ДУШАНБЕ, 14.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар мубориза бо хатарҳочолишҳо ва таҳдидҳои муосир дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай Ҷумҳурии Тоҷикистон худро ҳамчун шарики боэътимод ва фаъол муаррифӣ намудаастПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсиси СҲШ доимо масъалаи буҳрони Афғонистонро дар сархати рӯзномаи маҷлиси созмони мазкур ба миён мегузоштанду вазъиятро пешгӯӣ мекарданд. Ба ин масъала баъзе аз кишварҳои аъзои СҲШ ва дигар кишварҳои ҷаҳон, ки аҳамияти ҷиддӣ намедоданд,   ҳоло, яъне дар вазъияти кунинии Афғонистон  инро дарк карданд ва баъзе аз онҳо дурустии мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эътироф карданд. Дар ин маврид доктори илмҳои сиёсӣ, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода ба АМИТ “Ховар” ибрози назар кард, ки андешаҳои пурраи мавсуф дар зер манзур мегарданд.

Басо рамзист, ки 20-умин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ба рӯзҳои ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  рост омадааст.

Мояи ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба яке аз маконҳои баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ва макони ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак оид ба мубориза бар зидди таҳдид ва хатарҳои замони муосир табдил ёфта,  имсол дар кишвари мо якчанд чорабиниҳои муҳими сатҳи баланди сиёсию амниятӣ таҳти раисии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегарданд, ки ҳар кадом аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво аҳамияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доранд.

Яке аз ин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ- ин саммити сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, ки  моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дарвоқеъ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз бунёдгузорони Созмони ҳамкории Шанхай  ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсис то ба имрӯз фаъолона иштирок карда, дар ташаккул ва рушди созмони мазкур бо ташаббусҳои мушаххас ва пешниҳодҳои созандаи худ ҷойгоҳ ва мақоми хосса доранд.

Гузашта аз ин, нақш ва саҳми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди созмон хеле муҳим аст.  Зеро расо 20 сол қабл  дар саммити сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай  дар шаҳри Душанбе идеяи табдил ё тағйири “Панҷгонаи Шанхай” ба “Созмони ҳамкории Шанхай” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони Ҳамкории Шанхай аҳамияти махсус дорад, зеро кишвари мо дар ибтидои таъсис ва ташаккули он меистод. Дар робита ба ин, мехоҳем таъкид намоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз давлатҳои бунёдгузори Созмони Ҳамкории Шанхай дар ин сохтор неруи азимеро мебинад, ки сатҳи ҳамкории минтақавиро ба таври назаррас баланд мебардорад. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти Созмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои Созмони Ҳамкории Шанхай фаъолона ширкат меварзад.

Ба ҳама маълум аст, ки раванди табдили панҷгонаи Шанхай ба Созмони Ҳамкории Шанхай 20 сол қабл дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми нишасти сарони давлатҳои Душанбе (5 июли соли 2000) оғоз ёфта буд, ки дар он кишварҳои узви Панҷгонаи Шанхай барои табдил додани «Панҷгонаи Шанхай» ба сохтори минтақавии ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаҳои гуногун талош меварзиданд.

Ҳамин тариқ, пешниҳоди табдили панҷгонаи Шанхай ба як созмони минтақавӣ ва байналмилалӣ, ки ҳоло ба ҳама бо номи Созмони Ҳамкории Шанхай – СҲШ маълум аст, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта шуд, ки ин нуфузу эътибори кишвари моро баланд бардошт.

Дар ҳамоиш дар Душанбе тасдиқ карда шуд, ки кишварҳои узви Панҷгонаи Шанхай омодаанд, ки барои таҳкими ҳамкории сиёсӣ, дипломатӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, низомӣ, ҳарбӣ-техникӣ ба манфиати субот ва амният ҳамкорӣ кунанд. Ҳамаи ин маънои онро дошт, ки кишварҳои узви Панҷгонаи Шанхай пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи табдил додани он ба як созмони минтақавӣ ва байналмилалӣ маъқул донистанд.

Дар саммити Душанбе кишварҳои панҷгонаи Шанхай нақшаҳои ҳамкории ояндаро дар доираи як созмони мустақил аниқ муайян карданд. Ғайр аз ин, дар сархати панҷуми Эъломияи Душанбе ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки якҷоя дар  мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва ҷудоихоҳии миллӣ ҳамкорӣ намоянд. Ин се самти мубориза, ки ба эъломияи саммити Душанбе дохил карда шуданд, дар оянда самтҳои асосии фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай гардиданд.

Дар Эъломияи Душанбе инчунин ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, фарҳанг, ташкили намоишгоҳҳо ва фестивалҳои гуногун, сайёҳати ҳунарӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи дурусти захираҳои об дар минтақа диққати ҷиддӣ дода шудааст.

Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Эъломияи Душанбе ҳадафҳо, вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти созмони ояндаи байналмилалӣ ва минтақавӣ – Созмони Ҳамкории Шанхайро, ки имрӯз дар сиёсати ҷаҳонӣ ҷойгоҳи махсусро ишғол кардааст, муайян намудааст.

Хусусияти дигари саммити Панҷгонаи Шанхай дар Душанбе он аст, ки он натиҷаҳои иштироки панҷсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин клуби сиёсӣ ҷамъбаст намуд.

Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз аъзои таъсисдиҳанда ва узви фаъоли СҲШ солҳои 2008 ва 2014 Шӯрои сарони давлатҳо ва дар солҳои 2006, 2010, 2018 Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ-ро раисӣ намудааст.

Бояд гуфт, ки бистумин солгарди СҲШ бо амри замон ва сарнавишти таърихӣ бо раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмон рост омад. Мо мутмаин ҳастем, ки давлати мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкории судманд ва созанда бо дигар кишварҳои аъзои СҲШ тавонистааст дар роҳи рушди устувор ва шукуфоии мардумони фазои СҲШ бо муваффақият ҳамкорӣ намояд. Дастёбӣ ба ҳадафҳои олии муқарраршуда дар назди кишварҳои узви СҲШ вазифа мегузорад, ки рушд ва таҳкими минбаъдаи муколамаи созандаи тарафҳоро идома диҳад. Аз ин ҷиҳат,  ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунандаи СҲШ дар соли 2021 дар ин давраи таърихӣ ба назар мувофиқ мерасанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар ҷаласаи онлайнии Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ таъкид намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар давраи раисии Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021 тамоми тадбирҳоро меандешад, то ки ҳамкории байнидавлатӣ дар доираи созмон ба марҳилаи сифатан нав гузарад ва фаъолияти ба нақшагирифтаи ин ташкилот, аз ҷумла ҷаласаи солгарди Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардад.

Имрӯзҳо омодагӣ ва баргузории саммити солгарди Созмон дар Душанбе идома дошта, иҷрои нақшаҳои баланд бардоштани иқтидори ташкилот дар муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав, тавлиди ғояҳои нав ва татбиқи лоиҳаҳои гуногуни муҳим барои васеъшавии Созмон, ҳамкориҳои илмӣ, гуманитарӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар доираи СҲШ бо давлатҳои нозир ва шарикони муколама, таҳкими муносибатҳо бо СММ ва мақомоти махсуси он ва дигар субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ дар назар аст.

Имрӯз мардум дар ҷаҳон ба СҲШ бо умед менигаранд ва итминон доранд, ки Созмон дар байни дигар созмонҳо пешсаф гашта, дар ҳалли мушкилоти шахсӣ ва иҷтимоии онҳо саҳм хоҳад гузошт. Дар ин росто, мо итминон дорем, ки саммити солгарди СҲШ дар Душанбе ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард. Инчунин бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ин ҳамоиши ҷашнии СҲШ дар соли 2021 фаъолияти бисёрҷабҳаи созмонро боз ҳам беҳтар намуда, нақш ва нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад.

Созмони Ҳамкории Шанхай, ки бистсолагии онро мо имсол ҷашн мегирем, аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ исбот кард, ки ҳамчун созмони фаъол ва ниҳоди бонуфуз на танҳо барои давлатҳои аъзо ё кишварҳои минтақа, балки дар сатҳи байналмилалӣ барои ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ва иштирокчиёни муколамаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангӣ, инчунин сиёсии байналмилалӣ мебошад. Аз ин сабаб, таҷлили бистумин солгарди таъсиси созмон барои тамоми мардуми минтақа ва ҷаҳон рӯйдоди муҳим хоҳад буд.

Айни замон бисёр давлатҳо лоиҳаҳои бузурги дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалии худро бо фаъолияти СҲШ мепайванданд. Чунин нуфузи олии Созмонро, пеш аз ҳама, роҳи тайкардаи бистсола ба вуҷуд овардааст. Дар як муддати аз нигоҳи таърихӣ кӯтоҳ СҲШ тавонист вазифаҳои муҳими стратегиро дар амал ҳал кунад. Таҷриба, дастовардҳо ва муваффақияти СҲШ, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки ин сохтори минтақавӣ дар кори худ аз принсипҳое кор гирифт, ки барои ба даст овардани манфиати умумӣ равона гардида буданд.

Яке аз принсипҳои асосии ташкилот табиати осоиштаи он мебошад. Фаъолияти он, пеш аз ҳама, ба таҳкими сулҳу амният дар  минтақа ва ҷаҳон равон гардидааст.

Ҳамин тариқ, намунаи аз ҷониби давлатҳои бунёдгузор таъсисёфта аз озмоиши замон гузашт ва СҲШ обрӯ нуфуз пайдо кард ва эътимоди ҷомеаи ҷаҳониро сазовор гардид. Сол аз сол зиёд шудани шумораи дархостҳои воридотӣ аз давлатҳо барои шомил шудан ба СҲШ аз афзоиши ҷаззобияти рӯзномаи кории мусбати Созмон, принсипҳои эълонкардаи он ва вазифаҳои он равшан шаҳодат медиҳанд. Дар ин замина, бояд гуфт, ки яке аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи рушди институтсионалии СҲШ раванди тавсеаи минбаъдаи он тавассути қабули давлатҳои нав мебошад.

Албатта, раванди тавсеаи Созмон намунаи боло рафтани нуфузи СҲШ мебошад. Вуруди Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба оилаи СҲШ мисоли равшани мақоми олии эътирофшудаи Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.  Дар баробари ин, бояд зикр кард, ки худи раванди васеъкунӣ барои худи ташкилот ниҳоӣ нест.

Вақте ки давлатҳои нав ворид мешаванд, нигоҳ доштани ҳамоҳангӣ, ҳисси эътимод ва эҳтироми тарафайн хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, бо давлатҳое, ки мехоҳанд ба СҲШ шомил шаванд, доимо гуфтушуниди муфассал идома дошт ва дар саммити Душанбе соли ҷорӣ раванди васеъшавии созмон  дар назар аст.

Ҳанӯз соли 2009, дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта  буданд, ки дар масъалаи васеъ кардани Созмон ҳамаи ҷанбаҳои мусбат ва манфии онро бо диққат баҳо додан лозим аст. Ҳамчун ҷонибдори тавсеаи СҲШ, кишвари мо аз он бармеояд, ки ин қадам на танҳо ба таҳкими минбаъдаи ягонагӣ ва дастгирии тарафайн дар доираи Созмон мусоидат мекунад, балки нишондиҳандаи афзоиши аҳамияти СҲШ дар сатҳи байналмилалӣ низ мебошад.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки дар тӯли 20 соли рушд, СҲШ дар пайдоиши дӯстон ва шарикони нав саҳм гирифт, дар Созмон сохторҳои назарраси нозирон ва шарикони муколама ташаккул ёфтанд ва дар бораи ҳамкорӣ бо ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳуҷҷатҳои дахлдор ба имзо расиданд. СҲШ робитаҳои байналмилалиро фаъолона инкишоф медиҳад, муколамаро бо СММ ва муассисаҳои он, ташкилоти минтақавии Осиё ва Аврупо тақвият мебахшад.

Рушди бистсолаи Созмони Ҳамкории Шанхайро таҳлил  карда, бояд тамоюли асосӣ, яъне рушди ҷиддӣ ва институтсионалии Созмон қайд карда шавад. Дар ин давраи таърихӣ, кишварҳои узви СҲШ ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибати навро ба ҳалли мушкилот печидаи минтақавӣ нишон доданд. Он, пеш аз ҳама, дар мубоҳисаи фаъол, инчунин дар мубодилаи васеи афкор байни тарафҳо, таҳияи усулҳои умумӣ ва ташаккули рӯзномаи умумии фаъолияти Созмон барои ояндаи наздик ифода ёфтааст.

Роҳи бистсолаи Созмони Ҳамкории Шанхай роҳи дӯстӣ, ҳамкории судманди тиҷоративу иқтисодӣ ва таҳкими муколамаи сиёсии кишварҳои узви СҲШ мебошад.

Дар тӯли бист соли мавҷудияти худ Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамчун як сохтори бонуфуз ва беназири байналмилалии фароминтақавӣ ва платформаи муҳим барои ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ ва минтақавӣ гардид. Дар ин муддат, таърих дурустии мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон дод, ки чунин изҳор намуда буданд: “Созмон дар марҳилаи кунунии рушд симо ва нуфузи худро дорад ва ба он имкон медиҳадки барои рушди ҳамаҷониба имконияти бузургро фароҳам орандАз ин рӯСҲШ ба бисёр давлатҳоташкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣки мехоҳанд бо он робитаи мустақим барқарор кунандтаваҷҷуҳ зоҳир мекунад”.

Фаъолияти СҲШ дар шароити вазъи зудтағйирёбанда дар арсаи ҷаҳонӣ ва паҳншавии чунин чолишҳо ва таҳдидҳои муосир, ба монанди терроризм ва экстремизм, киберҷиноятҳо ва пандемияи COVID-19 бори дигар шаҳодат медиҳад, ки аксари кишварҳои ҷаҳон зарурати ҳамкории бисёрҷонибаро эҳсос мекунанд ва дар ин робита онҳо СҲШ-ро шарики боэътимод меҳисобанд.

Вобаста ба ин масъала бояд гуфт, ки дар давраи пандемия Созмон худро ҳамчун платформаи муассир барои мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои муосири амниятӣ муаррифӣ карда тавонист. Кӯшишҳои дастҷамъонаи кишварҳои узви СҲШ, аз ҷумла, аз ҷониби дабири кулли СММ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва Лигаи кишварҳои араб эътирофи байналмилалӣ касб намуд.

СҲШ дар фаъолияти худ ҳамкории намунавии конструктивиро ҷиҳати ба даст овардани тартиботи ҷаҳонии баробар ва одилона дар асоси манфиатҳои ҳам кишварҳои аъзои он ва ҳам тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад.

Барои Созмони Ҳамкории Шанхай, нигоҳ доштани сулҳ, амният ва субот, таъмини рушди устувор яке аз афзалияти асосӣ буд ва боқӣ мемонад. Дар ин робита, СҲШ таҳияи заминаи ҳуқуқии байналмилалиро барои мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав идома хоҳад дод.

Дар давраи аз соли 2001 то имрӯз СҲШ зиёда аз 1400 санад қабул кардааст. Таҳлили ҳама санадҳои қабулшудаи СҲШ нишон медиҳад, ки 47% онҳо ба соҳаи амният дахл доранд.

Давоми 20 сол дар доираи СҲШ, хусусияти гуногунсамтаи ҳуҷҷатҳои коркардшуда аз хоҳиши ҷонибҳо барои пайваста ҳамоҳанг сохтани мавқеи худ оид ба мушкилоти асосии байналмилалию минтақавӣ ва ҷустуҷӯи имконоти ҳалли онҳо шаҳодат медиҳад.

Вобаста ба таъмини амнияти фазои СҲШ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қаблан дар доираи СҲШ бо ташаббуси таъсиси як маркази доимии зидди маводи мухаддир дар Тоҷикистон баромад карданд. Мо мутмаинем, ки ин иқдом саривақтӣ ва ба мақсад мувофиқ аст, зеро он ба Созмон имкон медиҳад, ки дар самти масъулияти худ ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир самараноктар мубориза барад.

Созмони Ҳамкории Шанхай аз рӯзи таъсис ба равандҳои низомӣ-сиёсии Афғонистон диққати ҷиддӣ медиҳад. Зеро қаламрави кишвари ҳамсояи Афғонистон яке аз манбаъҳои асосии чолишҳои амниятӣ дар фазои СҲШ боқӣ мондааст.

Дар соли 2021 рӯйдодҳои Афғонистон хусусияти сифатан дигар пайдо карданд.     Воқеияти кунунии буҳрони Афғонистон СҲШ-ро водор месозад, ки он фаъолонокии бештар нишон диҳад. Дар робита ба ин, мо итминон дорем, ки имрӯз барои СҲШ дар робита ба вазъи Афғонистон вақти гузариш ба қадамҳои қатъӣ фаро расидааст. Бисёре аз кишварҳои узви СҲШ, пеш аз ҳама, давлатҳое, ки бо Афғонистон марзи мустақими давлатӣ доранд, дорои иқтидор ва захираҳои назаррас ва мувофиқанд, бояд дар ҳалли сиёсии буҳрони Афғонистон саҳми ҳалкунанда гузоранд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда, доир ба мавқеи кишвар вобаста ба вазъи баамаломадаи Афғонистон чунин изҳори назар намуданд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақаллияти миллӣ, пеш аз ҳама, тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.

Баъдан сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад.

Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеи кулли мардуми Афғонистон, бахусус тамоми ақаллияти миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард.

Таъкид гардид, ки тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорад, ки барои таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва ҳарчӣ тезтар муътадил гардонидани вазъияти мушкили сиёсиву амниятии он бо роҳи гуфтушунидҳо чораҳои фавриро бинад.

Беэътиноии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба вазъияти имрӯзаи Афғонистон метавонад ба ҷанги давомноки шаҳрвандӣ дар ин кишвар оварда расонад”.

Дар айни ҳол СҲШ бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки ҳалли фавриро талаб мекунад. Буҳрони Афғонистон афзалияти аввалиндараҷаи ин рӯзнома аст. Бояд гуфт, ки ҳалли мусолиматомези он ба кишварҳои узви СҲШ имкон медиҳад, ки на танҳо рушд ва шукуфоии устуворро таъмин кунад, балки ба таҳкими нақш ва мавқеъ, инчунин нуфузи Созмон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат кунад.

Иштироки фаъоли Тоҷикистон дар СҲШ ба зарурати таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, робитаҳои боэътимод ва дӯстонаи байни кишварҳои узв ва нозирон, инчунин таъмини амнияти муштарак, субот ва рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа вобаста аст.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки саммити солгарди СҲШ дар Душанбе ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар тамом соҳаҳо мусоидат хоҳад кард. Ин ҳамоиши ҷашнии СҲШ дар Душанбе соли 2021 фаъолияти бисёрҷабҳаи Созмонро боз ҳам беҳтар намуда, нақш ва нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад.

Хулоса, метавон гуфт, ки СҲШ тавонист дар як муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ модели муассири ҳамкории бисёрҷонибаро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дода, бидуни муболиға ҷузъи ҷудонашавандаи натанҳо сиёсат ва амнияти минтақавӣ, балки байналмилалӣ гардад.

Дар охир барои ҳалли саривақтӣ ва муассири мушкилоти ҷойдошта ва дурнамои ҳамкорӣ пешниҳодҳои  зеринро мувофиқи мақсад мешуморем:

  1. СҲШ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд равандҳои дохилии сиёсии Афғонистонро бодиққат назорат ва пайгирӣ намоянд. Дар робита ба ин, ба назари мо, дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай кишварҳои аъзои он мубодилаи машваратҳои сиёсиро доир ба авзои ахири Афғонистон бо мақсади мубодилаи афкор ва таҳияи мавқеи Созмон оид ба вазъикунунии Афғонистон ба мақсад мувофиқ аст.
  2. Бозингарони калидӣ ва давлатҳои ҳамсояи Афғонистон, пеш аз ҳама, кишварҳои аъзои СҲШ дар чаҳорчӯбаи СММ бояд дар бораи таъсиси камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон қарори мушаххас қабул намоянд, то ба таври қатъӣ воридшавии ҳама навъи силоҳ, инфрасохтори низомӣ ва ҷангҷӯёнро ба Афғонистон иҷозат надиҳанд.
  3. Ба андешаи мо зарурати таҷдиди назари фаъолияти “Гурӯҳи тамоси СҲШ ва Афғонистон” пеш омадааст, зеро он воқеан дорои иқтидори бузург аст ва метавонад ба платформаи муассири ҳамкории босамар бо Афғонистон ва кишварҳои узви СҲШ табдил ёбад.
  4. Коркарди имкони амалӣ намудани механизми вокуниши сареъ ба мушкилоти дохилии сиёсии байни кишварҳои узвиСҲШ.
  5. Таҳияи нақшаи чорабиниҳо/Харитаи роҳ ҳамчун механизми амалҳои минбаъдаи муштарак дар соҳаи мубориза бар зидди коронавирус ва дигар таҳдидҳои эҳтимолии биологӣ ба кишварҳои узви СҲШ.

khovar.tj

Чоп кунед