Рӯзи 17 ноябри соли 2020 дар шаҳри Тошканд бо ташаббуси Институти таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон онлайн–конфронси коршиносон дар мавзӯи “Натиҷаҳои асосии Ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Шанхай” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия ва Покистон ширкат варзиданд. Конфронсро бо сухани табрикӣ муовини директори Институти таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Санҷар Валиев ифтитоҳ карда, иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфт.
Дар бахши аввали ҳамоиш таҳти унвони “Вазъи имрӯзаи ҳакориҳо дар дар чаҳорчӯби СҲШ” дар радифи намояндагони дигар давлатҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Парвиз Муҳаммадзода суханронӣ намуд, Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки доир намудани чунин ҳамоиш аҳамияти муҳимми стратегӣ дорад ва барои боз ҳам мустаҳкам гардидани муносибату ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) мусоидат хоҳад кард. Бояд гуфт, ки роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи фаъолияти кишварамон дар доираи СҲШ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимнии суханронии худ дар Ҷаласаи Сарони давлатҳои СҲШ таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи раёсаташ дар СҲШ соли 2021 тадбирҳои зиёдеро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои судманд дар чаҳорчӯбаи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ, дар сатҳи баланд доир гардидани чорабиниҳои нақшавии ин созмон, аз ҷумла Ҷаласаи ҷашнӣ бахшида ба 20-солагиии таъсисёбии СҲШ дар шаҳри Душанбе дар соли 2021 амалӣ хоҳад намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар дар бораи ташаббуси муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати таъсиси Маркази доимамалкунандаи зидди маводи мухаддири СҲШ дар шаҳри Душанбе ва ва Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар доираи Рӯзномаи байналмилалии об изҳори назар кард ва аз шарикони Тоҷикистон даъват намуд, ки ин ташббуси муҳимро дастгирӣ намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки соли 2021 дар радифи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд чорабинии муҳим дар шаҳри Душанбе ба муносибати 20-солагии таъсиси СҲШ ҳамоиши Сарони кишварҳои узви ин созмони байналмилалӣ баргузор мегардад. Аз ҷумла бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муносибат гузаронидани конфронси байналмилалӣ бо иштироки коршиносони байналмилалӣ аз марказҳои илмиву таҳқиқотии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Иштирокчиёни ҳамоиш вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай дар шароити пандемияи коронавирусро мавриди муҳокима қарор дода, ҳамоҳангсозии амалу фаъолият, табодули иттилоот ва расонидани кумакҳои ҳамдигарӣ ба мақсади бартарафсозии оқибатҳои ногувори иҷтимоӣ, иқтисодии пандемия, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиёту тиҷорат, амалисозии самарабахши потенсиали иқтисодӣ, транзитиву нақлиётӣ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф, туризми давлатҳои узви СҲШ-ро таъкид намуданд.
Конфронс дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон