Ҳар як кишвар аз қадимулайём нишонаҳои давлатдории худро дошта, он ҳамчун муқаддасот дар сохтори давлатдорӣ ба шумор меравад. Парчами миллӣ низ яке аз муқаддасот аст, ки симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, хонаводаву фарзандони худ, таъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст.

Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ  баъд аз Туркманистон дувумин кишвар аст, ки ба хотири Парчами миллии худ иди давлатӣ эълон кардааст. Аз соли 2009 то ба имрӯз тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябр дар саросари кишварамон чорабиниҳои бошукӯҳи идона баргузор карда мешаванд. Ин чорабиниҳо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон–як рукни  муқаддасоти давлату миллатамон ба шумор рафта, дар тарбияи сиёсӣ ва маънавии шаҳрвандон аҳамияти бузург доранд.

Агар ба гузаштаи халқамон назар афканем, Парчам дар ҳаёти мардуми куҳанбунёдамон таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои гуногуни то имрӯз боқимонда гувоҳӣ медиҳанд, ки Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус мавҷуд будааст.

Парчам, байрақ, ливо ва дирафш ҳаммаънои якдигар буда, ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ ҳанӯз аз замони Каёниён (аз аҷдоди мо) истифода бурда мешуд. “Дирафши Ковиёнӣ” бошад, то замони аз байн рафтани давлати Сосониён ҳамчун парчами миллӣ ва давлатии аҷдоди мо ба ҳисоб мерафт.

Бояд зикр намуд, ки Дирафши Ковиёнӣ – парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод ҳанӯз аз замони Пешдодиён машҳур буд. Баъзе таърихнигорон нахустин парчами миллии мо, яъне Дирафши Ковиёниро марбут ба парчами чармии қаҳрамонии милли мо–Коваи Оҳангар донистаанд, ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки Морон бархост ва пешдомани чармини оҳангарии худро ба найзае овехта, онро парчами муборизаи дод бар бедод қарор дод. Вақте ки мо имрӯз, дар оғози асри бистуяк, ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳу равшан мебинем, ки ниёгонамон дар зери Парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд.

Тоҷикистони азиз ҳам баъди соҳибистиқлол гаштан ба масъалаи Парчами миллӣ диққати ҷиддӣ дода, ҷиҳати қабули нишон ва парчами миллӣ як қатор тадбирҳо андешид. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 ҳамчун рамзи барқарории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон қабул гардида буд. Айни замон, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Cозмони Милали Муттаҳид дар қатори парчами дигар кишварҳо ҷой гирифтааст, ки ин аз комилҳуқуқии халқу кишварамон гувоҳӣ медиҳад.

Парчами давлатӣ бар фарози биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ва дигар ҷойҳо афрохта шуда, парафшонӣ мекунад.

Бо дарназардошти ин ва инчунин, ба хотири гиромидошти нақши муассири Парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, насли наврасу ҷавонон,  соли 2010 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони Парчами давлатӣ» номгузорӣ шуд. Он дар ҷаҳон яке аз баландтарин парчамҳо ба шумор меравад.

Ҳар як фарде, ки имрӯз ба назди Парчами давлатӣ ва Нишони миллӣ меояд, хуб эҳсос мекунад, ки ин ду рамз ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудаанд.

Ҳадаф аз бунёди Парчами давлатӣ иборат аз он аст, ки мо бо ин васила дар қалби мардум, алалхусус, насли наврас ва ҷавонон, меҳру муҳаббат доштан ба истиқлолият, озодӣ, соҳибихтиёрӣ, рӯйсурхиву сарбаландии миллатамонро, ки дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфтааст, тарбияву ташаккул диҳем.

Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори зиёд дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем. Ҳар як фарзанди тоҷик барои парчамбардору номбардор ва ифтихори миллату Ватани ҷоноҷонамон будан, бояд ҳамеша талош намояд.

Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад, зеро Парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ ба шумор меравад.

 

Мирзо Ашӯров,

 коршиноси масоили сиёсии Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед