Ливои паҳлавон парвоза афшон,
Душанбе меҳмон дорад зи эшон,
Дадиро нек гардонад ба бозӣ,
Ба пешвозаш биёрад хони эҳсон.
.
Чӣ зебо нур бар чашмам расида,
Тулӯӣ хуршед бурҷи васада,
Қатора саҷда дорад родмардаш,
Худоё, дур бод чашми ҳасада.
.
Душанбе дар ҷаҳон овоза дорад,
Гулафшонаш баҳори ноза дорад,
Диҳад модар ба фарзандаш дуояш,
Ки иқболаш навои тоза дорад.
.
Қадам монад шераш байни қайдон,
Сараш болост аз чанголи сайдон.
Ба дасти тоҷик аст парчам парафшон,
Чӣ пешопеш ояд рӯйи майдон.
.
Ба ҳамдилию сулҳ аст одамизод,
Зафар дорад тоҷик бо дили шод.
Нигоҳаш барқ аз хурсандӣ дорад,
Ҷаҳону бар дараш ободияш бод!
Назриева О.Ш.
номзади илмҳои фалсафа