Сада дар радифи Наврӯз, Тиргон, Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои бузурги ориёӣ ба шумор меравад, ки таърихи қадима ва чандҳазорсола дорад. Агар Наврӯз ҷашни шукуфоию зебоӣ, файзу нишот, эҳёи инсону табиат бошад, Тиргон ҷашни ҳурмату арҷгузорӣ ба об буда, ҷашни обу ободӣ ва файзу баракати рӯзгор мебошад, Меҳргон ҷашни ҳосилот, фаровониву сериву пурӣ аст, Сада ҷашни нуру гармӣ, рӯшноӣ ва тантанаи пирӯзиҳои инсон мебошад. Ин ҷашнҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандона ва фарҳангсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардиданд. Эҳёву таҷлили Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада дар замони Истиқлоли давлатӣ воқеан эҳёву таҷлили бунёди маънавию фарҳангӣ ва инсонии миллати мо гардид. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барҳақ фармудаанд: “Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад. Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид. Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст. Рамзу маъниҳои Сада хеле зиёданд, аммо моҳияти асосии ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад”.

Бояд тазаккур дод, ки дар осори адибон ва донишмандони гузашта ва имрӯзаи форсу тоҷик дар бораи таърихи пайдоиши ҷашни бостонии Сада маълумоти арзишманд дода шудааст. Аз ҳама бештар дар осори илмию бадеии даврони Сомониён, Ғазнавиён ва Ғуриён доир ба пайдоиш ва моҳияти ҷашни Сада иттилоъ ба чашм мерасад. Инак, гуфтори бузургони илму адаб ва фарҳангро дар боби ин ҷашни қадимаи ниёгонамон чун муште аз хирвор манзури шумо менамоем.

***

Магар меҳри Наврӯзу ҷашни Сада,
Ки ӯ пеш рафтӣ миёни рада.

Абулқосим Фирдавсӣ

***

Биҳиштам биёмад зи оташкада,
Чу наздик шуд рӯзгори Сада.

Абулқосим Фирдавсӣ

***

Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯйи кӯҳ,
Гузар кард бо чанд каси ҳамгурӯҳ.

Падид омад аз дур чизи дароз,
Сияҳрангу тиратану тезтоз.

Ду чашм аз бари сар ду чашмаи хун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.

Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу санг,
Гирифташ яке сангу шуд тезчанг.

Ба зӯри каёнӣ раҳонид даст,
Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯ ҷаст.

Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг гардид хурд.

Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.

Нашуд мор кушта, валекин зи роз,
Аз ин табъи санг оташ омад фароз.

Ҷаҳондор пеши Ҷаҳонофарин,
Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.

Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.

Шаб омад бирафрухт оташ чу кӯҳ,
Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард,
Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард

Абулқосим Фирдавӣ

***

Ба Наврӯзи Ҷамшеду ҷашни Сада,
Ки нав гаштӣ ойини ҷашни Сада.

Низомии Газнавӣ

***

Афридун ҳамон рӯз, ки Заҳҳок бигрифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд.

Аз “Наврӯзнома”-и Умари Хайём

***

Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгоре аз Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс падари нахустин дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд ва бархе бар онанд, ки дар ин рӯз фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад расиданд ва низ омада шумори фарзандони Одам Абулбашар дар ин рӯз ба сад расид.

Абурайҳон Берунӣ

***

Ҳамон рӯзе, ки Заҳҳокро бигрифта ва мулк бар вай (яъне Фаридун) рост гашт, ҷашни Сада бинҳод ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини он подшоҳони некаҳд дар Эрону Тӯрон ба ҷой меоранд.

Умари Хайём

***

 Вожаи “Сада” дар китоби “Авесто” ҳам ба маънои тулуъ кардан ва ҳам ба маънои ғуруб кардан омадааст ва ба гумони зиёд, ҷашни Сада ба як ҳодисаи кайҳонӣ, яъне тулуъ ва ғуруби ҳамзамони ду ситораи пурнуру дурахшон дар нахустин шабҳои баҳманмоҳ дар ҳудуди панҷ ҳазор сол пеш иртибот дошта бошад. Ҷашни Сада ҳеҷ гоҳ ба ҳеч як аз қавмҳо ё динҳои бостонӣ иртиботе надошта ва ҳамеша ҷашни ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ будааст.

Ризо Муродии Ғиёсободӣ

***

Биовар май, ки гоҳи комронист,
Зи май моро ҳавои саргаронист.

Наво сар деҳ ба оҳанги ҳумоюн,
Ки гӯйӣ дар сарам шӯри ҷавонист.

Бизан сантуру з-он пас тору танбӯр,
Ки дилхоҳам суруди хусравонист.

Ба ойини Сада шобош сар кун,
Ки ин расм аз русуми бостонист.

Муборак бод ин ҷашни каёнзод,
Бар он к-ў дар танаш хуни каёнист.

Сада ин ҷашни фаррухфоли фирӯз,
Намоде аз суруру шодмонист.

Сада ин ёдгори аҳди дерин,
Фурӯғаш зинда, номаш ҷовидонист.

Адиби Барӯманд

***

Агар Наврӯзро сари сол бишиносем ва аввалин ҷашни сол бидонем, пас Меҳргон ҷашни дувуми сол ва Сада иди сеюми соли тақвими миллӣ аст, ки ҳамзамон, муқаддима ва заминасозие барои ҷашни Наврӯз–сари соли оянда мебошад.

Сада агарчи дар гузашта яке аз муҳимтарини сегонаи ҷашнҳои бузурги сол будааст, дар матни фарҳангу адаби таърихии мо он идомаи дурахшонеро, ки ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон доштаанд, надоштааст ва андаке баъдтар аз шоирони даврони Султон Маҳмуд ва Султон Масъуди Ғазнавӣ, ба истиснои ишорае аз Хоқонии Шарвонӣ ва Ҳаким Низомӣ, дигар шоҳиди адабие дар ёдкарди ин ҷашн дар матнҳои тафсирӣ ба назари мо нарасидааст. Шояд ин суқути нисбии барвақттари Сада ба чанд омили зер бастагӣ дошта бошад:

–Мавсими ин ҷашн, ки ба авҷи сардии зимистон ва шароити сангину фақри табиат рост меояд;

–Вуҷуди меҳварии унсури оташ дар таркиби он, ки баъдтар ба ин хотир ҷанбаи мазҳабии (зардуштии) бештаре ба он додаанд, агарчи дар ибтидои пайдоиш ба мазҳаб ва зардуштия муносибате надоштааст;

–Пайванди қавии он ба масъалаи рушди таквинии тамаддуни башарӣ, ки дар низомҳои эътиқодии баъдӣ дигаргун шудааст.

Рустаи Ваҳҳоб,
Шоири халқии Тоҷикистон

***

Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст,
К-андар ин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад.

Хуршеди Сада бар сари мо нурфишон шуд,
Аз шуълаи он гарм дили пиру ҷавон шуд.

Аз осори шифоҳии мардуми тоҷик

***

Ҷашни Сада аз диёри нур омадааст,
Пайваста ба шодиву сурур омадааст.
Пиндор, ки рамзи оташафрӯзию меҳр,
Аз сардии баҳман ба зуҳур омадааст.

Ҷашни Сада рамзи оташафрӯзӣ бувад,
Пайғоми хушаш ҳадяи Наврӯзӣ бувад.

Ҷашни Сада шуд, базму тараб ороед,
Пайваста ба ҳам меҳру сафо афзоед.
Дар маҳфили Хусравонӣ бо ҳам дӯстон,
Дарҳои муҳаббату вафо бикшоед.

Ҷашни Сада рамзи оташафрӯзӣ бувад,
Пайғоми хушаш ҳадяи Наврӯзӣ бувад.

Ҷашни Сада шуҳрати ниёкони ман аст,
Яхбандию сардии зимистони ман аст.
Афрӯхта ба ҳам оташи меҳру вафо,
Хушбахтӣ миёни ёру дӯстони ман аст.

Ҷашни Сада рамзи оташафрӯзӣ бувад,
Пайғоми хушаш ҳадяи Наврӯзӣ бувад.

Озари Зарафшонӣ

***

Оре, наметавон нақши бузурги Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати эҳёи ҷашни бостонии Сада нодида гирифт. Имрӯз ҳам пешниҳоди Пешвои миллати мо аст, ки ин ҷашни бостонии тоҷикон ба таври васеъ ва дар сатҳи баланд шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳоти Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Пешвои миллати мо он иқдоми неку ватандӯстонаро, ки бо ҳадафҳои воло ва ифтихори миллӣ дар мавриди эҳёи ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон амалӣ намуда буданд, имрӯз нисбат ба ҷашни дигари таърихии мо–Сада раво мебинанд. Оташе, ки бо ҷашни Сада фурӯзон мешавад, оташи бунёдсози миллати мо ва пеш аз ҳама, оташи ватандӯстонае аст, ки аз ниҳоди Пешвои фархундаи миллатамон сар задааст. Ва мо, бешубҳа, ба ин оташ оташи меҳру муҳаббати ватандӯстонаи худро зам месозем, то онро фурӯзонтар намоем.

 Камол Насрулло,
Шоири халқии Тоҷикистон

***

Таҳияи Мирзо Ашӯров,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед