ДУШАНБЕ, 23.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мояи ифтихори ҳар фарзанди ватандӯсту миллатпарвари тоҷик аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 августи соли 2011 дар паҳлӯи чапи Маҷмааи давлатии Қасри Миллат дар баробари Нишони давлатӣ баландтарин Парчами Тоҷикистон барафрохта шуд. Дар бунёди он бинокорони корхонаи «Алюминсохтмон» ва ширкати байналмиллали «Трайдент Саппот» заҳмати зиёд кашида, ҳунари баланди касбӣ нишон доданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30 метр ва дарозӣ ё паҳноии он 60 метр мебошад.

Дар чунин шакл ва андоза бунёд намудани парчам ғурури давлатдорӣ ва ё худнамоӣ набуда, балки ифодаи давлатдории қадимии халқи тоҷик мебошад. Аз ин рӯ, бузургдошти Парчами давлатӣ — арҷгузорӣ ба  таҷрибаи давлатдории гузаштагони миллати тоҷик маҳсуб ёфта, ҳимоя ва қадрдонии он ба талоши ҳар фарди ҷомеа тавъам мебошад.

Дар зимн мулоҳизоти сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ манзури хонандагон гардонида мешаванд.

Парчами давлатӣ нишонаи бақои миллат, давлат, ваҳдату ҳувияти миллӣ ва яке аз беҳтарин василаҳои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандорӣ, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад.  Дар замони мо парчам ба ҷузъи асосии фаъолияти ташкилоту муассисаҳо табдил ёфтааст. Ягон гирдиҳамоӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, бозиҳо, интихобот ва маъракаҳои таблиғотию ташвиқотӣ бе истифодаи ин унсури дастрас, ибтидоӣ ва дар айни замон маълумотдиҳанда сурат намегиранд.

Миллати тоҷик тӯли таърих миллати парчамдор буд. Ҳамчун рамз (намод)  истифода шудани парчам таърихи куҳан дорад. Ба қавли олимон, он таърихи зиёда аз чорҳазорсола дорад. Бостоншиносон дар Эрон парчами филизие кашф намуданд, ки мутааллиқ ба ҳазораи сеи пеш аз мелод будааст. Ба андешаи муаррихон, ин ливо, ки болои он шер ва тӯлуи офтоб  тасвир  шудааст,  яке аз парчамҳои қадимтарин маҳсуб мешавад.

Дарвоқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз ливо ҳамчун рамз ё нишони даъват ба муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд, вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, амал мекард, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ва ё он ҷомеа, амсоли қабила, лашкар, равияҳои динию мазҳабӣ  ифода менамуд.

Ҳанӯз дар гузашта рушди рамзҳои  парчам ва такмили унсурҳои он ба тақвияти корҳои ҷангӣ мусоидат менамуд. Байрақ ё  ливо чун қоида, дар муборизаҳо маркази қӯшун ва ё макони ҷойгиршавии пешвои ҷангро ифода мекард. Ба даст даровардани парчами душман одатан рақибро аз лиҳози маънавӣ шикаст медод, зеро аз даст рафтани ливо ифодагари он буд, ки пешво мурдааст ва ё ӯ асир гирифта шудааст.

Баъдан бо гузашти вақт  парчам тағйир ёфта, шакли ягона ва муқарраршуда гирифт. Ба он акнун тасма ва ё пораи матоъ насб мекарданд. Илова шудани матоъ ба ин рамзи қадимӣ ҷиҳати дигареро хусусияти ҳатмӣ бахшид: акнун он бояд ҳатман дар ҳаво алвонҷ мехӯрд ва ин хусусиятро танҳо матоъ метавонист дошта бошад.

Бино ба маълумоти  сарчашмаҳои таърихӣ,  аввалин парчами матоӣ (то ин вақт пӯстӣ, пашмӣ, филизӣ ва ғайра истифода мешуданд) дар Чин пайдо шудааст. Сабаб ин буд, ки Чин маркази истеҳсоли масолеҳи абрешимӣ ба шумор мерафт ва ба тамоми ҷаҳон содир мешуд. Чун давлатҳо ба матои абрешимӣ дастрасӣ ёфтанд,  парчам тағйир ёфт ва акнун аз шамол алвонҷ мехӯрд.

Дар асари «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ низ дар ҷое парчам дар шакли чарминаи муқаррарӣ (Дирафши Ковиёнӣ) ва дар ҷои дигар дар шакли чарминае, ки дар он сурати гавазн  тасвир ёфтааст (Дирафши Сиёвуш), ба риштаи назм кашида шудааст,  аммо дар бораи ранг, таркибу андозаи он дар «Шоҳнома»  чизе гуфта нашудааст. Дар Аврупо чунин  парчамҳо каме баъдтар ба вуҷуд омаданд ва ба якчанд навъҳо ҷудо мешуданд: давлатӣ, ҳарбӣ, динӣ… Парчами давлатӣ ҳамчун рамз фарогири ҳамаи табақаҳои ҷомеа буд. Парчамҳои ҳарбӣ барои ҳар воҳиди ҳарбӣ хос буда, дар он рамз ва номи ҷузъу том навишта мешуд.

Барои идораи дурусти лашкари сершумор дар баробари гузоштани номи махсус, зарурат барои додани рамзи муайян низ ба миён омад, ки яке аз он рамзҳо ливо маҳсуб меёфт. Ливои динӣ ғайр аз маросими диниву мазҳабӣ  дар корҳои низомӣ низ истифода бурда мешуд.

Парчам вобаста ба он ки чӣ хизматро адо мекунад, метавонист андозаи куллан гуногун дошта бошад. Яъне ливо  андозаи васеъ дошта, дар нуқтаи баланд насб карда мешуд. Бар замми ин, ҷуз вазифаи даркнамоӣ ва ҷудокунӣ, парчам акнун барои ифодаи мавқеи сиёсӣ, варзишӣ ва шахсӣ истифода мешуд.

Беш аз ҳама парчамҳо ба сифати ҷузъи зебоӣ истифода шуда, кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо бо рангҳои парчам оро дода мешаванд. Ҳамчун ифодаи қурбонии роҳи ватан сарбозони фавтида бо парчам дафн карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва  кӯшишу талоши пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз зери мавҷҳои  Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва  меоянд.

Хушбахтона, баъди садсолаҳо бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик аз нав соҳиби Парчами миллӣ гардид. Дар баробари ин, Истиқлолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили тамоми ҷашнҳои таърихӣ ва миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити хеле мусоид фароҳам овард.

14 октябри соли 1924 Ҷумҳурии  Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта, бо қарори Президиуми Кумитаи  Иҷроияи Марказӣ аз 23 феврали соли 1924 Парчами давлатӣ қабул карда шуд, ки аз матои сурх иборат буда, дар кунҷи он нишони давлатӣ бо навиштаҷоти “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед”  тасвир ёфта буд.

16 октябри соли 1929 Ҷумҳурии  Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ва 5 декабри соли 1929 бевосита ба ҳайати ИҶШС шомил карда шуд. Моҳи апрели ҳамон сол Парчами давлатӣ дар таҳрири нав қабул шуд. Баъди қабули Парчами давлатӣ аз соли 1929 то соли соли 1953 ба он ҳафт маротиба  тағйир  ворид карда шуд. Аз соли 1953 то соли 1991 он бе тағйир арзи вуҷуд дошт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти  давлатии худро эълон карда, 2 марти соли 1992 ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. Узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами нави ҷумҳурӣ таҳия ва тасдиқи худро наёфта буд. Вақте маросими ботантанаи узвият ба СММ 2 марти соли 1992 бо бардоштани парчами кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Сан-Марино, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар бинои созмон оғоз шуд, барои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон бо далели қабул нашудани парчами нав парчами ҶСС Тоҷикистон, ҶСС Қазоқистон, ҶСС Қирғизистонва ҶСС Туркманистон  бардошта шуд.

То санаи қабули Нишон ва Парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён меёфт. Дар озмун  беш аз 200 лоиҳа пешниҳод гардид, ки ҳар лоиҳаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳаммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Лоиҳаҳои пешниҳодгардида ҳамагӣ матои серанга (матоъ бо се тасмаи ранга) буданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик буд. Яъне ранги сурх — озодӣ, сафед — оромӣ, сабз — ободии давлат ва миллатро ифода мекард.

Ниҳоят, Комиссияи давлатӣ ба кори худ бо интихоби лоиҳаи Парчам ва Нишони давлатие, ки аз ҷониби З.Ҳабибуллоев, А. Заневский, Л. Додхудоева, Н.Игнатушина ва М.Сайдалиев пешниҳод шуда буд, нуқта гузошт. Шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард ва танҳо  24 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардид.

Пеш аз ин парчамҳо  танҳо рамзи фарқкунандагии давлатиро иҷро мекарданд, ки Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии тобеъ аз 14 ҷумҳурии дигари Иттифоқ дар фарқ қарор медоданд. Парчами нав  акнун Тоҷикистонро на чун давлати тобеъ, балки ҳамчун ҷумҳурии мустақил миёни зиёда аз 200 давлати дунё ба ҷаҳон муаррифӣ менамуд. Зери Парчами  давлатии навқабулшуда орзуҳои нав ва интизориҳои халқи тоҷикро ифода месохт. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ интизориҳои тоҷикистониёнро як муддат зери хатар бурд, аммо он дуру дароз давом накард ва баъди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27.06.1997) эътиқоду умеди мардум ба давлат ва  ба ояндаи дурахшон  дучанд шуд.

Баъди парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ 9 сентябри соли 1991  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, аммо бинобар нооромиҳои сиёсӣ, сари вақт рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул нагардиданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, баъди барқарор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ қабул гардид. Яъне, бо ташаб­буси Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябри соли 1992 Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр соҳиби Парчами давлатӣ гардид.

Тоҷикписари қирғизистонӣ Солиҷон Шарипов 23 январи соли 1998 ба кайҳон парвоз намуда, бо худ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро бурда буд. Ин парчам мудати 193 рӯз дар кайҳон буд. Бояд гуфт, ки Солиҷон Шарипов қаҳрамони Қирғизистон ва Федератсияи Русия мебошад.

Парчами давлатии Тоҷикистон иборат аз матои росткунҷа буда, дорои се рахи рангаи уфуқӣ мебошад: рахи боло ранги сурх, мобайнӣ ранги сафед ва поёнӣ ранги сабз дорад. Дар рӯи рахи сафед, дар мобайни Парчам, бо зарҳал тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудаанд.

Ранги сурхи Парчам — рамзи мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед — рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз — рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

Тоҷ рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибихтиёрӣ, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст.

Ҳафт ситора — рақами муқаддас дар оину суннат ва ҳикмати халқи мо, рамзи бахту саодат, некӣ ва пайванди арзишҳои заминӣ ва кайҳонӣ мебошад.

Басо рамзист, ки ҳафт минтақаи ҷумҳурӣ — Бадахшон, Суғд, Хатлон, Зарафшон ва водиҳои Вахшу Рашту Ҳисор низ ба ҳафт ситора мувофиқат мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 3 ноябри соли 2009 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва тибқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.

Бори аввал мардуми кишвар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ҳамчун иди умумимиллӣ 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳиб­ихтиёрӣ  таҷлил намуданд.

Парчами давлатӣ нишонаи бақои миллат, давлат, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ ва яке аз беҳтарин василаҳои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандорӣ, ифтихор аз миллати хеш ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии халқамон мебошад. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд:

«Мо таҳти ҳамин Парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкоронаро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд».

khovar.tj

Чоп кунед