Картошка яке аз маҳсулоти асосии хӯроки инсон ба ҳисоб рафта, дар тиб низ барои табобати бемориҳои гуногун истифода карда мешавад. Беҳуда нест, ки мардум картошкаро “нони дуюм” ном мебаранд. Дар робита ба ин муайян шудааст, ки аз картошка зиёда аз 200 навъи таомҳо омода гардида, дар соҳаи саноат низ хеле васеъ истифода мегардад. Ҳамзамон, картошка ҳамчун зироати техникӣ аз он оҳар, каучук, коғаз, ранг, спирт ва ғайра ҳосил карда мешавад, ки манфиатбахши хуби иқтисодӣ дорад. Бар замми ин, картошкаро дар ҳолати зарурӣ ҳамчун хӯроки серғизо барои чорво истифода мебаранд. Бинобар ин, вобаста ба баланд гардидани арзиши ин навъи маҳсулоти сабади истеъмолӣ метавонад ба иқтисодиёти ҳар як ойила таъсири манфии худро расонад.
Бояд тазаккур дод, ки соҳаи картошкапарварӣ барои муътадилгардонии таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас дошта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара таъкид намуданд, ки «…ба кишти картошка, лӯбиёгиҳо ва сабзавот, аз ҷумла пиёз, ки дар бозори дохилӣ ва минтақа талабот ба онҳо зиёд мебошад, инчунин, ба масъалаи захираи маҳсулот барои фасли тирамоҳу зимистон эътибори ҷиддӣ дода шавад». Дар ин росто Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори нигаронӣ намуданд, ки соли гузашта пиёз дар яке аз ноҳияҳои асосии истеҳсолкунандаи он – ноҳияи Ҷайҳун 1038 гектар кам кишт карда шуд, ки боиси камчинии маҳсулот ва болоравии нархи он дар бозорҳои мамлакат шуд.
Хотирнишон бояд сохт, ки соҳаи картошкапарварӣ дар иқтисодиёт аҳаммияти калон дошта, дар асоси тибқи иттилои оморӣ ба ҳолати 1-уми июли соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории кишвар дар майдони умумии кишти картошка 58 ҳазору 566,3 гектарро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 зиёдтар бошад ҳам, мутаассифона, нархи картошка дар бозорҳо майли болоравӣ дорад. Гарчанде майдони кишти картошка нисбат ба соли 2022 зиёд гардида бошад ҳам, лекин бо сабабҳои сардии ғайримуқарарӣ дар фасли зимистон ва туфони чангу ғубор дар охири фасли баҳору аввали тобистон ба истеҳсоли картошкаи баландсифати ватанӣ таъсири манфӣ расонид. Дар асоси маълумоти оморӣ ҳосилнокии картошка 16,8 ҳазор тонна аз 1 гектарро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 1,4 тонна камтар мебошад. Вобаста ба ин маълумот метавон ҳисоб кард, ки дар шашмоҳи аввали соли 2023 дар кишвар ҳудуди 261 ҳазору 510 тонна картошка истеҳсол карда шудааст. Ин меъёр дар ҳамин давраи солми 2022 262 ҳазору 551 тоннаро ташкил медод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 41 тонна камтар аст. Вобаста ба ин, дар нимаи дуюми сол агар ҳамин гуна суръати ҷамъоварии картошка идома ёбад, он гоҳ тамоми ҳосил қариб 80 дарсад аз ҳаҷми соли гузаштаро ташкил медиҳад ва ин боиси гарон шудани арзиши ин навъи маҳсулот мегардад. Дар умум, омилҳои ба нишондиҳандаҳои самаранокии истеҳсоли картошкаи маҳалӣ таъсиррасон хеле гуногун мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки тибқи маълумотҳои вазорати кишоварзии Тоҷикистон имрӯз талаботи уммуии кишвар аз истеҳсоли картошка дар як сол 1,3 миллион тонна буда, як нафар дар як сол дар ҳудуди 92 килограм картошка эҳтиёҷ дорад. Имрӯз бошад, арзиши 1 килограм картошка дар бозорҳои кишвар аз 6 то 8 сомонӣ расидааст, ки соли 2022 дар ҳамин давра аз 4 то 5 сомонӣ арзиш дошт. Тибқи дурнамои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон соли ҷорӣ қариб дар ҳаҷми 1 миллиону 100 ҳазор тонна картошка бояд ҷамъоварӣ карда шавад. Бояд гуфт, ки ин миқдор дар соли 2022 1 миллиону 94 ҳазор тоннаро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли сипаришуда 6 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.
Масъулини соҳа баландшавии арзиши картошкаро дар якчанд омил асос медиҳанд. Аз ҷумла:
– аз ҳад зиёд сард омадани фасли зимистон, ки таъсири бевосита ба нашъу намои картошка расонид;
– ҳолати номувозинати иқлими сайёра, ки боиси чангу ғубор гардида истодааст бевосита ба истеҳсоли картошка таъсири манфӣ мерасонад;
– баланд будани арзиши нуриҳои минералӣ, ки ба ҳосилнокии картошка таъсиргузор мебошад;
– набудани оби полезӣ дар баъзе аз қисматҳои ноҳияҳои кишвар, ки бо ҳамин сабаб кишоварзон наметавонистанд ҳосили фаровон ба даст оваранд.
– аз ҷониби баъзе аз кишоварзон дурнамои кишти маҳсулоте, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳя ва тасдиқ карда мешавад, муттаасифона риоя намегардад.
Ҳамин тавр, амнияти озуқавории давлат бо ташкил ва рушди соҳаи кишоварзӣ зич алоқаманд буда, бо дарназардошти омилҳои таъсиррасон Ҳукумати кишвар кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки сол то сол ҳосилнокии картошкаро баланд бардошта, истеҳсоли онро бамаротиб зиёд гардонад.
Дар ин самт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар оянда ноил гардидан ба ҳадафҳои рушд, аз ҷумла таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ, пайваста ба масъулон дастур медиҳанд, ки ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода карда шавад. Дар доираи таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирию ҳидоятҳои Пешвои миллат мушкилоти ҷойдошта роҳи ҳалли худро пайдо намуда, боиси таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисоди миллӣ мегардад.
Ҷамшед Салихов,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон