа гардида, дар доираи омодагӣ ба ҷашни ифтихории 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххасро пешниҳод намудааст. Аз ин лиҳоз, дар соли 2021 мо, шаҳрвандон, бо эътинои комил баҳри зиндагии шоистаи мардум ҳадафҳои онро иҷро ва амалӣ намуда, кишвари маҳбубамонро боз ҳам пешрафта  ва гулгуншукуфон намоем.

Имомназари Каримиён,корманди

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед