Тоҷикон ҳанӯз аз бомдоди таърих ҳамчун миллати асилу  соҳибватан ва ягона халқи ориёинажод дар қаламрави Осиёи Миёна бо тамаддуну фарҳанги баланд ва арзишҳои олии хеш зиндагонӣ намуда, бо ҳар заминае ба инкишофу равнақи маънавӣ ва моддии башарият нақши мондагор гузоштаанд. Бояд тазаккур дод, ки ниёгони мо аз қадимулайём давлатсозу фарҳангсолор буда, арзишҳои давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва рамзҳои давлатиро дар баландтарин кохи маънавӣ ниҳода,  дар ҳар давру замон барои поянда нигоҳ доштани парчами озодӣ заминаҳои мусоид гузоштаанд.

Манбаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Махсусан, дар ҳаёти мардуми эронинажод пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим рост меояд. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар Шарқи Эрони бостон, парчами хурди филизиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз милод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулуи офтоб нақш ёфта буд, яке аз қадимтарин парчам дар таърихи башарӣ ҳисобида мешавад.

Дарвоқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз парчам ҳамчун рамз ё нишонаи даъват, муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекард.

Хотирнишон бояд сохт, ки миллати тоҷик ҳанӯз дар замони Каёниён соҳиби дирафше буд, ки аз давлатдорию ватандорӣ шаҳодат медод, ки онро ҳамчун “Дирафши Ковиён” ном мебурданд.  Қайд кардан бамаврид аст, ки  вожаи “Дирафш” дар замонҳои пеш ба маънои парчам ва нишон фаҳмида мешуданд. Ахтар ба маънои ситора, яъне ситораи бахту иқбол, сарнавишту толеъ, файзу баракат ва дирафш бошад, ба маънои нур, ҷило, дурахшидан, рӯшноӣ додан ва ё тобанда омада буд, ки он ҳамчун парчам маҳсуб меёфт. Ба ин амсол аввалин парчами таърихии тоҷикон «Дирафши Ковиён» ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда шуда буд. Дирафши  Ковиён то замони суқути давлати Сосониён парчами миллӣ шинохта мешуд. Бояд гуфт, ки дар давраи Сосониён шакли он тағйир ёфта, дар қисми болоии он парандаи заррин – мурғи ҳумо тасвир ёфта, дар он қимматтарин сангҳо насб карда шуда буданд. Чунончи, Абулқосим Фирдавсӣ низ дар асари хеш “Шоҳнома” Дирафши Ковиёнро васф мекунад:

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой
Бипӯшанд ҳангоми захми дарой,
Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард…
Чу он пӯст бар найза  бар дид кай,
Ба некӣ яке ахтар афканд пай.
Биёрост онро ба дебои Рум,
Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.
Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,
Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ Дирафш».

Ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо дирафши хосси худро доштаанд. Дирафш аз замонҳои қадим нангу номуси миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, баҳри ҳимояи ин  муқаддасот ҷоннисориҳо низ шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар замони Шӯравӣ то қабули парчами кунунӣ халқи тоҷик бо сабабҳои гуногуни таърихию тобеиятӣ борҳо парчами хешро иваз намуд. Сабабҳои тағйирёбии парчам дар он зоҳир мегардад, ки Тоҷикистон дар аввал ҳамчун ҷумҳурии мухтор ва баъдан ҳамчун ҷумҳурии мустақили Шӯравӣ таъсис шуда буд.

Аз соли 1924 то соли 1992 бо пешрафту дигаргун шудани вазъи сиёсии давлат парчам низ иваз гардид. Баъди он ки Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистӣ аз хайати ҶШС Ӯзбекистон берун шуд ва ба ҶШС Тоҷикистон табдил фетв ва ба ҳайати ИҶШС дохил гардид, аввалин парчами худро 23 феврали соли 1929 қабул намуд. Баъди гузашти ду соли парчамдорӣ, яъне аз соли 1931 дар замоне, ки Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон қабул гардид, зарурати иваз намудани парчами он ба миён омад ва дар натиҷа парчам иваз карда шуд. Бояд гуфт, ки Парчами зикргардида дер давом накард, яъне аз соли 1931 то соли 1935 амал намуда, бинобар сабаби номувофиқ буданаш ба талаботи замон, боз зарурати қабули парчами нав ба миён омад. Ҳамин тавр, 4 июли соли 1935 парчам дигарбора иваз гардида, дар он номи ҷумҳурӣ бо забони русӣ навишта шуд ва он то соли 1940 амал намуд. Аз соли 1940 то соли 1946 парчам бори дигар иваз карда шуд. Замоне ки соли 1928 алифбои тоҷикӣ аз форсӣ ба лотинӣ табдил ёфта, ба парчам низ таъсир  расонид ва дар он бо ҳарфҳои лотинӣ “RSS Tojikiston” ва русӣ “Таджикская ССР” навишта шуд. Ҳамчунин, дар болои он нақши досту болғаро тасвир карданд. Бояд қайд кард, ки баъди оне ки алифбо аз лотинӣ ба кирилии русӣ иваз гардид парчам боз тағйир дода шуд. Яъне дар он номи ҷумҳурӣ бо ҳарфҳои кирилии тоҷикӣ “РСС Тоҷикистон” ва русӣ “Таджикская ССР” навишта шуд ва ин парчам то соли 1953 фаъолият намуд. Аз соли 1953 то соли 1991 парчами Тоҷикистон як матои росткунҷаи сурх буда, дар он рахи сафед ва сабз тасвир гардида буд, ки рахи сафеди он назар ба рахи сабз як маротиба калонтар буд ва дар болои он нишонаи досу болға гузошта шуда буд. Аз соли 1991 то соли 1992 бошад Тоҷикистон парчами замони шӯравиашро бо андак тағйирот, яъне бе нишонаи досу болға истифода мебурд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз касби Истиқлоли давлатии худ 9-уми сентябри соли 1991, яъне баъди панҷ моҳ ҳамчун ҷумҳурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. Узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия нагардида буд. Вақте маросими ботантанаи узвият ба СММ 2-юми марти соли 1992 бо бардоштани парчами кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар бинои СММ оғоз шуд, барои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон бо далели қабул нашудани парчами нав, парчами қаблии замони ҶШС бардошта шуд.

То санаи қабули нишон ва парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён меёфт. Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш гардид, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳамммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор медод. Ҳамаи иштирокдорони озмун беҳтарин парчами миллӣ матои серангаро пешниход намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик буд.

Ҳамин тавр, комиссия ба кори худ бо интихоби лоиҳаи парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби Ҳабибуллаев З., Заневский А., Додхудоева Л., Игнатушина Н. ва Сайдалиев М. пешниҳод шуда буд, нуқта гузошт. Даргириҳои муноқишаҳои  ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард ва танҳо санаи 24-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардид. Дар ҳамон Иҷлосия “Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки дар асоси он ба моддаҳои 169 ва 170 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Мувофиқи он “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад”.

Бояд тазаккур дод, ки моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатӣ баландтарин парчам дар шаҳри Душанбе  (165 метр) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки парчами мо аз ҷониби фарзандони фарзонаи миллат дар арсаҳои ҷаҳонӣ парафшон гашта, моро дар роҳи ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихор аз таъриху оин ва фарҳангу адабиёт ҳидоят мекунад.

Ҳамин тавр, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо бо ин парчам ифтихор дорем.

 

Рустамҷони Сайдуллои Қузратзода,
муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Салихов Ҷамшед Бобохалилович,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед