Омили рушди сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии ҳар як кишвар аз дуруст ба роҳ мондани фаъолияти минбаъдаи кулли ниҳодҳои идоракунию истеҳсолӣ вобаста мебошад, маҳз фаъолияти дурусти тамоми механизмҳои давлатӣ имкон медиҳад, ки рушди иқтисоди миллӣ ва нишондиҳандаҳои он вусъат ёбанд. Дар ин радиф нақши Паёми Президенти кишвар ҳамчун дурнамо хело муҳим мебошад.
Дар Паёми имсола, ки санаи 28-уми декабри соли 2024 дар бинои нави Парламент баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025–2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд”.
Дар ҳақиқат яке аз омилҳои асосии таъмин намудани рушди иқтисодиёти миллӣ дар доираи фаъолияти низоми молияи мамлакат ин ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ба шумор меравад ва дар ин замина барои амалӣ намудани сиёсати мукаммали молиявӣ, аз ҷумла сиёсати андозию буҷетӣ, қарзӣ ё ин ки сиёсати фискалию монетарӣ ва такмили низоми пардохтҳои ғайринақдӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Бо дарназардошти муҳим будани масъалаҳои вобаста ба рушди иқтисодиёти кишвар дар доираи ҳадафҳои миллӣ ба Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд.
Новобаста аз он, ки дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, боз ба Бонки миллии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки ҷиҳати идома додани пешниҳоди қарз бо дарназардошти фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ, ҳаҷми қарзҳои низоми бонкиро ба иқтисодиёт ҳамасола зиёд намоянд ва то охири соли 2027 ин нишондиҳандаро ба беш аз 100 млрд. сомонӣ расонад.
Ҳукумати ҳар як мамлакат бо мақсади ҳалли дурусти масъалаҳои иқтисодӣ ва таъмини пешрафти иқтисодиёташ сиёсати худро барои чанд соли оянда муайян менамояд. Мақсади асосии сиёсати иқтисодии ҳукумат чор чиз аст:
- таъмини рушди иқтисодиёт;
- таҳти назорат гирифтани таваррум (инфлятсия) ё роҳ надодан ба болоравии нархҳо;
- роҳ надодан ба бекории шаҳрвандон ё дар дараҷаи муайян нигоҳ доштани сатҳи бекорӣ;
- таъмини тавозуни пардохти мусбат ё ба таври дигар таъмини барзиёд будани содирот аз воридот.[1]
Таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ дар асоси рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, ки ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва такмили савдои электронӣ алоқаманд аст, метавонад ба афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ ва аз байн бурдани фасод заминаи устувор гузорад.
Дар баробари ин, ҳанӯз ҳам нокифоя будани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, зиёд будани хавфҳои қарзӣ, боқӣ мондани қарзҳои ғайрифаъол, кофӣ набудани ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ҷиҳати беҳтар намудани маблағгузории корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумлаи камбудиҳое мебошанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат монеъа эъҷод менамоянд.
Махсусан, дар шароити имрӯза, сарфи назар аз дараҷаи рушди нисбӣ, бахши молиявии кишвар бо сабабҳои мавҷуд будани баъзе камбудиҳо ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мебошад. Масалан, мавриди саноатикунонии босуръат эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегии кишвар, ки ин ба таъмини устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ замина мегузорад, баланд будани фоизи қарзҳои низоми бонкӣ мушоҳида мегардад.
Диаграммаи 1
Меъёри миёнавазни қарзҳои бонкҳо бо пули миллӣ ва бо асъори хориҷӣ дар давоми солҳои 2017-2024
(Бо фоиз)
Сарчашма: дар асоси маълумоти Бюллетени омори бонкӣ Декабр соли 2023 (341) саҳ. 71-72 ва сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон https://www.nbt.tj [захираи электронӣ]/upload/iblock/983/ ualss1lhvqf4g 04chpu0zzsdnlciytgr/BULL12%20new.pdf
Аз нишондиҳандаҳои диаграммаи 1 ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки аз соли 2020 сар карда пайваста паст гардидани фоизи қарзи бонкҳо нисбат ба солҳои 2017-2019 мушоҳида мегардад. Масалан, агар соли 2017 фоизи миёнасолонаи қарзи бонкҳо 28,18 дарсадро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда соли 2020 ба 22,4 дарсад баробар гардид, ки 5,78 дарсад паст гардидааст. Дар баробари ин давоми солҳои 2017-2020 меъёри миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ тамоюли пастшавиро ба худ касб намуд ва солҳои минбаъда низ, махсусан, давоми чор соли охир пайваста паст гардида истодааст.
Низоми бонкӣ дар шароити муосир вазифаҳои танзими ҳаррӯзаи амалиётҳои дохилии бонкӣ ва сохтани ҳисоботҳои муҳосибӣ, такмили низоми ҳисоботҳои байнибонкӣ, низоми худкори фаъолияти бонк дар бозори коғазҳои қимматок, тақвияти низоми иттилоотӣ, яъне гирифтани маълумотҳои фаврӣ оид ба тағйиротҳои амалиётҳои молиявиро иҷро менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои қаблӣ низ мавриди ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳиро ба соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ бо мақсади ба роҳ мондани коркарди бештари ашёи хом, таъмини шаҳрвандон бо ҷойҳои нави корӣ ва умуман бо мақсади таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ супоришҳои қатъӣ медоданд.
[1] Шариф Раҳимзода. Муомилоти пулӣ ва қарз. – Душанбе: «ЭР – граф», 2018. – 516 с.
Диаграммаи 2
Қарзҳои низоми бонкӣ нисбати маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар давоми солҳои 2017-2024
(ҳаз. сомонӣ)
Сарчашма: дар асоси маълумоти Бюллетени омори бонкӣ Декабр соли 2023 (341) саҳ. 42-43 ва сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон https://www.nbt.tj [захираи электронӣ]/upload/iblock/983/ ualss1lhvqf4g 04chpu0zzsdnlciytgr/BULL12%20new.pdf
Аз нишондиҳандаҳои диаграммаи 2 хулоса баровардан мумкин аст, ки соли 2017 маблағгузориҳои низоми бонкӣ 8608079 ҳазор сомониро ташкил намудааст ва соли 2024 ин нишондиҳанда ба 24600105 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст, ки афзоиш 15992026 ҳазор сомонӣ ё ин ки бештар аз 2,8 баробарро ташкил менамояд. Камшавии маблағгузориҳои низоми бонкӣ байни солҳои 2015 -2021 мушоҳида мегардид. Масалан, агар соли 2015 ҳамаи маблағгузориҳои низоми бонкӣ маблағи 11341660 ҳазор сомониро ташкил медод, ин нишондиҳанда дар соли 2018 ба 8741361 ҳазор сомонӣ расидааст, ки фарқият 2600299 ҳазор сомонӣ ё 29,7 дарсад кам гардидааст.
Агар ин нишондиҳандаро дар соли 2015 нисбати соли 2021 муқоиса намоем маълум мегардад, ки соли 2021 маблағгузориҳои низоми бонкӣ ба 11293370 ҳазор сомонӣ расида буд, ки нисбати соли 2015 ба маблағи 48290 ҳазор сомонӣ ё ин ки 0,43 дарсад кам мебошад. Агар ин нишондиҳандаро дар соли 2017 нисбати соли 2021 муқоиса намоем маълум мегардад, ки соли 2017 маблағгузориҳои низоми бонкӣ 8608079 ҳазор сомониро ташкил намудааст ва соли 2021 ба 11293370 ҳазор сомонӣ расидааст, ки афзоиш 2685291 ҳазор сомонӣ ё ин ки бештар аз 31,2 дарсадро ташкил медиҳад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити имрӯза, такмили хизматрасониҳои молиявӣ, махсусан беҳтар намудани хизматрасониҳои низоми бонкӣ бо дарназардошти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба самти нави рушди иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбат расонида, дар афзоиши ҳиссаи соҳаҳои хизматрасонӣ, саноату кишоварзӣ ва нақлиёту энергетика мавқеи назаррасро касб менамоянд.
Ҳамин тавр, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо дигар ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба субъектҳои алоҳидаи соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми қарзҳои низоми бонкиро ба иқтисодиёт ҳамасола зиёд намуда истодааст ва дар назар аст, ки то охири соли 2027 ин нишондиҳандаҳо ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонида мешавад.
Ғуломносирова Ф.М.,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон