Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ
муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад.
(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот
бо зиёиёни мамлакат. 19 марти соли 2015, шаҳри Душанбе)

 Таҷриба нишон медиҳад, ки вазифаҳои иҷтимоию фарҳангии соҳаи маориф аз он иборат мебошад, ки, пеш аз ҳама, ҳар шахсро ҳамчун инсони комил тарбия намояд ва таъриху фарҳанги ҳар як қавму миллатро ҳифз намуда, аз насл ба насл гузаштани тамаддуни башариятро таъмин созад. Дар ин самт таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз марҳилаҳои асосии иҷтимоишавии шахс буда, дар ҳаёти ҳар нафар зинаи аввали ташаккулёбӣ ба ҳисоб меравад. Омӯзгорон бошанд, яке аз омилҳои муҳиме ба ҳисоб мераванд, ки сифати таълим аз онҳо вобаста буда, насли оянда тавассути онҳо донишу малакаи хубро ба даст оварда метавонанд.

Омӯзгор дар ташаккули шахсият ва рушди фаъолияти эҷодии ӯ, бедор сохтани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва арзишҳои маънавии ҳар шахс нақши калидӣ дошта, ҳар як насли ҷавонро ба ҳаёту фаъолияти мустақилона омода месозад. Омӯзгор нафаре мебошад, ки ба хонандагон, на танҳо донишу малака меомӯзад, балки дар ташаккули шахсияти онҳо, яъне дар иҷтимоишавии шогирдон низ иштирок мекунад. Аз ин рӯ, баланд бардоштании сатҳу сифати таҳсилот, бедор намудани завқи хонандагон ба илмомӯзӣ ва иҷрои босифати нақшаю барномаҳои таълимӣ аз кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ вобастагии калон дорад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз мушкилоти калидие, ки ба сатҳу сифати дониши хонандагон таъсири манфӣ мерасонад, ин норасоии омӯзгорони баландихтисоси касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нарасидани ҷойҳои нишаст барои хонандагон мебошад. Ҳарчанд ки тибқи маълумоти оморӣ шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сол аз сол зиёд ба назар мерасад, дар баробари ин. афзоиши табиии аҳолӣ низ боло рафта истодааст, ки мушкилоти норасоии ҷойҳои нишаст бартараф нагардидаанд.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2023 низ бамаврид қайд гардид, ки “Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст. Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст. Зеро ҳанӯз 73 ҳазор хонанда бе ҷойи нишаст мемонад”.

Тибқи маълумоти оморӣ шумораи муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар солҳои хониши 2021–2022 ба 3940 адад расидааст, ки дар онҳо 2 195,6 ҳазор нафар хонанда (аз ҷумла 1 060,2 нафар духтарон) таҳсил менамуданд. Аз шумораи умумии ин муассисаҳо 3304 адад дар деҳот ҷойгир мебошанд. Дар соли таҳсили 2022–2023 шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 3967 адад расидааст. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 2 232,1 нафар (1 079,6 духтар) хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии ин муассисаҳо дар соли хониши 2022-2023 дар сатҳи деҳот 3313 ададро ташкил медиҳанд.

Шумораи омӯзгорон бошад, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ тибқи маълумоти омории соҳаи маориф дар соли таҳсили 2020–2021 130085 нафар (77243 нафар занон) ва соли таҳсили 2021–2022 128456 нафар (79999 нафар занон)-ро ташкил медоданд. Ин шумора дар соли таҳсили 2022–2023 125968 нафар (81638 занон) баробар мебошад. Аз ҷумла дар ВМКБ 5431 нафар (3431 зан), вилояти Хатлон 45631 нафар (27205 зан), вилояти Суғд 37397 (26199 зан) нафар, шаҳри Душанбе 11479 (9045 зан) нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 26 030 (15758 зан) нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти омории соҳаи маориф аз шумораи умумии омӯзгорон дар соли таҳсили 2022–2023 96276 нафар (59054 зан) – 76,2% дорои таҳсилоти олӣ, 27827 нафар (20886 зан) – 22% дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 2251 нафар (1882 зан) дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Динамикаи камшавии шумораи омӯзгорон дар диаграммаи 2 нишон дода мешавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз афзоиши табии аҳолӣ имрӯз фазои инфрасохтори соҳаи маориф дар самти бунёди муассисаҳои гуногуни таълимӣ ҳамасола рӯ ба зиёдшавӣ дорад. Аммо шумораи омӯзгорон дар онҳо ҳамасола кам ба назар мерасанд, ки ин бевосита ба сифати таълим ва донишомӯзии хонандагон таъсири манфии худро мерасонад. Барои муқоиса соли таҳсили 2020-2021 ва 2022-2023-ро назар кунем дар давоми се соли таҳсил шумораи омӯзгорон 4117 нафар кам гардидааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ҳиссаи хонандагон ба як нафар омӯзгор дар умум 17,7 нафар, дар синфҳои 1-4 24,6 нафар ва дар синфҳои 5-11 14,5 нафар хонанда рост меояд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ ва умумиро ҳазорон нафар хонандагон хатм менамоянд. Аксари онҳо мехоҳанд таҳсили худро дар омӯзишгоҳу коллеҷҳо ё донишгоҳу донишкадаҳои олӣ идома диҳанд. Аммо аз сабаби надоштани дониши кофӣ қисме аз онҳо ба ин ё он муассисаҳои таълимии интихобкардаи худ дохил шуда наметавонанд. Сабабҳои паст будани сатҳи дониши онҳо гуногун буда, пеш аз ҳама, сатҳи иқтисодии оила мебошад, ки волидон то чӣ андоза фарзанди худро барои ба муассисаҳои таълимӣ рафтан омода месозанд ва ӯро бо асбобу анҷоми хониш таъмин менамоянд.

Сабаби дигар аз сатҳи дониши омӯзгорон ва таваҷҷуҳи онҳо нисбати хонандагон ва дар як синф аз меъёр зиёд ба таҳсил фаро гирифтани хонанда мебошад. Имрӯз аз рӯйи мушоҳидаҳо дар зинаи аввали таҳсилот сарбории омӯзгорон аз ҳисоби хонандагон зиёд мебошад, ки ин бевосита ба сифати таълим ва маърифатнок гардидани наврасону ҷавонон таъсири манфии худро мерасонад.

Тибқи мушоҳидаҳо солҳои охир дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, махсусан дар шаҳрҷойҳо, аз 35 то 45 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳол он ки тибқи меъёр бояд дар як синф то 25 нафар хонанда фаро гирифта шавад, зеро он вақти муайяне, ки барои ҳар як фан ҷудо мегардад, ба ҳамин миқдор хонанда рост меояд. Ғайр аз ин, худи омӯзгор низ дар вақти аз меъёр зиёд будани хонанда хастагӣ эҳсос намуда, ба онҳо якхел муносибат карда наметавонад, ки ин боиси рӯҳафтодагии хонанда гардида, барномаи таълимиро аз худ карда наметавонад.

Тибқи санҷишҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон норасоии кадрии равияи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вуҷуд дошта, то ҳанӯз ба пуррагӣ роҳи ҳалли худро наёфтааст. Тибқи маълумоти дастрасгардида, норасоии омӯзгорон ба ҳолати 1 октябри соли 2022 дар ҷумҳурӣ 3539 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод ба вилоятҳои Хатлон 1777, Суғд 647, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 815, ВМКБ 67, шаҳри Душанбе 59 ва муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта ва хусусӣ 174 нафар рост меояд (тибқи маълумоти вазорати маориф эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои соли таҳсили 2022-2023 3406 нафар мебошад).

Вобаста ба фанҳои таълимӣ норасоии омӯзгорон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ хеле зиёд мебошад. Аз рӯйи фанҳои алоҳида тибқи маълумотҳои ба дастовардашуда маълум мегардад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар норасоии кадрҳои омӯзгорӣ бештар аз забонҳои англисӣ, русӣ, фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ, аз ҷумла – математика физика, химия, технологияҳои иттилотӣ ва география хеле зиёд мебошанд.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28.12.2023 таъкид гардид, ки “омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”.

Имрӯз вобаста ба тайёр намудани мутахассисони равияи омӯзгорӣ як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар саҳм доранд. Тибқи маълумоти омории Вазорати маориф, ки дар асоси маълумоти омории пешниҳоднамудаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ омода гардидааст, соли 2022 муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо равияи омӯзгории гурӯҳҳои буҷавӣ 7153 (миёнаи касбӣ 1830 нафар ва олии касбӣ 5323 нафар) нафар хатм намуданд. Вобаста ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимоти мутахассисони ҷавон (равияи омӯзгорӣ) тибқи «Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №262 тасдиқ шудааст, 4347 нафар хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ, аз ҷумла 3142 нафар бо маълумоти таҳсилоти олии касбӣ ва 1205 нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ барои фаъолият фиристода шудааст. Аз ҷумла:

  • Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 443 нафар;
  • вилояти Хатлон 1651 нафар;
  • вилояти Суғд 1136 нафар;
  • шаҳри Душанбе 269 нафар ва
  • шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 848 нафарро ташкил медиҳанд.

Аз шумораи умумии мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ, ки барои фаъолият ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ равон карда шудаанд, ҳамагӣ 2 808 нафар ба ҷойи кор ҳозир гардидаанд. Боқимонда, яъне 1 539 нафари дигар бо сабабҳои гуногун ба ҷойи кор ҳозир нагардидаанд. Вобаста ба ин, ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, №260 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд» соли 2022 аз тарафи мутахассисони ҷавони равияҳои омӯзгорӣ 118 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ маблағи таҳсилро ба миқдори 995 241 сомонӣ баргардониданд, ки ин шумора нисбат ба соли 2021, 35 нафар зиёд мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми кишвар баъди ба минтақаҳои гуногуни кишвар фиристода шудани мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ ба ҳолати 11.11.2022 дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳамагӣ 450 нафар омӯзгор намерасад. Аз рӯйи як қатор фанҳои таълимӣ бошад, аз ҷумла забони англисӣ 75 нафар, забони русӣ 58 нафар, математика ва геометрия 53 нафар, физика ва астрономия 39 нафар, химия 42 нафар, технологияи иттилоотӣ 33 нафар ва география 12 нафар омӯзгор намерасад.

Албатта, дар ин самт қайд кардан бамаврид аст, ки баргадонидани маблағҳои буҷетӣ, ки мутахассисони ҷавон, бахусус равияи омӯзгорӣ тибқи он таҳсил намудаанд, як тарафи масъала мебошад. Аз тарафи дигар бо баргардонидани он хароҷот мушкилоти норасоии омӯзгорон бартараф намегардад. Барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, мақомоти дахлдор бояд бо ҳар восита кадрҳои ботаҷрибаи соҳаи омӯзгориро ҳавасманд гардонда, садди роҳи аз кор рафтани онҳо гарданд, чунки тарбияи насли наврас маҳз аз омӯзгори ботаҷриба вобаста мебошад.

Ҳамзамон, қайд кардан зарур аст, ки имрӯз дар самти фаъолияти омӯзгорӣ ва норасоии кадрии соҳаи омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз масъалаҳои муҳимме, ки бевосита ба сифати таълим таъсири манфии худро мерасонад, ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудани донишҷӯён, омӯзгорони ғайриихтисос ва омӯзгорони ғайрифаннӣ мебошад, ки он хеле зиёд аст.

Аслан бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи чунин ҷобаҷогузории кадрҳои омӯзгорӣ сурат мегирад, ки ин, албатта, дар самти бартараф намудани норасоии кадрӣ дастовард ба шумор намеравад. Баръакс, таҷрибаи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ки барои бартараф намудани норасоии кадрӣ донишҷӯён, омӯзгорони ғайриихтисоси фаннӣ ва омӯзгорони ғайриихтисоси омӯзгориро ба кор ҷалб менамоянд, ин танҳо фиреби назар буда, ба сифати таҳсилот таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳамин тавр, таҳсилоти миёнаи умумӣ зинаи базавӣ ба ҳисоб рафта, омода намудани мутахассисони баландихтисос маҳз дар асоси донишу малакае, ки насли наврас дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба даст овардаанд, тайёр мегарданд. Аз ин рӯ, ваъзи масъалаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо кадрҳои омӯзгорӣ таҳлил намуда, вобаста ба роҳҳои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта анҷом додани корҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад:

– барои омода намудани мутахассисони баландихтисос, пеш аз ҳама, иқтидори кадрии соҳаи омӯзгориро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баланд бардоштан зарур аст, ки минбаъд дар самтгирии касбии наврасону ҷавонон яке аз омилҳои муҳим ба ҳисоб меравад;

– дар баробари мутахассисони ҷавоне, ки тибқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» (яъне, бе навбат ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони хонаи истиқоматӣ; дар ноҳияҳои кӯҳистон вобаста ба имконияти ноҳияҳо ҷудо кардани қитъаи замин барои боғдорӣ ва полезкорӣ; додани қарзҳои имтиёзнок барои хариди чорвои калони шохдори ширдеҳ ё бунёди 20 оилаи занбӯри асал) муқаррар гардидааст, барои ҳавасманд гардонидани омӯзгорони ботаҷриба низ тибқи меъёр имтиёзҳо пешниҳод гардида, мавриди амал қарор гиранд.

НАЗИРОВА М.Н.
номзади илмҳои сотсиологӣ,
муовини сардори Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед