Парчам яке аз рамзҳои давлатдорӣ буда, дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дорад, тибқи сарчашмаҳои таърихии бостоншиносӣ парчамдории мардуми мо таърихи зиёда аз чоҳазорсола дорад.

Инсоният дар ҳама давраҳои таърихӣ барои ифодаи мақсаду ҳадафҳо рамзҳои гуногунро эҷоду истифода намудаанд. Омӯзиши таърихи давлатдории аҷдодони ориёӣ маълум менамояд, ки ҳокимону пешвоён барои ифода кардани мавҷудияти давлати худ рамзу нишон, ишора, аломат ва дигар воситаҳоро қабулу истифода менамуданд.

Ҳанӯз аз замонҳои қадим дар рӯйи парчами мо рангу рамзҳои гоногун тасвир карда мешуд, ки онҳо ифодагари миллати муборизу тавоно ва худогоҳу худшинос будани тоҷикон ба шумор меравад. Дар замони Куруши Кабир тасвири уқоб дар парчам нишонаи қудрату тавоноӣ дониста мешуд ва ҳанӯз аз он замонҳо парчам рамзи як давлати неруманду устувор ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи оҳангар нишони возеҳи матонату ҷасорат ва ҷоннисориҳои халқи тоҷик арзёбӣ мегардад. Ниёгони мо тӯли ҳазорсолаҳо зери ливои хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд.

Дар адабиёти оламшумули тоҷику форс, аз ҷумла дар ашъори безаволи Мавлонои Румӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низоми Ганҷавӣ, Саъдӣ, Носири Хисрав, ва дигар мутафаккирон бузургии Парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ васф шудааст.

Аз варақгардонии таърихи халқи тоҷик маълум мегардад, ки парчам ҳамчун муқаддастарин рамзи давлат, як ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик мақом дошта, нишонаи нангу номус, ифодагари ҳастию пояндагии давлат ва арзишмандтарин мақадасоти давлатдорӣ ба шумор меравад.

Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги тоҷик мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Дар таърихи 24-ноябри соли 1992 гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба сессияи XVI-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд.

Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷҷасумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар сессия XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шӯрои Олии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд.

Рӯзи дигар, яъне 25-ноябри соли 1992 рамзи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон – Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори Шӯрои Олӣ ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тозаинтихоби ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Парчами давлати сари таъзим фуруд оварда қасам ёд намуданд.

Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди интихоб ё таъйин гардидан ба мансабҳои ҳокимияти давлатӣ ва хизмати давлатӣ шахси мансабдор ё хизматчии давлатӣ аз Президенти кишвар то сарбози оддӣ пеш аз шурӯъ ба иҷрои вазифа бо тартиби муқарраргардида савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунад. Чун қоида дар ҷойи баргузории маросими қасамёдкунӣ Парчам гузошта мешавад, ки эҳсоси муҳаббату садоқат ба ин муқадасотро бори дигар собит менамояд.

Парчам ҳамчун рамзи давлат ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад.

Тоҷикистони азиз ҳам баъди соҳибистиқлол гаштан ба масъалаи Парчами миллӣ диққати ҷиддӣ дода, ҷиҳати қабули нишон ва парчами миллӣ як қатор тадбирҳо андешид. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 12 майи соли 2007 қабул шудааст, Парчам, Нишон ва Суруди миллиро рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст. Дар Қонуни мазкур тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ муқаррар карда шудааст.

Дар моддаҳои 5-6  Қонуни мазкур ҷой ва тартиби ба таври доимӣ афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойгиркунии тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ  баъд аз Туркманистон дувумин кишвар аст, ки ба хотири Парчами миллии худ иди давлатӣ эълон кардааст. Аз соли 2009 то ба имрӯз тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябр дар саросари кишварамон чорабиниҳои бошукӯҳи идона баргузор карда мешавад. Ин чорабиниҳо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон–як рукни  муқаддасоти давлату миллатамон ба шумор рафта, дар тарбияи сиёсӣ ва маънавии шаҳрвандон аҳамияти бузург доранд.

Айни замон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Cозмони Милали Муттаҳид дар қатори парчами дигар кишварҳо ҷой гирифтааст, ки ин аз комилҳуқуқии халқу кишварамон гувоҳӣ медиҳад.

Парчами давлатӣ бар фарози биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ва дигар ҷойҳо афрохта шуда, парафшонӣ мекунад.

Бо дарназардошти ин ва инчунин, ба хотири гиромидошти нақши муассири Парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, насли наврасу ҷавонон, соли 2010 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он “Майдони Парчами давлатӣ” номгузорӣ шуд. Он дар ҷаҳон яке аз баландтарин парчамҳо ба шумор меравад ва дар баробари ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафарзоҳи кории худ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғиҳои фарҳангию фароғатии шаҳру ноҳияҳо Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.

Ҳадаф аз бунёди Парчами давлатӣ иборат аз он аст, ки мо бо ин васила дар қалби мардум, алалхусус, насли наврас ва ҷавонон, меҳру муҳаббат доштан ба истиқлолият, озодӣ, соҳибихтиёрӣ, рӯйсурхиву сарбаландии миллатамонро, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфтааст, тарбияву ташаккул диҳем.

Дарвоқеъ, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ тавассути рамзҳои давлатӣ аҳаммияти бисёр муҳим дорад, ки масъалаи худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ бештар таваҷҷуҳи ҳар як фарди худогоҳи миллатро ба худ ҷалб месозад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ба масъалаи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд ва мардуми кишварро ба дарки истилоҳи «бедориву ҳуввияти миллӣ ва зиракии сиёсиву таҳаммулпазирӣ» ҷалб месозанд.

Дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаднд, ки “Рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор, ки дар натиҷаи бархӯрди манфиатҳои қудратҳои сиёсии ҷаҳонӣ ба амал меоянд, барои хатару таҳдидҳои нав, ба монанди вусъат ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ замина фароҳам оварда, ба амнияти давлатҳо, аз ҷумла ба фазои орому осоиштаи Тоҷикистони азизи мо таҳдид менамоянд.

Аз ин рӯ, мо бояд ба масъалаи суботу амнияти Ватани азизамон ва ҳифзи давлату давлатдорӣ диққати боз ҳам бештар дода, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем ва дар зери Парчами давлатӣ ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ бошем.”

Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик ин нишони садоқатро баланд бардошта, аз дурахши рангу ҷилои зебои он ифтихор мекунанд. Бо гузашти қариб се даҳсола ин рамзи миллӣ ба мазҳари меҳанпарастӣ табдил ёфта, мардум ва махсусан, наврасону ҷавононро дар атрофи худ муттаҳид менамояд, ҳисси ватандӯстиашонро бештар мегардонад, умед ба ояндаи некро дар қалбашон қавӣ сохта, дар замири ҳар фарди миллат ҳисси эҳтиром ба истиқлолу озодии Тоҷикистони азизро тақвият мебахшад.

Аз фурсат истифода намуда, ҳамватанони азизро бо фарорасии ин ҷашни миллӣ самимона муборакбод намуда, барояшон сиҳатмандиву саодати рӯзгор ва иқболи неку пирӯзиҳоро таманно дорам.

 

ОЛИМЗОДА Валиҷон
муовини сардори Раёсати таъминоти
иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед