Аз моҷарои охир дар Ворух ва аз қабули созишномаи 1 майи соли 2021 аз ҷониби ҳайатҳои коммиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар масъалаи эълон ва риояи оташбас ҳудудан як ҳафта сипарӣ мешавад. Амалан, ин созишнома ба низоъ ва задухурди ҳарбӣ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон хотима бахшид. Вале, тавре мушоҳида мегардад, ҳамоно ҷанги иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ атрофии қазияи Ворух идома дорад. Ва ҳатто чанд рӯзи охир ин ҷанг дар шакл ва манзараи нав намудор гардида истодааст, ки таҳлилгарони огоҳи ватаниро ба андешидани тадбирҳои ҷиддӣ водор менамояд. Бояд таъкид намуд, ки ихтилофи сарзада ва ин ҳуҷуми ғайриинтизорро ҷавонмардони тоҷик ва неруҳои мудофеи кишвар тавонистанд бартараф созанд ва дар майдони набард, сарбаландона манфиатҳои миллии Тоҷикистонро ҳимоя намоянд. Аммо, мавзӯи дигар ин аст, ки дар ҷанги иттилоотӣ кӣ ғолиб ва пешсаф аст?

Тавре қайд гардид, ҷанги иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ бо суръат идома дорад. Дидгоҳи сиёсӣ ва назари коршиносона ба ин ҷанги иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ ду нуктаро собит месозад:

  1. Мушоҳида гардида истодааст, ки расонаҳои хабарӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон дар фазои иттилоотӣ ахборҳои ғалат ва якҷонибаро паҳн намуда, талош доранд ба ин васила пирӯзиро ба даст оранд. Пӯшишҳои якҷонибаи ҳодиса ва нодуруст инъикос намудани маълумот ва раванд аз ҷониби шаҳрвандони кишвари ҳамсоя воқеан нигаронкунанда аст. Аммо, бо паҳн намудани сирф иттилоотӣ носаҳеҳ ва ҳатто ғайриахлоқӣ ва дур аз воқеият наметавон дар ҷанги иттилоотӣ ғолиб омад.
  2. Ҳамбастагӣ, эътимод ва инъикоси воқеии раванди Ворух дар фазои иттилоотии Тоҷикистон аз ҷониби расонаҳои хабарӣ ва коршиносон устувории вазъи воқеиро дар фазои иттилоотӣ таъмин намуда истодааст.

Новобаста аз ин моро зарур аст, ки бештар ба ҷанги иттилоотӣ ворид гардем. Албатта, ҳадафи ворид гардидани мо ба ин ҷанги иттилоотӣ ҳимоя намудани манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст. Табиист, ки дар фазои маҷозӣ мо наметавонем бо нерӯи физикӣ, моддӣ ва ҳарбӣ-техникӣ манфиатҳои миллӣ ва марзи давлати худро ҳимоя намоем. Фазои маҷозӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ тақозо менамояд, ки мо ҳузури фикрии худро дар ин майдон таъмин намоем. Аз ҳамин лиҳоз, бо дарназардошти раванди кунунии ҷанги иттиллотии оғоз шуда, моро зарур аст, ки дар фазои маҷозӣ ба се масъала таваҷҷуҳ намоем.

Масъалаи аввал ин аст, ки расонаҳои хабарии кишвари ҳамсоя маълумотҳои нодуруст ва якҷонибаро дар мавриди моҷарои Ворух дар фазои маҷозӣ нашр намуда истодаанд. Дар ин раванд муҳим аст, ки барои фазои иттилоотии дохил ва хориҷ иқдоми сулҳхоҳонаи Тоҷикистон ба таври васеъ шарҳ дода шавад. Расонаҳои қирғизӣ масъаларо бештар якҷониба шарҳ дода, кӯшиш доранд худро дар назди ҷаҳониён мазлум нишон диҳанд, вале дар асл воқеият чунин нест. Инчунин, эҳтимол дорад аз хабару гузоришҳои ғалат ҷомеаи ҷаҳонӣ бардошти нодуруст намояд. Аз ҳамин лиҳоз барои тамоми воситаҳои ахбори оммаи кишвари мо зарур аст, ки бо забонҳои хориҷӣ ба таври васеъ мавқеи Тоҷикистонро баён намоянд. Аз ҷумла, бо забонҳои англисӣ ва русӣ арзёбӣ намудани мавқеъгирии Тоҷикистон дар масъалаи мушкилоти марз ва инъикосии амалкардҳои ҷониби дигар ҳолатеро ба вуҷуд меорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеияти равандро дуруст баҳогузорӣ намояд.

Масъалаи дуюм, зарурати нашри бештари маводҳои таҳқиқотии журналистӣ дар мавриди ҳамлаҳои қаблии ҷониби Қирғизистон ба сокинони маҳаллии Ворух ба миён омадааст. Дар тули 30 соли мустақилии кишварҳо соле набудааст, дар марз мушкилоте ба миён наомада бошад. Ин ба мо имкон медиҳад, ки диди воқеии ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи Ворух тақвият бахшем. Дар ин самт омода намудани видеонаворҳои кӯтоҳ ва ба таври фарогир паҳн намудани он дар фазои иттилоотӣ аз манфиат холӣ нест.

Масъалаи сеюм ин аст, ки мо бояд дидгоҳи расмии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем. Тоҷикистон бо дарки раванду воқеияти сиёсӣ ба масъалаҳо мантиқан мавқеи худро иброз медорад, ки ин ҳам аз назари дипломатӣ ва ҳам аз назари таҳаммулгароӣ ба манфиати мо аст. Нуктаи асосие, ки метавонад моро дар ҷанги иттилоотӣ ба ҳақиқат расонад, ин аст, ки ҳамбастагӣ ва эътимоди ҳамдигарии Ҳукумат ва мардумро ҳамаҷониба ҳифз намоем. Ҳамон тавре, ки мо дар марзи воқеӣ истодагарӣ намудем ва кишварро мудофиа намудем, дар фазои иттилоотӣ низ зарур аст, ки афкори мусбат бо рӯҳияи созандаро, ки айни ҳол дорем, онро ҳамаҷониба ҳифз намоем.

Алиназар Ашуров,
корманди Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чоп кунед