Рӯзи 28 июли соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ дар мавзуи “Ташаккул ва рушди иқтисоди “сабз” ҳамчун яке аз самтҳои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва зимнан қайд кард, ки мақсади ҳамоиши имрӯза таҳлилу баррасӣ ва арзёбии ташаккул ва рушди иқтисоди “сабз” ҳамчун яке аз самтҳои таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон дар партави Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд қадам ниҳода истодааст. Рушди иқтисодиёти кишвар дар баробари захираҳои мавҷуда, ҳамчунин, аз манбаъҳои нав ва дигар самтҳо сарчашма мегирад. Иҷрои ин барнома дар оянда кишвари моро ба яке аз истеҳсолкунандагони неруи барқи “сабз” дар минтақа, дар истеҳсолот зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза талабот зиёд аст ва таваҷҷуҳи зиёди кишварҳо ба ин бештар мебошад ва мо барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли чунин маҳсулот ва содироти он имкон дорем. Маҳз бо ин мақсад Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки «ҷиҳати таблиғу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатии бо истифода аз «энергияи сабз» истеҳсолгардидаи кишвар зарур аст, ки корхонаҳои ватанӣ барои гирифтани сертификати «истеҳсоли сабз» аз мақомоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ чораҷӯӣ намоянд».
Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони амалӣ намудани рушди иқтисоди “сабз» ва энергияи “сабз”-ро дорад ва метавонад дар минтақа яке аз кишварҳои пешсаф бошад. Маҳз бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои “сабз” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон пешниҳод намуданд, ки барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди иқтисоди “сабз», аз ҷумла энергияи “сабз» бояд механизми маблағгузории фондҳои махсус васеъ ҷорӣ карда шавад. Ҳамчунин, вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати ҷалби маблағгузории “сабз” барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноат ва инфрасохтори кишвар, хусусан, лоиҳаҳои дорои аҳаммияти экологӣ ва озуқаворӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Дар таърихи 30 сентября соли 2022 “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 қабул гардид. Ҳаҷми маблағгузории стратегияи мазкур 21,6 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Санад аз соли 2023 то 2037-ро дар бар мегирад. Ҳадафи рушди иқтисоди “сабз” мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонавӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоя ва технологияҳои каммасраф мебошад.
Тоҷикистон ният дорад дар сӣ соли охир партовҳои газҳои гулхонавиро ба ҳадди ақал расонад. Дар ҳамин ҳол, ҳоло саҳми Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии партовҳои газҳои гулхонавӣ ночиз буда, дар ин рейтинг кишвар дар мақоми 130-ум қарор дорад.
Иқтисодиёти «сабз» ба маънои васеъ чунин тарзи фаъолияти хоҷагидорӣ маҳсуб меёбад, ки хатарро ба муҳити зист ва харобшавии табиат коҳиш медиҳад. Ба маънои маҳдудаш иқтисодиёти «сабз»-ро ҳамчун технологияи коркард, истеҳсол ва истифодабарии таҷҳизот барои назорат ва кам кардани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва газҳои гулхонаӣ, мониторинг ва пешгӯии тағйирёбии иқлим, ҳамчунин технологияҳои энергиясарфакунанда ва энергетикаи барқароршаванда маънидод кардан мумкин аст. Мафҳуми иқтисоди «сабз» ба истилоҳоти илмӣ соли 1989 ворид гаштааст ва баъдан дар адабиёт ба таври васеъ истифода шуда, дар радифи мақсадҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор дар доираи СММ ҷой дорад.
Ҳадафи асосии конфронси имрӯза табодули таҷрибаи пешқадам ва дониш дар самти ташаккул ва рушди иқтисоди “сабз” дар Тоҷикистон мебошад. Умедворем, ки натиҷаҳо ва арзёбиҳои иштирокчиёни ҳамоиш барои пешрафти иқтисоди миллии кишварамон мусоидат намуда, тавсияҳои пешниҳодшуда дар амал татбиқ хоҳанд ёфт,–гуфт дар фарҷоми суханронӣ Хайриддин Усмонзода.
Сипас конфронси илмиву амалӣ ба кори худ шуруъ намуд. Дар назди ҳозирин сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ораз Муртазоев дар мавзуи “Омилҳои самаранокии иқтисоди “сабз” дар рушди иқтисоди миллӣ”, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молия ва суғуртаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Умарҷон Шаропов дар мавзуи “Омилҳои асосӣ барои баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ ба бахши энергетика дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дотсенти кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ғафур Расулов дар мавзуи “Имкониятҳои истеҳсол ва содироти энергияи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дотсенти кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Гулмаҳмад Оймаҳмадов дар мавзуи “Муаммоҳои молиявӣ бо ташкили иқтисодиёти “сабз” суханронӣ намуданд.
Баъдан пиромуни маърузаҳо дар фазои озод мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва изҳори назар сурат гирифт.
Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд ва изҳори умед кард, ки ин нишасти илмию амалӣ барои боз ҳам беҳтар гардидани таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.
Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон