Дар марҳалаи таҳлил, дар иттилоот метавонад ҳалқае нарасад, ки инро нуқсонӣ ё нуқтаи заъфи маълумот меноманд. Дар ҷараёни фаъолият мо ҳама вақт бо нуқсонҳо дар иттилоот дучор мешавем, ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ошкору қайд намудани онҳо амали маъмулӣ аст. Як қисми нуқсонҳо натиҷаи таҳқиқоти нокифоя мебошад, ки онҳоро бояд хатарнок ҳисоб карда, то таҳлили ниҳоӣ бартараф намуд. Ин ибора забонзада шудааст, ки «иттилоот ҷаҳонро идора мекунад». Ва ҳар шахсе донад, ки ҳар гуна объект дар куҷо қарор дорад, ӯ вазъиятро назорат карда метавонад. Ва агар ҳамин андешаи забонзада амалӣ мешуд, шояд бархурди ҳавопаймоҳоро пешгирӣ кардан муяссар мешуд.

Аммо қисми дигари норасоии иттилоот, масалан ягон ҷузъе, ки бо гуноҳи корманд афтида бошад, шояд аз тарафи таҳлилгар ошкор карда нашавад ва ба ин хотир боз ҳам хатарноктар мебошанд. В.И. Суханов навишта буд: «Ҳодисаи Муҳаммад Довуд дар Афғонистон барои хадамоти махсуси Иттиҳоди Шӯравӣ дар Кобул ногаҳонӣ буд. Дар долони бинои Раёсати умумии истихбороти хориҷии Кумитаи амнияти давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ шахсе медавид. Даванда сардори шуъбаи Афғонистон будааст. Шахсе ӯро боздошта, мепурсад:

— Владимир ту чӣ медавӣ?

— Аз ман … он ҷо дар Кобул инқилоб!

— Чӣ? Бар зидди мо?

— Не, аз афташ не…

Истилоҳи «аз афташ!» барои хадамоти истихбороти Иттиҳоди Шӯравӣ маънои тамоман ногаҳонӣ будани ин ҳодисаро дошт. Гарчанде солҳои охир дар ҳукумат чунин ақида ривоҷ дошт, ки агар дар Афғонистон тағйирот ба вуҷуд ояд, ин кишвар барои Иттиҳоди Шӯравӣ хеле хатарнок хоҳад шуд. Аммо ҷосусони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Кобул коҳилона ва мастона зиндагӣ мекарданд»[3].

Бисёр мутахассисон бо мушкилии бас кардани ҷамъоварии иттилоот дучор мешаванд, чунки ба онҳо чунин менамояд, ки ана ҳозир, иттилооти аз ҳама муҳимму нав, ки ҳама чизро равшан мекунад ва тамоми нуқсониҳоро пур менамояд, мерасад. Албатта, дар зиндагӣ чунин ҳодиса хеле кам рӯй медиҳад. Бинобар ин, таҳлилгар наметавонад вазифаи худро беинтиҳо ба таъхир андозад. Лаҳзае фаро мерасад, ки ӯ бояд эътироф намояд, ки маълумоти кофиро барои таҳлил ҷамъоварӣ кардааст. Графика ва муҳлати ниҳоии кор муҳаққиқро водор менамояд, ки дар бораи кофӣ будани иттилоот қарор қабул намояд ва баъзан, барои ин ӯ бояд ба ақли солим такя намояд.

Таърихнигори америкоӣ С. Морисон ҳанӯз дар солҳои 40—уми асри ХХ барои берун омадан аз ин мушкил пешниҳоде карда буд, ки зарраи ҳақиқат дошта, қобили омӯзиш аст. Ӯ навиштааст: «Оё чунин нест, ки барои нишастан сари мизе, ки тамоми маводи боддиқат ҷамъоварикардаи шумо дар он ҷо гузошта шудааст, вале шумо барои сар кардани навиштан майл надоред? Шумо сигори бисёр кашида, дар ҳуҷра қадам зада, беҷуръатона як ду сатр менависед. То сатри севум расида, шумо мушоҳида мекунед, ки бароятон маълумоти иловагӣ заруранд. О, чи қадар нағз! Бори дигар бояд ба китобхона ё бойгонӣ рафт ва дар он ҷо манбаю сарчашмаҳоро кофтуков кард. Маҳз дар ҳамон ҷо шумо худро хушбахт ҳисоб мекунед! Ба сабаби ошкор шудани далелҳои нав саволҳои нав ба вуҷуд меоянд ва раванди мӯъҷизаосои таҳқиқот давом меёбад… Аммо ҳар дафъа дар ҷараёни кори таҳқиқотӣ лаҳзаи муайяне фаро мерасад, ки шумо бояд ба садои ботинии худ гӯш карда, навиштанро оғоз намоед. Навиштанро сар карда, шумо то тавонистанатон, то хаста шуданатон менависед. Бинобар ин, шумо дар ин байн вақту фурсати зиёдро хоҳед дошт, ки маълумоти навро ҷамъ кунед ё ба китобхона равед. Муҳимтар аз ҳама — бояд навиштанро сар кард[3].

Байни мафҳумҳои «иттилооти нопурра» ва «нуқсон дар иттилоот» баъзе фарқиятҳо аст. Инро метавон бо мисоли зерин тавсиф намуд: дафтари қайд мушоҳидаро, ки нисфишабӣ тамом мешавад, метавон нопурра ҳисоб кард, агар шумо ба ҳодисае рағбат доред, ки ду соат баъд рӯй додааст. Вале агар дар дафтари қайд мушоҳида ҳар як соат қайд гузошта мешавад, вале соати 13 чунин қайд гузошта нашуда бошад, ин нуқсонии иттилоот аст. Зоҳиран, ҳама чиз маълум аст. Аммо саволе боқӣ мемонад, ки масалан, ҳодисаи рӯйдода дар таърихи истихборот, ки корманди истихбороти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Лондон ба сабаби майзадагӣ аз оғози ҷанг байни Британияи Кабир ва Аргентина дар соли 1982 бехабар мондааст, ба куҷо дохил намоем?

Усули якум, ҳатто қайди содаи нуқсон метавонад роҳбариятро ба қабули қарори қатъӣ водор намояд. Масалан, моҳи майи соли 1942 И.В. Сталин аз олими ҷавони физик, коршиноси реаксияи ядроӣ, академики оянда Г.Н. Флеров номае дарёфт мекунад, ки ин олим аз шубҳанокии қатъ шудани нашри ҳар гуна таҳқиқоти илмӣ оид ба масъалаи уран дар матбуоти хориҷӣ аз соли 1940 хабар дода навиштааст, ки ба ақидаи ӯ, ин аз оғози кори сохтани аслиҳаи атомӣ дар Германия ва дигар кишварҳо шаҳодат медиҳад. Дар натиҷа, дар Иттиҳоди Шӯравӣ низ ба сохтани аслиҳаи атомӣ сар карданд[3].

Чунин ба назар мерасад, ки ин усул имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст ва метавонад дар ҷустуҷӯ ва коркарди иттилооти илмию техникӣ самарабахш бошад. Дорандаи Ҷоизаи нобелӣ Ж.И. Алферов таъкид намуда буд: «Дар ҳақиқат ин як чизи хеле сода аст, ки одамон аксар вақт чунин фикр мекунанд: «ана дар бораи ин чиз имрӯз бисёр менависанд, дар атрофаш баҳси шадид меравад, пас маркази илм ва илми нав ҳамин аст». Аммо дар воқеият дар илм чизи ҳақиқатан нав барои он нав аст, ки вақте он пешниҳод мешавад, вақте рушд меёбад, дар борааш ҳанӯз ҳеҷ кас чизе нанавиштааст. Ва чунин андешаҳоро бисёр вақт носолим, хаёлпарастона, нодуруст, хато ва ҳатто сафсата ҳисоб мекунанд».

Баъзан таҳлилгарон ҳангоми муқоисаи ҷузъҳои зикршуда дар дигар ҳуҷҷатҳо набудани иттилоотро ошкор месозанд. Масалан, коршиноси Вазорати корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ В.М. Фалин ҳангоми иҷрои дастури навбатии роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Н.С. Хрушев ба иштибоҳ роҳ додааст. Дар лоиҳаи паём ба президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷ. Кеннеди, ки борҳо ислоҳ ва таҳрир шуда буд, як банд «гум» мешавад ва ҳамроҳи он мусалламан, як мулоҳизаи роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ низ аз байн меравад. Ин иштибоҳро ёрдамчии роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ О.А. Трояновский ошкор мекунад. Ӯ пеш аз гузориш ба роҳбар, ба вазири корҳои хориҷӣ А.А. Громико телефон карда мепурсад: «Инро бояд чӣ хел фаҳмид? Оё Вазорати корҳои хориҷӣ бо андешаи Никита Сергеевич розӣ нест…?» Албатта, ин ҷо дигар такрор кардани ин ҳоҷат нест, ки тобеон аз вазир чи қадар маломату сарзаниш шуниданд[6].

Усули дувум — истифодаи ба ном «манзараи умумӣ» мебошад. Яъне тартиб додани манзараи умумии иттилооти хеле муҳим. Масалан, ҷолиб аст, ки дар остонаи ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 дар Ню—Йорк шуъбаҳои гуногуни Бюрои федералии тафтишотии Иёлоти Муттаҳидаи Америка натавонистаанд ду ҷузъи манзараи умумиро пайванд диҳанд. Гумоштаҳо аз Феникс дар бораи арабҳои шубҳанок хабар додаанд, ки дар мактаби ҳавопаймоӣ таҳсил мекунанд. Аммо ин хабар то кормандони Бюрои федералии тафтишот дар иёлоти Миннесота нарасидааст, ки дар он ҷо З. Муссавиро, ки дар мактаби ҳавопаймоӣ таҳсил мекард, дастгир карданд. Баъдан Бюрои федералии тафтишот иштибоҳи худро ислоҳ карда, як низомеро мисли системаи Google ба вуҷуд овард, ки ба кормандонаш имконият медиҳад аз ҳамаи шуъбаҳо иттилооти ҳаммонандро дарёфт намоянд.

Усули севум — муқоисаи ҳаҷми маълумоти мушоҳида. Бо чунин тарз метавон иттилоот на танҳо дар бораи одамон, балки дар бораи ҳудуди кишварро муқоиса кард. Барои мисол китоби таърихнигори америкоӣ Г. Митрович бо номи «Тахриби Кремл: Стратегияи америкоии хароб кардани паймони шӯравӣ дар таи солҳои 1947—1956»‑ро меоварем. Ин китоб нуқсонии зиёди ошкоро дорад. Сабаби ин нуқсониҳо дар он аст, муаллиф фақат аз маводи бойгонӣ истифода бурдааст.

Дар ин миён, тавре ки худи Г. Митрович одилона қайд кардааст, на ҳамаи бойгониҳои америкоӣ ҳама чизро дар бар мегиранд ва дар чунин шароит истифода бурдани ёддоштҳои кормандони хадамоти махсус муфид мебуд. Масалан, дар бойгониҳои америкоӣ фақат дар бораи амалиёти тахрибгаронаи хадамоти махсуси Ғарб бар зидди Албания иттилоот мавҷуд аст, бинобар ин, Г. Митрович фақат дар бораи ин амалиёт навиштааст. Аммо бисёр собиқадорони Идораи марказии истихбороти Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар ёддоштҳои худ навиштаанд, ки дар охири солҳои 1940 ва аввали солҳои 1950 истихбороти америкоӣ гумоштаҳои худро на танҳо ба Албания, балки ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар кишварҳои «демократияи халқӣ» мефиристод.

Имрӯз усулҳои дигари нозук барои дастрасӣ ба иттилооти комил маълуманд. Ин чиз махфӣ нест, ки дар Лондон ба асоси тамоми маълумоти расида аз истихборот шаш бор дар як ҳафта гузориш таҳия гардида, ба сарвазир, аъзои асосии ҳукумат, ҳамчунин ба ҳамкорони америкоӣ супорида мешавад. Америкоиён ба ин гузоришҳо мароқи зиёд зоҳир карда, онҳоро хеле боарзиш мешуморанд, гарчанде ҳаҷми онҳо аз ҳаҷми иттилооти таҳлилшаванда дар худи Иёлоти Муттаҳидаи Америка даҳ баробар камтар аст. Вашингтон мисли собиқ иттилооти истихборотӣ Британияи Кабирро барои дарёфти «тафаккури дигар» истифода бурда, бо ин восита иттилооти худро месанҷад. Тавре ки Ҷ. Дики гуфта буд, дар бисёр мавридҳо коршиносон дар Вашингтон ин усули куҳнаи дипломатиро ба кор мебаранд: «Агар шакку шубҳа ҷой дошта бошад, ба британиҳо муроҷиат намо!»[1].

Нуқсонӣ иттилоотро ошкор намуда, таҳлилгар бояд нақши онҳоро барои таҳлили пешакӣ муайян намояд. Бо вуҷуди ин, бе омӯзиши ҳадафи таҳлил наметавон хулосабарории дуруст кард. Масалан, агар вазифаи санҷиш муайян кардани ин бошад, ки оё журналист манбаи иттилооти махфӣ мебошад, ҳатмӣ нест донем, ки журналист кадом донишгоҳро хатм кардааст. Аз сӯйи дигар, агар мо робитаи журналистро бо унсурҳои бунёдгаро муайян карданӣ бошем, дар ин сурат, иттилоот дар бораи солҳои таҳсили ӯ фавқулода муҳим буда метавонад.

Омилҳои замонӣ (вақт) ва пулӣ метавонанд ба пурра ё ноқис будани иттилоот таъсири якхела расонанд. Дар хадамоти дипломатӣ низ тахминан ҳамин хел аст. Ҳам вақт ва ҳам пул дар он ҷо аз ҳад зиёд намебошанд. Ҳама вақт як ҳад вуҷуд дорад. Бинобар ин, ҷамъоварӣ кардани маълумот дар бораи объекте, ки омӯзиши ӯ ба сабаби нолозим буданаш қатъ шудааст, маъное надорад. Ва худи коркарди маълумоти иловагӣ низ вақт ва маблағи зиёдро талаб менамояд.

Агар муҳаққиқ мустақилона натавонад муайян намояд, ки чи гуна нуқсони иттилоотро бартараф кард, ӯ бояд ба роҳбар муроҷиат намояд. Чунки аз эҳтимол дур аст, ки таҳлилгар дар бораи самтҳо ва афзалиятҳои фаъолияти ташкилот пурра огоҳӣ дошта бошад, зеро дар як замон метавонанд чанд таҳқиқу таҳлили маълумот анҷом гиранд. Ҳар як корманд гумон мекунад, ки тарҳе ки ӯ сари он кор мекунад, хеле муҳим аст, аммо на ҳама вақт ин тавр аст. Коршинос набояд дилшикаста шавад, агар ба ӯ барои ҷамъоварии маълумоти иловагӣ иҷозат надода бошанд. Профессор ва корманди истихбороти британӣ Р. Ҷонс навиштааст: «Меъёри кори хуби иттилоотӣ ин нест, ки шумо ҳақ ҳастед. Иттилоот бояд мақомоти фаврӣ ва таҳқиқотиро бовар кунонад, ки тадбирҳои дахлдорро андешанд»[3].

Зоҳиран, ин гуфтаҳо дар ҳолатҳое, ки ба таҳлилгар лозим мешавад, ба сабаби норасоии манбаъ ба фаъолияти зеҳнӣ машғул шавад, низ аҳамият дорад. Барои мисол дар шароити буҳрони сиёсати хориҷӣ, ки ширкаткунандагони он баъзан иттилооти дақиқ ва боэътимодро дар бораи мақсадҳои ҳақиқии якдигар надоранд. Зиёда аз ин, роҳбарият дар шароити буҳрон нақшаи ин ё он амалро кашида, ба сабаби махфӣ будани нақша, кӯшиш мекунад доираи ашхосеро, ки ба ин иттилоот дастрасӣ доранд, маҳдуд намояд, яъне сатҳи махфияти он баланд мешавад. Дар натиҷа, маълум мешавад, ки як қатор мансабдорон, ки аз амали онҳо бисёр чиз вобаста аст, бо вазъият ошноӣ надоранд. Масалан, сафири Иттиҳоди Шӯравӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка А.Ф. Добринин пеш аз оғози буҳрони Кариб, аз ҷойгир кунонидани мушакҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Куба огоҳӣ надоштааст.

Набояд фаромӯш кард, ки кори таҳлилӣ кӯшиши дидани он чи мебошад, ки дар торикӣ пинҳон аст. Бинобар ин, бенуқсон ҷамъоварӣ ва таҳлил кардани маълумот кам рӯй медиҳад. Таҳлилгар боз ва боз бо нуқсониҳо дар иттилоот дучор хоҳад шуд. Барои пур кардани ин холигӣ ӯ вазифадор аст ба манбаъҳои дастрас амиқтар сарфаҳм равад ва онҳоро дақиқтар омӯзад. Ва ҳар андоза мавзӯи омӯзишу таҳқиқи мо бегонатар бошад, ба ҳамон андоза барои дарку фаҳми он саъю талоши бештар лозим мешавад.

Барои ошкор намудан ва бартараф кардани нуқсонҳои иттилоот дар ниҳоят, ҳалли вазифаи гузошташуда нақш мебозад. Таҳлилгарони ботаҷриба машварат медиҳанд, ки беҳтар аст варианти аввали санад боҷуръат, бе таваққуф навишта шавад ва барои маълумоту далелҳои намерасидагӣ ҷой гузошта шавад. Баъдан ҳуҷҷатро бори дигар аз назар гузаронида, маълумоту далелҳои навро илова карда, ҳамаи навиштаҳо бояд аз нигоҳи гунонгун арзёбӣ гардад. Боре касе гуфта буд: беҳтар аст, ки боҷуръат навишта шавад ва боэҳтиёт ислоҳ шавад, нисбат ба он ки боэҳтиёт навишта шавад ва боҷуръат ислоҳ шавад. Ҳангоми ислоҳ ва таҳрири санад бояд ин ҳақиқати маълумро дар назар гирифт.

Адабиёт

  1. Капитонова Н.К. Приоритет внешней политики Великобритании (1990-1997 гг.). – М., 1999.
  2. Латышев И.А. Япония, японцы и японоведы.
  3. Нуриддинов Р.Ш., Нуриддин П.Р. Фаъолияти иттилоотӣ таҳлилӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ. Китоби дарсӣ. Нашри дуюми такмилёфта. – Душанбе: «Эр граф», 2018. – 490 с.
  4. Нуриддинов Р.Ш., Нуриддинов П.Р. Дипломатия. Китоби дарсӣ. – Душанбе: «ЭР–граф», 2017. – 576 с.
  5. Плэтт В. Информационная работа стратегической разведки. – М.: «Сова», 2003.
  6. Фалин В.М. Без скидок на обстоятельства: политические воспоминания. – М., 1999.

Парвин Нуриддин,
номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент,
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсат.

Чоп кунед