«Супориши қатъӣ то охири соли 2025 пурра таъмин кардани пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ»
(Паёми Пешвои миллат ба МНМОҶТ, 28.12.2024)
Дар шароити ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисоди бозорӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ин ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад. Зеро равиши ҷаҳонишавӣ таъсири амиқи худро дар ин самт гузошта, зина ба зина гузариш ба ин самтро талаб менамояд. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки пардохтҳои ғайринақдиро бори аввал олими машҳурӣ ИМА Эдвард Беллами ба иқтисодиёт дар китоби машҳурӣ худ бо номи “Looking Backward: 2000–1887” пешниҳод намуда аст. Эдвард Беллами дар китобаш тавсиф кардааст, ки “татбиқи низоми кредитии ба корт асосёфта, дар натиҷа пардохтҳои нақдиро ҷойгузин кард”. Беллами дар китобаш ҷомеаеро тасаввур мекард, ки бе пули нақд бошад.
Омӯзиши таҷрибаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки истифодаи васеи пардохтҳои ғайринақдиро солҳои 1990, вақте бонкдории электронӣ рушд ёфт кишварҳо марҳала ба марҳала истифодаашро шуруъ кардаанд. Масалан, аз солҳои 2010-2011-ум усулҳои пардохти рақамӣ ва ё ғайринақдӣ дар бисёр кишварҳои мутараққӣ васеъ паҳн шуд, аз ҷумла замимаҳо ба монанди PayPal, Donatepay, cистемаҳои ҳамёни рақамӣ ба монанди Apple Pay ва NFC, корти электронӣ ё смартфон, векселҳои электронӣ ва бонкӣ, ки ҳама дар истифодаи васеъ паҳн шуданд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки рушди босамари иқтисодиёт дар кишварҳое бештар суръат мегирад, ки дар он ҷо навовариҳои нав ба нав ва низоми пардохти ғайринақдӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Бинобар ин, ҳоло давлатҳои мутарақии ҷаҳон ба инкишофи технологияҳои нави пардохт, системаҳои таҳлили маълумот ва зеҳни сунъӣ ба монанди ChatGPT, DeepSeek фаъолона сармоягузорӣ мекунанд, ки метавонад дар як вақт қобилияти таҳлил намудани миллионҳо иттилоотро доро буда, дар як сония метавонад баъд аз таҳлили ин миқдори иттилоот ба хулосаи ниҳоӣ омада, қарор қабул намояд ва ҳадафмандона амал намояд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла бозорҳои молиявӣ, васеъ ба роҳ мондани низоми пардохти ғайринақдӣ, хусусан бо сабабҳои зерин дар рушди иқтисоди миллӣ ва сабуктар кардани мушкилии аҳолӣ нақши муҳим ва бориз дорад:
– Пардохти ғайринақдӣ муносиб барои истеъмолкунандагон ва барои тоҷирон хеле қулайтар мебошад, хусусан вақте ки дар сафар ва мубодилаи асъор машғуланд;
– Гузариш ба пардохтҳои электронӣ, ҳам барои ҷомеа, хусусан аз самти амниятӣ, идораи самаранок, ҷамъоварии беҳтари пардохтҳои андозӣ ва суръат бахшидан ба афзоиши ММД аҳамияти бузург дорад;
– Ҷорӣ кардани пардохти ғайринақдӣ ба гардиши воситаҳои пулӣ дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат мекунад;
– Вусъат додани муомилоти ғайринақдӣ имконият медиҳад, ки ҳаҷми андозаи интишор ва аз муомилот гирифтани пули нақд дақиқтар муайян карда шавад;
– Мусоидат дар ҷамъоварии пулҳои озод аз аҳолӣ ва маблағҳои муваққат озоди ташкилоту муассиса, ки метавонад минбаъда ба рушду нумӯи соҳибкории хурду бузург истифода шавад;
– Татбиқи пардохтҳои ғайринақдӣ ба сарфаи вақт таъсиргузор аст.
Дар шароити имрӯза аксар кишварҳои олам, манфиатҳои ба даст меомада аз пардохти ғайринақдиро ба рушду нумӯи иқтисодиёт дарк намуда, гузариш ба пардохти ғайринақдиро дар иқтисодиёт суръат бахшида истодаанд. Барои мисол, мо метавонем таҷрибаи баъзе аз давлатҳои муваффақи оламро барои намуна мисол оварем, аз ҷумла:
Шветсия дар татбиқи пардохтҳои ғайринақдӣ пешсаф мебошад ва дар соли 2025 тақрибан 100 дарсади аҳолии Шветсия пардохтҳои худро ба таври ғайринақдӣ пардохт намуда, ҳатто дар лавҳаҳои мағозаву тарабхонаҳои Шветсия навиштаҷоти “Пули нақд қабул намекунем” дида мешавад.
Тадқиқоти охирини Шурои пардохтҳои Аврупо нишон дод, ки муомилоти нақд танҳо 1 дарсади ММД-и Шветсияро дар соли 2025 ташкил додааст. Масалан, Swish, ки як барномаи пардохти мобилӣ аст, дар моҳи июли соли 2020 зиёда аз 7,8 миллион корбар дошт ва инчунин дар як моҳ тақрибан 50 миллион амалиёти пулӣ анҷом дода буд.
Тибқи гузориши Бонки миллии Дания, дар соли 2023 пардохтҳои нақдӣ танҳо 8 дарсади тамоми транзаксияҳоро ташкил медиҳанд. Даниягиҳо бештар аз замимаҳои мобилӣ истифода мебаранд, зеро харидор “ҳамеша телефони мобилии худро бо худ дорад” ва метавонад ба осонӣ маблағи муайянеро, ки барои пардохт лозим аст,пардохт кунад.
Нидерландия дар мавриди муомилоти электронӣ яке аз пешсафони Аврупо аст. Як омори аҷиб ин аст, ки 99 дарсади аҳолӣ ҳоло соҳиби корти дебетӣ мебошанд.
Зиёда аз нисфи муомилоти пардохт дар соли 2020 бидуни тамос ва тавассути корти дебетӣ сурат гирифтааст, ки як қадами бузурги гузариш ба пардохти ғайринақдӣ мебошад.
Давлати ҳамсоя ба Тоҷикистон кишвари Чин дар самти ҷорикунии пардохти ғайринақдӣ, яке аз давлатҳои босуръат пешрафта дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар ҳоле, ки Чин аз Шветсия каме қафо мондааст, вале афзоиши пардохтҳои электронӣ бо назардошти шумораи зиёди аҳолияш хеле назаррас аст. Мисли дигар кишварҳои пешсаф, ки ҳадафи ғайринақдии пардохтро доранд, Чин низ қабули босуръати пардохтҳои мобилиро ҷорӣ намудааст. Дар ин кишвар, яке аз роҳҳои маъмултарини пардохт тавассути телефон ин сканеркунии QR-рамз мебошад. Чин дар тиҷорати электронӣ пешсаф аст ва бузургтарин бозори тиҷорати электронӣ дар ҷаҳон дорад. Масалан, Alibaba як ширкати технологияи фаромиллии чинӣ аст, ки дар он тиҷорати электронӣ, чакана, интернет ва технологияи муосир бозори худро ривоҷ додааст. Бо фурӯши солонаи онлайн 672 миллиард доллар ва суръати афзоиши солонаи 27,3 дарсад, нишонаҳои сустшавӣ дар тиҷорати электронӣ дар Alibaba ба назар намерасад.
Тибқи таҳлилҳои коршиносони Daxue Consulting, дар байни аҳолии Чин асосан панҷ замимаи мобилӣ, бо номҳои Alipay, WeChat pay, UnionPay, JD Pay ва Apple Pay маъмул аст (Диаграммаи 1).
Аз нишондиҳандаҳои диаграммаи 1 мушоҳида кардан мумкин аст, ки замимаи Alipay бо 92 дарсади истифодабарӣ нисбат ба дигар замимаҳо афзалияти бештар дорад. Инчунин, дар қатори дуюм бошад, замимаи WeChat бо 85 дарсад ва UnionPay бо 45 дарсад пешқадам мебошанд. Бояд зикр дошт, ки хусусияти бештар маъмул будани замимаҳои мазкур дар бозори Чин ҷиҳати ҷорӣ намудани фаъолияти инноватсионӣ ва аз ҳар гуна хатарҳо эмин буданашон мебошад. Масалан, замимаи Alipay ва WeChat бо истифода аз технологияи пешрафтаи биометрӣ маъруфият пайдо карда, раванди хизматрасонии он тавассути сабти ҷеҳра анҷом меёбад. Илова бар ин, яке аз хусусиятҳои дигаре, ки ҳангоми иҷрои хизматрасонӣ ба амал меояд, ин шинохти чеҳра махсусан дар байни истеъмолкунандагоне, ки тариқи амалиётҳои офлайнӣ сурат мегирад, мебошад ва хизматрасонии мазкур ба истеъмолкунандагон имкон медиҳад, ки бидуни истифода аз телефони мобилӣ ба мақсадҳои худ ноил шаванд.
Бояд гуфт, ки бештари шаҳрвандони Кореяи Ҷанубӣ ба кортҳои кредитӣ ва воситаҳои гуногуни пардохти рақамӣ такя намуда, аллакай аксари инфрасохторро дар саросари кишвар барои интиқоли пардохтҳои ғайринақдӣ замина фароҳам овардаанд. Бинобар ин, Кореяи Ҷанубӣ усулҳои пардохти ғайринақдӣ, бахусус, кортҳои кредитиро, ки қариб 60 дарсади амалиётҳои пулӣ тавассути аҳолӣ истифода мешаванд, бартарӣ медиҳад. Якҷоя бо кортҳои дебетӣ, онҳо тақрибан 70 дарсади тамоми пардохтҳоро ташкил медиҳанд.
Пардохтҳои ғайринақдӣ дар Ҷопон бошад, сарфи назар аз технологияи пешрафтаи худ, таърихан барои муомилоти ҳаррӯза ба пули нақд такя мекунад. Бо вуҷуди ин, дар ин кишвар пардохтҳои ғайринақдӣ дар солҳои охир аз ҳисоби ташаббусҳои ҳукумат, навовариҳои финтехникӣ ва тағйирот дар рафтори истеъмолкунандагон пардохти ғайринақдиро ривоҷ дода истодааст.
Тибқи маълумотҳои коршиносон дар соли 2023 пардохтҳои ғайринақдӣ беш аз сеяки тамоми муомилоти пулии Ҷопонро ташкил доданд. Ҳукумати Ҷопон ҳадаф дорад, ки қабули пардохтҳои ғайринақдӣ то соли 2025 ба андозаи 40 дарсад ва дар оянда то ба 80 дарсад афзоиш диҳад. Ташаккули хизматрасониҳои пардохтҳои мобилӣ ба монанди PayPay Japan, LINE Pay ва Rakuten Pay муомилотҳои рақамиро нисбатан осонтар мекунанд. Илова бар ин, кортҳои кредитии байналмилалӣ ба монанди Visa, Mastercard ва American Express дар шаҳрҳо ба таври васеъ қабул карда мешаванд, аммо дар ҳама ҷо ба кор намераванд. Зеро, аксари субъектони тиҷоратии хурд, мағозаҳои дар деҳот қарор дошта ва бозорҳои анъанавӣ то ҳол фаъолияти худро ба таври пардохти нақдӣ анҷом медиҳанд, ки ин раванд ҷиҳати гузаштан ба иқтисоди рақамӣ монеа эҷод мекунад. Дар маҷмӯъ, Ҷопон ба сӯи ҷомеаи ғайринақдӣ ҳаракат мекунад, аммо пули нақд дар бисёр ҳолатҳо усули бартарии пардохт боқӣ мондааст.
Нишондиҳандаҳое, ки дар ҷадвали 1 оварда шудаанд бозгӯи онанд, ки дар Ҷопон пардохтҳои нақдӣ нисбат ба пардохтҳои ғайринақдӣ бештар сурат мегиранд. Масъалаи мазкур метавонад ҷиҳати ташаккул додани соҳаҳои иқтисодию молиявӣ монеагӣ эҷод кунад, аммо дар ин самт ҳукумати Ҷопон кушиш мекунад, ки пардохтҳои ғайринақдӣ давра ба давра инкишоф дода шавад.
Омилҳои нисбатан суст рушд кардани пардохтҳои ғайринақдӣ дар Ҷопон ин ба табақаи сину солӣ алоқамандӣ дорад, зеро бештари аҳолии он пиронсол буда, имкон намедиҳад пардохти ғайринақдӣ мисли давлатҳои мутараққӣ рушди босуръат дошта бошад.
Дар асоси гуфтаҳои боло метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар қатори давлатҳои пешсаф вобаста ба татбиқӣ пардохтҳои ғайринақдӣ бо қадамҳои устувор пешрафта истодааст. Барои рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва ҷиҳати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт» аз 24 феврали соли 2017, № 1397 қабул шудааст. Инчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон, ки санаи 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, таъкид доштанд, ки “Бо мақсади танзими хизматрасониҳои пардохтӣ, осон ва шаффоф гардонидани амалиёт, кам намудани истифодаи пули нақд дар муомилот ва вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Дар ин самт инфрасохтори зарурӣ бояд бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ ташаккул дода шавад”.
Тибқи мушоҳидаҳо, тайи солҳои охир дар кишвар пардохти ғайринақдӣ хеле рушд ёфта, аҳолии кишвар муҳиммият ва аҳамияти пардохтҳои ғайринақдиро хуб дарк намудаанд. Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2024 миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкӣ 8,4 млн. адад (нисбат ба соли 2023 – 25,7 дарсад афзоиш ёфтааст) ва шумораи умумии ҳамёнҳои электронӣ 12,1 млн. адад (нисбат ба ба соли 2023 – 38,6 дарсад афзоиш ёфтааст) ташкил додааст. Ҳамзамон, дар ин давра барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ 11 955 терминали электронӣ насб карда шудааст, ки аз онҳо 5 530 POS-терминал махсус барои қабули пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ ҳам истифода мешаванд. Инчунин, дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 19 918 QR–рамзи ягона насб карда шудааст, ки 3161 адади он махсус барои қабули пардохтҳои хизматрасонии муздноки давлатӣ пешбинӣ шудааст.
Тавре аз маълумотҳои диаграммаи 2 ба мо маъум мегардад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи ҳамёнҳои электронӣ соли 2024 нисбат ба соли 2020-ум зиёда аз ҳафт баробар зиёд шуда, дар ин зимн шумораи кортҳои пардохтии бонкӣ бошад, беш аз се баробар афзоиш ёфтааст.
Чӣ тавре аз расми 1 ба мо маълум шуд, афзоиши ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ нисбат ба соли 2020-ум зиёда аз се маротиба мебошад. Сабабҳои рушди бесобиқа доштани ҳамёнҳои электронӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ, кортҳои пардохтии бонкӣ солҳои охир дар кишвар ин заминаи қонунӣ фароҳам овардан аз тарафи Ҳукумати кишвар мебошад, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт» аз 24 феврали соли 2017, № 1397 ва рушди муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон мебошад, ки бе рушд додани низоми пардохти ғайринақдӣ имкони рушд ёфтан имконнопазир мегардад.
Ҳамин тавр, ба андешаи коршиносони соҳавӣ, рушди низоми пардохти ғайринақдӣ ба рушди иқтисодиёт мустақиман таъсири ҳалкунанда хоҳад расонид. Аз ин нуқтаи назар, иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба васеъ ҷорӣ намудани низоми ғайринақдӣ, бисёр масъалаи муҳим ва мубрам мебошад. Зеро татбиқи он, пеш аз ҳама, барои ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ, таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, коҳиш додани мудохилаи омилҳои инсонӣ, рафъи омилҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошта, барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва баланд бардоштани мавқеи байналмилалии кишвар мусоидат менамояд.
Дар маҷмӯъ хулоса намудан мумкин аст, ки гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш дода, (интизорӣ дар назди банкоматҳо ва хазинаҳои ташкилотҳои қарзии молиявиро барои дастрас намудани пули нақд коҳиш медиҳад) боиси сарфаи вақт ва пешгирии хароҷоти иловагии аҳолӣ мегардад. Ғайринақдӣ гардондани раванди пардохтҳо аҳаммияти муҳимми иқтисодӣ дошта, истифодаи воситаҳои пардохти ғайринақдӣ ҳангоми анҷом додани пардохти хизматрасониҳои давлатӣ ин равандро осон ва мувофиқ мегардонад.
Бобоёров С.А.,
мутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон