Сатҳи рушди иқтисодиёт дар ҳама давру замон асос ва гарави ҳастии давлату ҷомеа мебошад ва он аз субот, вазъи сиёсӣ, самаранокии сиёсати иқтисодӣ, ислоҳоти саривақтӣ, сатҳи тахассусии кормандон, сифати идоракунӣ ва дигар омилҳо вобастагӣ дорад.

«Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешрафтҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 дарсад зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 дарсад таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.

Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷаи давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад», – омадааст дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари таҳлили ҳаматарафаи вазъи сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ ва муайян намудани роҳҳои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёт, барномаи стратегӣ ва дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрӯзҳо тамоми аҳли заҳмати ҷумҳуриамон, аз ҷумла кормандони мақомоти молия, аз ин санади барномавӣ руҳу илҳом гирифта, онро дастури кору фаъолият қарор додаанд.

Дар Паём тамоми самтҳои сиёсати дохилию хориҷии кишвар, роҳҳои рушди молияи давлатӣ ва иқтисодиёт, беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии мардуми ватанамон мушаххас нишон дода шудааст.

Дар ин санади роҳнамо махсусан, дар назди соҳаи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаҳои муҳим ва мушаххас доир ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии молияи давлатӣ, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар ва пешбурди минбаъдаи сиёсати андозу буҷет ҳамчун яке аз воситаҳои муҳимми танзимкунандаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, инчунин, устувор нигоҳ доштани нақши буҷет дар болоравии иқтисодиёт ва дар ин робита зиёд намудани музди кор, нафақа ва стипендия, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар гузошта шудааст.

Дар ин санади барномавӣ тамоми соҳаҳои давлатдорӣ – сиёсат, иҷтимоиёт, илм, маориф, фарҳанг, ҳифзи манфиатҳои давлат дар робита ба вазъ ва тавоноии иқтисодии мамлакат равшан шарҳу тавзеҳ дода шудаанд.

«Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд. Мо ҳамчунин, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятнок эълон намудем».

Бинобар ин, барои амалӣ намудани ин мақсад “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия ва тасдиқ гардидааст, ки барои татбиқи он миллиардҳо сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар натиҷаи амалӣ гардидани санади барномавии мазкур рушди молия ва иқтисодиёти мамлакат, идоракунии самаранок ва татбиқи афзалиятҳои кишвар таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагонии аҳолӣ хеле баланд бардошта мешавад. Ин имкон медиҳад, ки мушкилоти  воқеии тавозуни макроиқтисодӣ ва буҷет ҳал гардида, дар ин робита мақсади асосии сиёсати буҷет доир ба баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагии аҳолӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт амалӣ гардад.

Дар баробари ин, Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Мамлакат қайд намуданд, ки “…Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 дарсадро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид.

Ҳол он ки мо дар давраи пандемияи “КОВИД-19” беш аз ду сол дар шароити маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ қарор доштем.

Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид.

Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.”

Бояд тазаккур дод, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дарҷ гардид, ки “сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизӣ соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд”.

Тибқи маълумотҳои Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таваррум дар моҳи ноябри соли 2023 – юм 3,7 дарсадро ташкил намуда, ин нишондиҳанда бо манфии 0,2 дарсад ҷамъбаст гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин моҳи соли гузашта 0,7 банди фоизӣ кам мебошад. Дар моҳи баррасишаванда пастравии сатҳи нархҳо асосан аз ҳисоби коҳишёбии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ – 0,7 дарсад (саҳм дар таваррум -0,4 банди дарсадӣ) ба амал омад. Ҳамзамон, дар ин моҳ нархи молҳои ғайри хӯрокворӣ 0,4 дарсад (0,1 банди фоизӣ) ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 0,4 дарсад (0,1 банди фоизӣ) раванди болоравӣ доштанд.

Ҳамзамон, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 30 сентябри соли 2023 дар маҷмуъ, 63 адад ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 14 адад бонки анъанавӣ, 1 адад бонки исломӣ, 1 адад ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 19 адад ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 адад ташкилоти қарзии хурд ва 25 адад фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.

Бақияи сандуқи қарзии маҷмуии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳолати 30 сентябри соли 2023  маблағи 16 786,8 млн. сомониро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 3 851,6 млн. сомонӣ ё 29,8 дарсад афзоиш ёфтааст, ки ин аз ҳисоби зиёдшавии пешниҳоди қарзҳо ба шахсони воқеӣ, соҳаҳои тиҷорат ва соҳибкории хурду миёна ба амал омадааст.

Амонатҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳолати 30 сентябри соли 2023 17 399,0 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба 4 926,1 млн. сомонӣ ё 39,5 дарсад афзоиш ёфтаанд.

Ҳамчунин, дар Паёми имсола зикр гардидааст: “Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 дарсади соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд. Бо мақсади идома додани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 дарсад паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд.”

Ин нукта аз он шаҳодат медиҳан, ки мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол зери раҳнамоиҳои хирадмандонаву ободкоронаи Пешвои муаззами миллат давоми даҳ соли минбаъда ба зиндагии шоиста сазовор гардида, шароити зиндагии ҳамаи табақаҳои аҳолӣ хуб мегардад.

Яке аз рукнҳои асосии сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ғамхорӣ ва аҳаммият ба соҳаҳои иҷтимоиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва маоши кормандони соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ аст. Пайваста ба афзоиши ҳаҷми буҷети давлатӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ зиёд шуда, барои рушди илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш, баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагии шаҳрвандон бо роҳи зиёд намудани музди меҳнат, нафақа, стипендия ва дастгирии оилаҳои камбизоат, бо дарназардошти муқаррар намудани ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад.

Аз ин рӯ, аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 дарсад, маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 дарсад ва аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 дарсад зиёд карда мешавад. Ҳамзамон, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад. Ин аз ғамхории навбатии Пешвои муаззами миллат ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хизматчиёни давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони соҳаи буҷетӣ шаҳодат медиҳад.

Ғайр аз ин, кумакпулиҳои гуногун аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои ҳифзи иҷтимоии ятимон, бепарасторон, маъюбон, эҳтиёҷмандон ва дигар қишри аҳолии ниёзманд, аз ҷумла ҷубронпулӣ ба мактаббачагон аз оилаҳои камбизоат, ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқу газ ба оилаҳои камбизоат, ҷубронпулӣ барои иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамчунин оилаҳои бесаробонмондаи онҳо, иштирокчиёну маъюбони баратарафкунии садамаи неругоҳи атомии Чернобил ва дигар навъи кумакпулиҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчунин, дар хусуси ҷалби маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҷалби захираҳои иловагии молиявӣ барои рушди соҳаи иқтисодиёт, дастгирии буҷет ва системаи бонкӣ дарҷ гардидааст: “Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳафт соли охир ба кишвар ба маблағи беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.

Дар ин давра дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.”

Ҳамон тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Паёмашон зикр намуданд, сохторҳои давлатии кишвар ҷиҳати таъмин намудани нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ, самаранокии хароҷоти он ва фарогирии пурраи сарчашмаҳои имконпазири даромади буҷет раванди рақамикунонии молияву андозро густариш бахшида, дар муҳлатҳои наздиктарин низоми мукаммали муносибатҳои молияи рақамиро роҳандозӣ намояд.

Дар Паёми навбати  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин дар хусуси таҳким бахшидан ба ислоҳоти соҳаи андозу буҷет, пулию қарзӣ, фаъолияти иқтисодии беруна, идоракунии қарзҳои хориҷӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инкишофи соҳибкории хурду миёна, соҳибкории инфиродӣ, равнақ додани корхонаҳои хурду миёна, таҷдиди фаъолияти бонкӣ ва ғайра зикр гардидаанд, ки метавонанд дастури фаъолияти рӯзмарраи кормандони соҳаи молияю иқтисод бошанд.

Болоравии сатҳи иқтисодии кишвар, беҳбудии қисми даромади буҷети давлатӣ, равнақи бунёди корхонаҳои хурду миёна, рушди соҳибкории инфиродӣ моро ба ояндаи нек умедвор месозад. Ин ҷунбиши мусбати иқтисодӣ ба беҳбудии зиндагии мардуми диёр, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва ноил шудан ба истиқлоли энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, бунёди иншооти бузурги стратегӣ ва билохира, баромадан ба шоҳроҳи тараққиёт ва сабқат кардан бо кишварҳои пешрафта мусоидат менамоянд.

Тавре аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеояд, фақат бо роҳи эҷодкорона ва оқилона амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва дигаргунсозиҳои сохторӣ, истифода аз таҷрибаҳои пешқадами мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон, муносибати оқилона бо сармоягузориҳои хориҷӣ, истифодаи дурусти техника ва технологияи ҳозиразамон дар фаъолияти молиявӣ ва бонкӣ метавонанд кишвари моро ба роҳи умеду орзуҳо ба қуллаҳои боз ҳам баланди тараққиёт раҳнамун созад. Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат муҳтарам    Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бо ғурури баланди миллӣ, ҳисси бузурги ифтихори ватандорӣ ва мардумдӯстии худ машҳур гаштааст

. Танҳо ҳамин гуна ғуруру ифтихор доштан, бо меҳнати садоқатмандона саҳм гузоштани ҳар як соҳибватан дар пешрафт ва гулгулшукуфии мамлакати азиз метавонад моро ба субҳи босафои саодат ва ояндаи дурахшон бирасонад.

Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон бори дигар таъкид намуданд, ки мо бояд манфиатҳои милливу давлатиамонро аз тамоми манфиатҳои дигар болотару афзал дониста, таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли миллиамонро чун неъмати бебаҳо ҳифз намоем ва бо дасту дилу нияти пок ба халқу Ватан хизмат намоем.

                                                

Ғуломносирова  Ф.М.
муовини сардори Раёсати таҳлили
масъалаҳои макроиқтисодӣ
МТС – и назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед