Албатта, барои ҳар як давлату миллат рушди иқтисодиву иҷтимоӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо аз ҳамаи имкониятҳову захираҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд. Хусусан, мураккабшавии вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар сартосари кишварҳои ҷаҳон ва тағйирёбии бесобиқаи иқлим, аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ, тағйирёбии иқлим ва болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ, тавонист бо сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро таъмин намояд.
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири ҳамаи самтҳои гуногуни ҷомеа буда, дар он масъалаҳои гуногуни соҳаҳои кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дурнамои рушди иқтисодӣ ва вазифаҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои муҳимми стратегии кишвар ироа гардид.
Дар ин ҷода моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Барои расидан ба ин ҳадафҳо, пеш аз ҳама, инфрасохтори зарурӣ барои таъмини мутавозунии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва шароит барои беҳтар гардонидани афзоиши сармоягузориро таъмин намоем.
Новобаста аз мушкилоти иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати амалисозии тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронӣ чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Дар робита ба ин, афзоиши ММД-и кишвар нисбат ба соли 2023 8,4 дарсад зиёд гардида, аз 130,7 миллиард сомонии соли 2023 ба беш аз 150 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расонида шуд. Бешубҳа, суръати рушди иқтисодии кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ ба маротиб фарқкунанда буда, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 дарсадро ташкил медиҳад (ниг. ба диаграммаи 1).
Ҳаҷми ММД дар соли 2024 нисбат ба соли 2020 66,1 млрд. сомонӣ зиёд гардида, сатҳи зиндагии мардум рӯз то рӯз беҳтар гардида истодааст. Ҳамзамон, давоми чанд соли охир чунин сатҳи рушди иқтисодӣ дар баъзе кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба назар намерасад, дар баробари ин суръати рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кишварҳои ҳамсоя афзалият дорад.
Новобаста аз болоравии арзиши маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ, соли 2024 сатҳи таваррум 3,6 дарсад нигоҳ дошта шудааст ва ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 0,2 банди фоизӣ паст мебошад. Дар давоми панҷ соли қаблӣ сатҳи таваррум 29 дарсадро ташкил дод (ниг. ба диаграммаи 2).
Ҳамзамон, даромади пулии аҳолӣ сол то сол зиёд гардида, соли 2024 ба 147 млрд сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда дар соли 2023 ба 120,7 млрд сомонӣ баробар буд. Даромади аҳолӣ дар соли 2021-ум 80,5 млрд сомониро дар бар мегирифт. Хотирнишон бояд сохт, ки сатҳи даромаднокии аҳолӣ рӯз то рӯз баланд гардида, аз болоравии натиҷаҳои соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ, махсусан, соҳаи кишоварзию саноат ва нақлиёту энергетика бо дарназардошти рушди хизматрасониҳои молиявӣ, шаҳодат медиҳад. (ниг. ба диаграммаи 3).
Таҳияи барномаҳои давлатӣ, қабули стратегияҳои рушди миллӣ ва таҳияи консепсияҳои рушди соҳавӣ бо мақсади таъмини шаҳрвандон бо шуғли пурмаҳсул ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тавр, ҳар соле зиёда аз 1,5 дарсад сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфта, сатҳи зиндагии мардум торафт хубтар гардида истодааст. Масалан, сатҳи камбизоатӣ дар соли 2010–ум 45 дарсади аҳолиро ташкил медод ва дар соли 2023 бошад, ба 21,2 дарсад баробар гардид. Коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ низ аз рушди иқтисоди миллӣ вобаста буда, дар ин замина бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, коркарди бештари ашёи хоми ватанӣ ва содироти молу маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда дар соҳаҳои кишоварзию саноат ба паст гардидани ин нишондиҳанда мусоидат менамояд (ниг. ба диаграммаи 4).
Дарвоқеъ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ санаи 28 декабри соли 2023 ба Ҳукумати мамлакат супориш дода буданд, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 дарсад коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои дар боло зикргардида, бо беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ин нишондиҳанда аз 45 дарсади соли 2010 то 21,2 дарсад дар соли 2023 коҳиш дода шуд.
Вобаста ба ин, зарур аст, ки тавассути татбиқи самаранокии барномаву нақшаҳои қабулгардида, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад гузоштааст, ки то соли 2030 бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда, ММД-ро ба ҳар сари аҳолӣ то 3 баробар афзоиш дода, сатҳи камбизоатиро беш аз ду баробар паст намояд ва ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёнаро аз 22 то 50 дарсад зиёд гардонад.
Яке аз соҳаҳои дигаре, ки саҳми назаррас дар рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ мерасонад ин соҳаи кишоварзӣ баҳисоб меравад. Бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамчун ҳадафҳои стратегии кишвар дониста шуда, баҳри таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар, бо озуқаворӣ тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин, ҳифзи захираҳои табиӣ барои такрористеҳсолкунӣ замина фароҳам меоварад.
Мусаллам аст, ки тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат ба мунтазам афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ ва беҳтар таъмин гардидани талаботи истеъмоливу саноатии кишвар мусоидат карда истодаанд (ниг. ба диаграммаи 5).
Нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 50 миллиард сомонии соли 2020-ум ба 73 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расидааст, яъне дар панҷ соли охир қариб 1,5 ва давоми солҳои 2019-2024-ум 1,9 баробар афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тавр, вобаста ба самтҳои асосии рушди соҳаи кишоварзӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда, ба бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созем. Бар замми ин, бо дарназардошти афзоиши аҳолии мамлакат, барномаи азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ, инчунин, ҷиҳати самаранок истифода бурдани самаранокии замин, беҳтар гардонидани вазъи самтҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ ва таъмин намудани рушди инноватсионии соҳа бояд чораҳои саривақтӣ амалӣ карда шаванд.
Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, масъалаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инчунин, нигаҳдориву афзоиш додани содироти он ба хориҷи кишвар замина фароҳам оварем.
Ҳамасола, бо дарназардошти рушди нишондиҳандаҳои соҳаҳои воқеии иқтисодӣ, соҳаи кишоварзӣ низ чоряки ҳиссаи ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил намуда истодааст. Аз ҳамин сабаб соҳаи мазкурро яке аз бахшҳои муҳим дар иқтисоди миллӣ ном мебаранд ва рушди соҳаи мазкур ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат “таъмини амнияти озуқаворӣ” алоқаманд мебошад.
Амнияти озуқаворӣ ҳадафи асосӣ ва сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати кишвар кӯшиш менамоянд, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа имконияти воқеӣ ва иқтисодӣ дошта, бошад. Самти аз ҳама муҳим ва таъминнамои дараҷаи амнияти иқтисодӣ ва рушди минбаъдаи он аз соҳаи кишоварзӣ вобаста мебошад. Маҳз соҳаи рушдёбандаи кишоварзӣ ва фаъолияти самараноки он метавонад тамоми нишондиҳандаҳои амнияти озуқавориро таъмин намояд.
Иброҳимзода Иброҳим Шоҳ,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии
масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон