Дар солҳои охир олимони тазвиргар шабакаҳои интернетро ба доми тазвир (ҳилаю фиреб) кашида,  таърихи Осиёи Марказӣ ва Хуросонро таҳриф намуда, хоҳиши худро ба “ҳақиқат” табдил доданианд, ки чунин  “пажуҳиш”-ҳо хеле муғризона ва бар хилофи ҳамгироии кишварҳои ҳамтақдири минтақа ва дунёи ислом аст.  Аз ҷумла, дар саҳифаи интернетӣ мақолаи профессори Донишгоҳи ҳунари Стамбул ба номи Мимара Синана Айдин Уста таҳти унвони “АНДЕША – Давлати аввалини мусалмонӣ-туркӣ: Сомониён” нашр гардидааст, ки хеле зиддиилмӣ ва бидуни риояи  ҳақиқати таърихӣ ва ахлоқи таърихнигорӣ иншо гардидааст.

Бояд гуфт, ки дар муайянсозии муносибати давлат ба ин ё он халқ аз кадом забон ба вуҷуд омадани асли баромади номи сулола ва номи давлат нақши калидӣ дорад. Дар забони форсии тоҷикӣ, ҳамчунин,   қомусномаю фарҳангномаҳо даҳҳо вожаҳое ҳастанд, ки бо номи сулола ва давлати Сомониён ҳамрешаанд. Аз ҷумла,   Сомон 1. тартибу саранҷом, 2. молу мулк, дороӣ, давлат. 3. ҳадду имкон, 4. маҷолу мадор, қуввату қудрат, тавоноӣ, 5. ҷадди хонадони Сомонӣ, ки ӯро Сомонхудот мегуфтанд[1]. Аз ҳамин мафҳум калимаи сомона ба вуҷуд омадааст, ки чунин маъно дорад. 1.ҷиҳоз, дастгоҳ, 2. низом, систем, 3. Сайт;  Ҳамчунин дар Вожаҷӯ – фарҳангномаи форсӣ-тоҷикӣ омадааст: “Сомониён – номи дастае (сулолае) аз салотини эронӣ, ки дар Хуросону Мовароуннаҳр ва Кирмону Ҷузҷон, Рай, Табаристон ва то ҳудуди Исфаҳонро дар тасарруф доштанд.

Мафҳумҳои дигар:  сомонолот – асбоб, таҷҳизот; сомон кардан – ҳосил кардан, ба даст овардан, фароҳам овардан; сомонбахшии бемор – мудирият ва ҳамоҳангии ҳамаи хадамот ва имконоти лозим барои муроқибат аз бемор” (яъне консилиум), сомонӣ (воҳиди пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон), даҳҳо кӯчаю, деҳкадаю шаҳрак ба номи Сомониён ва номҳои мардонаи тоҷикии Сомон аз ҳамин калимаи ноби форсӣ-тоҷикӣ гирифта шудаанд.

Қисми дуюми калимаи “Сомонхудот” – худот – унвони подшоҳони Осиёи Миёна қабл аз ислом, маънои соҳибро ифода мекунад.  Бухорхудот – соҳиби Бухоро;  кадхудой, ки аз ҳамин реша баромадааст ба маънои  соҳиби хонаву ҷой, калони хонавода, сароила; 2. соҳиб ва арбоби деҳа, деҳхудо; 3. раис, сардор, подшоҳ, 4. вазир, 5. лоиқ, сазовор, муносиб омадааст[2]. Дар маҷмуъ. мафҳуми “Сомонхудот” аз ду вожаи ноби форсӣ-тоҷикӣ “сомон” ва “худот”  ташаккул ёфтааст. Ҳамзамон,  номи аслии Сомонхудот, ки дар сарчашмаҳо дар шакли Аркак ва Аршак, ҳамчунин, асосгузори давлати Ашкониҳо (Порт) Аршак ва Ашк вомехӯранд, низ номҳои эронӣ-тоҷикии тоисломӣ ҳастанд.

Вобаста ба ин, ҳама кӯшишҳои олимони тазвиргар, ки дар мақолаҳо далелҳои онҳо ба “метавон гуфт” (можно предположить ё предполагать) инъикос гардидаанд, ягон далели мушаххас надоранд ва иртибот додани калимаи “сомон” ба забонҳои туркӣ асос надорад.

Дар оғози мақола Айдин Уста қайд менамояд, ки дар давоми таърих туркҳо давлатҳои зиёдеро дар фазои паҳновар аз Осиёи Марказӣ то Анатолия асос гузоштаанд. Тавре маълум аст 99 дарсади  таърихи инсоният ба давраи ҷомеаи ибтидоии инсоният рост меояд, ки  дар ин марҳалаи таърихи аҳли башар давлатҳо вуҷуд надоштанд ва тақрибан 5 ҳазор сол пеш давлатҳо пайдо шуданд, ки тақрибан  1 дарсади таърихи башариятро дар бар мегиранд.

Авввалин давлатҳо дар таърихи инсоният дар Мисру Байнаннаҳрайн (Мисри қадим, Шумер, Аккад, Ошур, Бобул, Порс, Мод ва ғайра), инчунин, Чину Ҳиндустон ба вуҷуд омадаанд ва баъдтар давлатҳо дар Аврупо (Юнону Рими қадим ) ва дигар минтақаҳои ҷаҳон ташаккул ёфта, рушд намудаанд.

Таърихии давлатдории халқҳои ориёӣ аз давраи давлатҳои  Пешдодиёну Каёниён оғоз гардида, дар заминаи онҳо давлатҳои  аҷдододи тоҷикон–Бохтару Суғду Хоразми бостонӣ тақрибан 2700 сол пеш ташаккул ёфта, тамоми қаламрави Тоҷикистони Таърихӣ (Вароруду Хуросон)-ро дар бар мегирифтанд. Дар замони аввалин империяи умумиэронии ҷаҳонӣ – Ҳахоманишиниён (558–330 то милод), ки бештар аз 2500 сол пеш ба вуҷуд омада, зиёда аз 15 давлати имрӯзаи Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздику Миёна ва Шимоли Африқоро дар  бар мегирифт, баъди 225 соли мавҷудияташ аз ҷониби Искандари Мақдунӣ забт карда шуд, ки дар ин марҳалаи таърихи инсоният халқҳои туркзабон ҳанӯз дар зинаи ҳаёти қавмӣ-авлодӣ қарор доштанд ва ҳаёти кӯчиро дар сарзамини Муғулистони Ғарбӣ ва Олтою Сибир аз сар мегузарониданд. Яъне дар ин марҳалаи таърихи инсоният Осиёи Марказӣ (Вароруд, Мовароуннаҳр,  Осиёи Миёна) ҳеҷ гоҳ макони зисти мардуми туркитабор набуд[3].

Осиёи Марказӣ ва Хуросон– нахустмеҳани халқҳои ориёӣ – бохтариён (тахориҳо), суғдиён, хоразмиён, сакоиҳо, массагетҳо, портиён, фарғонагиҳо буд, ки аҷдоди бевоситаи халқи тоҷик ва дигар мардуми эронитабор  ба ҳисоб мераванд[4].

Дар сарзамини Ориёно (Хуросону Варорӯд)  баъд аз ҳукмронии понздаҳсолаи Искандари Мақдунӣ ва пас аз ҳукмронии  шастсолаи Селевкиён (312- 250) дар Порт (Парфия) аз ҷониби сулолаи Ашкониён (247 то милод- 226 милодӣ)  ва баъд аз 120 сол дар Варорӯд (Варазрӯд, Осиёи Марказӣ) баъди шикасти давлати Юнону Бохтар аз ҷониби Кушониён (асри I то м.–миёнаи асри IV м.) давлатдории миллии эрониён-тоҷикон аз нав эҳё гардид.

Давлатҳои  аввалини туркҳои кӯчӣ империяи  Ҳуннҳо (220-46 то м.), империяи Ҳуннҳои Ғарбӣ (48-216) дар Муғулистони Шарқию Ғарбӣ (Тува) ва  Сибири Шарқию кишвари Олтой ба вуҷуд омаданд, ки минбаъд дар натиҷаи забткориҳо қаламрави худро хеле васеъ карда, то Аврупо рафтанд. Давлати Ҳоқонии Турк–Гётуркҳо(552-742) низ дар ҳамин минтақаҳо ба вуҷуд омад ва тадриҷан ҳудуди худро ба ғарбу ҷануб васеъ кард. Баъдтар ин давлат дар соли 603 ба ду қисмат Ҳоқонии  Ғарбӣ ва Шарқии Туркҳо тақсим шуд.

Солҳои 563-567 Ҳоқонии Туркҳо бо давлати Сосониён иттифоқ баста, давлати маҳаллии ориёии Ҳайтолиён (450-567)-ро шикаст доданд ва аз ҳамин марҳала воридшавии туркҳо ба сарзамини ободу ҳосилхези Варорӯд (Варазрӯд, Транссаксония, Мовароуннаҳр) оғоз мешавад[5], ки дар марҳалаи аввал то ибтидои асри ХI шумораи  онҳо дар сарзамини Тоҷикистони Таърихӣ хеле кам будаанд.

Воридшавии бештари туркҳо ба сарзамини Осиёи Марказӣ ва Хуросон асосан баъди забти давлати эронӣ-тоҷикасоси Сомониён аз ҷониби туркҳои Қарахонӣ ибтидо гирифтааст, ки дар маҷмуъ, давлатдории туркҳо дар сарзамини Хуросону Варорӯд дар давраи ҳукмронии Қарахониён (999-1212), Ғазнавиён (962-1186), ки фақат роҳбарияти олии он турк буданд ва ҳамаи вазирон аз хонадонҳои эронӣ–тоҷик таъйин мешуданд)  ва Салҷуқиён (1040-1157), ки баъзе олимон онро давлати туркӣ-эронӣ низ номидаанд (шояд аз нуфузи сарвазири тоҷикаш Низоммулмулк (1060-1090) бошад, густариш намудааст ва то ин замон давлатҳои пешини минтақа аксар давлатҳои эронӣ-тоҷикӣ буданд.

Ҷумлаи дуюми ин мақола “нуқтаи гардиши куллӣ дар таърихи туркҳо шиносоӣ ба ислом мебошад”. Ба гуфтаи ӯ робитаи туркҳо бо арабҳо аз давраи халифаи дуюм Умар ибни Хаттоб (634-644) оғоз шудааст ва дар давраи ҳукмронии Уммавиён (661-750) бештар гардидааст. Дар ин марҳала туркҳо бо арабҳо робитаи хеле кам доштанд ва мардуми эронитабори минтақа дар Хилофати Араб аз замони Паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) нуфузи бештар (Салмони Форсӣ, Имом ал-Бухорӣ ва дигарон)  доштанд ва  миёнравони асосии робитаи байни араб ва туркҳо буданд. Дар замони халифа Умар ибни Хаттоб  ва минбаъд то соли 651 давлати овозадори Сосониён (224-651м.) побарҷо буд, ки робитаи туркҳои Ҳоқонии Турк  бо арабҳо тавассути онҳо амалӣ мегардид.

Айдин Уста муҳорибаи Таласро (751) бар зидди Чин ёдрас мекунад,  вале ӯ намегӯяд, ки дар ин муҳориба лашкаркаши бузург Абумуслими Хуросонии тоҷик буд, ки солҳои 748-750 сулолаи Уммавиёнро дар Хилофати Араб шикаст дода, сулолаи  Аббосиёнро ба сари қудрат овард ва маҳз таҳти роҳбарии ӯ соли 751 чиниҳо дар муҳорибаи Талас шикаст хӯрданд, ки дар ин муҳорибаи муштарак дар баробари тоҷикон-эрониён туркҳо низ  буданд.

Дуруст аст, ки ин ҳодиса сабаби ба таври оммавӣ қабул кардани ислом аз ҷониби туркҳо шуд ва дар мусалмоншавии туркҳои шимоли Осиёи Марказӣ нақши эрониён-тоҷикон хеле чашмрас аст, зерро мардуми Варорӯд (Мовароунаҳр) асосан аҷдоди  тоҷикон (бохтариён, суғдиён, хоразмиён, сакоиҳо, портиён)  буданд ва аввалин масҷид  ҳанӯз соли  соли 713 дар Бухоро ифтитоҳ  шуда буд, ки мардуми эронитабори Варорӯд (Мовароуннаҳр) бори аввал баъди арабӣ дар дунёи ислом ба забони модариашон – форсии дарӣ  намоз мехонданд.

Дар замони давлатдории  Сомониён (819-1005) ва то миёнаи асри XI туркҳо ҳеҷ гоҳ  дар дунёи ислом мавқеи устувор надоштанд ва танҳо аз давраи Салҷуқиён (1040-1157) Хоразмшоҳиён (1097-1220),  Темуриён (1370-1507) ва махсусан, империяи Усмониён (1299-1922) туркҳо дар ҳақиқат дар дунёи ислом бартарӣ пайдо карданд ва ҳимоятгари манфиҳатҳои дунёи ислом буданд. Пирӯзии туркҳо дар ҷангҳои салибӣ бар зидди насрониёни Аврупо ифтихори мусалмонҳо шуда метавонад.

Аммо бояд тазаккур дод, ки дар замони давлати Сомониён аҳолии аксари кулли Осиёи Марказӣ тоҷикон-эрониён буданд, туркҳо фақат дар артиши хизмат мекарданд ва дар охири давлатдории тоҷикон, дар замони ҳукмронии Сомониён нуфузи ҳарбиёни турктабор (Алптегин, Сабуктегин, Бектузин) дар корҳои давлатӣ бештар шуда буд, ба ин хотир,  ба Алптегин мулки Ғазнаро ба сифати иқтоъ ҳадя карда, аз пойтахти давлат–шаҳри Бухоро дур карданд.

Айдин Уста қайд мекунад, ки “маҳз дар замони Сомониён туркҳо бидуни зарар ба ҳувияти миллии худ таълимоти нави исломро қабул карданд. Маҳз ин давлат звенои муҳимми силсилаи давлатҳои туркии аз Осиёи Марказӣ то Анатолия (Туркияи имрӯза) шуданд”.

Мардуми турктабор (ба истиснои булғорҳои назди Волга, ки оғоз аз  соли 922 исломро қабул карданд) нисбати эрониён-тоҷикон исломро дертар қабул карданд ва ин раванд тавре дар мақола ҳам қайд гардидааст,  то асрҳои XIII-XVIII дар байни онҳо идома дошт.

Давлати Сомониён ҳеҷ гоҳ давлати туркӣ набуд ва танҳо  баъди шикасти ин давлати мутамаркази миллии тоҷикон-эрониён, ки давраи “тиллоӣ”-и таърихи халқи тоҷик эътироф шудааст, сирф давлати тоҷикӣ-эронӣ буд.[6]

Аммо дуруст аст, ки оғоз аз асри XI силсилаи бавуҷудоии давлатҳои туркии Осиёи Марказӣ сар мешавад ва то ибтидои асри XIII давом мекунад. Аммо аз ибтидои асри XIII аз Улуси Чағатой сар карда, то шикасти Аморати Бухоро  давлатҳои Осиёи Марказӣ ба истиснои давлатҳои тоҷикӣ-эронии Ғуриён, Сарбадорон, Музаффариён ва Куртҳои Ҳирот, ки давлатҳои маҳаллии тоҷикӣ буданд, боқимонда давлатҳои империяи Муғул, империяи Темуриён, давлатҳои Шайбониён, Аштархониён, Манғитиён, хонигариҳои Хева ва Хӯқанд ҳама давлатҳои муғулӣ-туркӣ буданд. Аммо забони форсии дарӣ (тоҷикӣ)  дар ҳамаи ин давлатҳо забони расмии коргузорӣ, забони илму фарҳанг буд ва ҳамчун лингва франка барои тамоми давлату халқҳо истифода мешуд ва тоҷикон дар раванди ташакулу рушди ин давлатҳо ба ҳайси мардуми бумӣ ва соҳибқалами ин сарзамин нақши созанда ва маънавиётофарӣ доштанд[7].

Дар мақола қайд шудааст: “баъзе сарчашмаҳо Сомониёнро ба эрониён мансуб медонад, лекин ҳангоми бо таваҷҷуҳ омӯхтани сарчашмаҳо маълум мегардад, ки онҳо турк ҳастанд”. Ин андешаи ботил ва ғайриилмӣ аст. Оё ҳамаи олимоне, ки ин сарчашмаҳоро дар муддати 150 соли охир таҳқиқ  кардаанд, эронӣ ё турк будани Сомониёнро фарқ накардаанд ва танҳо ду олиме, ки мехоҳанд ҳақиқати таърихро ба хоҳиши худашон мутобиқ гардонанд, гӯё “ошкор” кардаанд,  ки Сомониён турк будаанд. Ҳамзамон, қайд менамояд, ки “тааҷҷубовар аст, ки дар сарчашмаҳо номҳои туркии Тамгас, Гузек, Кулеркин, Кабба, Самтаган, Икшин (Ихшид) аз ҷониби муҳақиқон бетаваҷҷуҳ мондааст”. Аввал ин ки аз байни ин вожаҳо “ишхид” калимаи  суғдӣ аст,  на туркӣ. Дуюм, боқимонда панҷ номе, ки номбар мекунад, дар байни номҳои форсӣ-тоҷикии замони Сомониён хеле ночиз ҳастанд ва дар замони Сомониён ягон амир номи туркӣ надошт.  Агар аз рӯйи мантиқи Айдин Уста мансубияти давлатҳоро аз номҳои сарварони давлат муайян кунем, аксари номи роҳбарони давлатҳои мусалмонӣ дар гузашта  ва имрӯза арабӣ ё форсӣ ҳастанд (аз ҷумла номҳои фарзандон ва наберагони амир Темур–Ҷаҳонгир, Шоҳрух, Мироншоҳ, Пирмуҳаммад, Шоҳиҷаҳон (Темуриёни Ҳинд) ва даҳҳо роҳбарони дигар, аз ҷумла султонҳои империяи Усмониён номҳои арабию форсӣ доштанд,  пас бояд онҳоро давлатҳои арабӣ ё эронӣ-тоҷикӣ номем?

Забон рукни асосии фарҳанг, ҳувияти миллӣ ва нишонаи асосии миллат ва давлат аст. Агар Сомониён турк мебуданд, барои чӣ забони туркиро забони давлатӣ, коргузорӣ ва муоширати байни халқҳо накарданд? Шоирони бузурги давраи Сомониён ва намояндагони адаб  ва фарҳанг ҳама осори худро ба забони модариашон форсии дарӣ (тоҷикӣ) ва осори илмӣ қисман арабӣ, ки забони илмии ҳамон замон буд, навиштанд. Дар замони давлатдории Сомониён ягон сарчашмаи илмӣ, адабӣ ва  санади давлатдорӣ бо забони туркӣ иншо нагардидааст, ҳарчанд дар ин давра ду китоб “Қутадғу билиг” ва “Девони луғати турк” дар қаламрави берун аз Сомониён ба забони туркӣ дар Баласоғун (дар Туркистони Чин) иншо шуда буд.  Сабаб дар он аст, ки Сомониён ҳеҷ гоҳ турк набуданд ва ба ин забон таваҷҷуҳ надоштанд, дар муҳити фарҳангпарвару маънавиётдусти тоҷикӣ ба камол расида буданд ва аз мардуми асилзодаи эронитабори Хуросони бузург буданд ва номи сулола Сомониён ва номи расмии давлат Хуросон буд[8]. Дар китоби “Таърихи Бухоро”-и Абубакри Наршахӣ, ки пурра ба таърихи давлати Сомониён бахшида шудааст, муаллиф қайд мекунад: “Исмоили Сомонӣ 15 сол волии вилояти Бухоро ва 15 соли дигар амири Хуросон буд”[9]. Дар давоми суханонаш Уста эътироф мекунад, ки форсӣ забони бюрократии Шарқи исломӣ буд, дар Ғарб арабӣ (яъне дар қисми ғарбии Хилофати Бағдод то шикасти он дар соли 1258 А.Б), ки ин эътирофи бузургии ин забон  аст. Дар қаламрави Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздику Миёна дар муддати қариб 1000 сол забони форсии дарӣ (тоҷикӣ)  ба ҳайси забони расмӣ, муоширати байни миллату давлатҳо ва ҳамчун лингва франка хизмат кардааст. Дар  аморати Бухоро бошад, то моҳи октябри соли 1920  форсии дарӣ (тоҷикӣ)  забони расмӣ,  коргузорӣ ва илму фаҳанги ин давлати куҳанбунёд буд.

Агар Сомониён турк буданд,  барои чӣ нисбат ба забони форсӣ ва арабӣ ғамхорӣ мекарданд, вале ба забони гӯё модариашон–туркӣ  ба гуфтаи  пажуҳишгари турк  Уста таваҷҷуҳ  надоштанд. Сабаб дар он аст, ки Сомониён ҳеҷ вақт турк набуданд ва забони туркӣ барои онҳо бегона буд. Ҳар турке, ки бо сабабҳои гуногун ба қаламрави давлати Сомониён ворид мешуд, бо мурури замон забони дарии форсӣ (тоҷикӣ)-ро, ки забони модарии Сомониён ва забони давлатию расмии эшон буд, қабул мекард.

Уста қайд мекунад, ки “далелҳои зиёд вуҷуд доранд, ки Сомониён ба туркҳо мансубият доштанд” ва далели аввалро ҷойгиршавии таърихии давлат меҳисобад, ки хеле содалавҳона ва зиддиилмӣ аст  ва мисол меорад рӯди Ҷайҳун (Амурдарё)-ро ва қайд менамояд, ки дар давоми таърих гӯё сарҳади эрониёну туркҳо буд.

Чунин андеша содалавҳона буда, асоси илмӣ надорад. Халқҳои ориёӣ-эронӣ ҳанӯз аз давраи асри асри биринҷӣ дар сарзамини паҳновари Авруосиё аз соҳилҳои рӯдҳои Дону Дунай дар ғарб ва то кӯҳҳои Тибет дар шарқ зиндагӣ мекарданд ва Осиёи Марказӣ (Варорӯд, Варазрӯд, Мовароуннаҳр) нахустватани халқҳои ориёӣ (суғдиён, бохтариён, хоразмиён, сакоиҳо) буд, ки ин мардум худро “арянам” ва сарзамини худро  тибқи китоби Авесто “Арянам вайеҷа” (Сарзамини Ориёно) меномиданд ва  сарзамини Тӯрон ҷузъи он буд[10]. Мардуми ориёӣ-сакоиҳо (скифҳо) аз ҳамин сарзамин ба Ҳиндустон ва ба Ғарб, ҷануби Русия, Украина, Беларус ва то соҳили рӯди Рейни Олмон ҳиҷрат карда, ба аксари халқҳои аврупоӣ  омехта шудаанд ва оилаи умумии забонҳои ҳиндуаврупоиро ташкил карданд. Дар ин замина Тӯронзамин ба сарзамини Туркон ё Туркистон ягон иртиботе надорад ва то асри VI милодӣ  асосан сарзамини мардуми ориёӣ (эронӣ)–тоҷикон буд[11].

Тавре олими эроншиноси машҳур, профессори Донишгоҳи Гарварди ИМА Ричард Фрай қайд намудааст: “Даштҳои Осиёи Миёна ҳамеша барои ҷойгиршавии кучиён, аввал скифҳо-эрониён, баъдтар барои қабилаҳои туркҳо хизмат мекард, ҳамин тавр мардуми маҳаллии Хуросон ҳамеша таҳти  хатари тохтутозҳои харобиовари саворагон аз шимол қарор дошт”[12]. Аммо ба мурури замон дар натиҷаи забткориҳои тулонии аввал туркҳо (асрҳои VI милодӣ – то ибтидои асри XIII) ва баъдан забткориҳои тотору муғулҳо бо сардории Темучин  (Чингизхон) ва ташкили Улуси Чағатой (1221-1359) дар ҳайати империяи Муғулон муҳоҷирати мардуми ғайриэронӣ ба ин минтақа хусусияти оммавӣ гирифта, дар харитаи этникии қисми шимолии Осиёи Марказӣ (Тӯрон) мардуми аз ҷиҳати антропологӣ турку муғул зиёд шуд ва дар натиҷаи таҷзияи онҳо халқҳои туркзабони имрӯзаи Осиёи Марказӣ ташаккул ёфтанд.

Яке аз масъалаҳои муҳимми илми таърихнигории муосир масъалаи аҳолии эронизабону ориёитабори сакоиҳо (скифҳо, массагетҳо, сарматҳо мебошад, ки дар солҳои охир мардуми турктабори Русияву Дашти Қипчоқ мехоҳанд аз онҳо турк созанд.  Сакоиҳо (скифҳо, массагетҳо), ҳамчунин,  сарматҳою аланҳо мардуми эронзабону ориёитабор буданд, ки дар даштҳои шимоли Осиёи Марказӣ дар минтақаи бузурги Авруосиё аз соҳилҳои рӯдҳои Дону Дунай ва баҳри  Хоразм (Арал) то Фарғонаю кӯҳҳои Помиру Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон имрӯза зиндагӣ мекарданд[13], ки аҷдоди бевоситаи сакоиҳо-скифҳо мебошанд. Тавре таърихнигори Юнони қадим Геродот қайд намудааст: “Массагетҳо ва қабилаҳои ҳамхуни онҳо сакоиҳо ва скифҳо худои офтобро парастиш менамуданд ва ба худои офтоб аспро қурбонӣ мекарданд”[14]. Ҳамчунин, аланҳо, дигориҳои Осетияи Шимолӣ  ва ирониҳои Осетияи Ҷанубӣ, ки мардуми эронитабор ва бумии Қафқози Шимолӣ эътироф шудаанд, меросбарони асосии скифҳо мебошанд[15]. Инчунин, аҳолии водии Фарғонаи тоисломӣ, аз ҷумла яке аз гаҳвораҳои тамаддуни тоҷик шаҳри Хуҷанди бостонӣ сакоиҳо буданд[16] ва мардуми Бадахшон ҳама мардуми эронитабори сакоӣ ҳастанд. Забони сакоиҳо–забони эронии шарқӣ ба ҳисоб рафта дар он калимаҳои туркӣ нест[17].  Аз ҷумла, ноҳияи Ишкошим (шакли қадимааш Сакоим) номи худро аз номи сакоиҳо гирифтааст. Падари таърих  Геродоти юнонӣ  сакоиҳо, аз ҷумла аҳолии Хуҷанд ва атрофи онро скифҳои шарқӣ ва мардуми эронӣ ва эронизабон гуфтааст[18], ки ҳамзамони онҳо буд ва ин далели раднопазир аст.

Айдин Уста қайд мекунад, ки “туркҳо ҳукмронии худро баъдтар дар ин ҷо (Варорӯд–А.Б.) бо Ҳуннҳо ва Гётуркҳо идома доданд”. Ҳуннҳо (гуннҳо)  аз сарзамини Сибири Шарқӣ ва Муғулистон омада, мардуми эронитабори шимоли Осиёи Марказӣ сакоӣ-скифҳоро таъқиб намуда, то сарзамини славянҳо ва Аврупои Шарқӣ рафтанд, дар он ҷо минбаъд нуфузи бештар пайдо карданд ва дар ин марҳала ба Осиёи Марказӣ ва Хуросон камтар муҳоҷират карданд. Агар манзури Айдин Уста давлати Ҳайтолиён, ки туркҳо имрӯз онро давлати Ҳуннҳои сафед ном мебаранд, бошад, ин як андешаи нодурусти ӯ ва дигар олимони  муғриз мебошад. Далелҳои лингвистӣ, антропологӣ, этнологӣ, таърихнигорӣ ва анъанаи давлатдории Ҳайтолиён исбот мекунад, ки он давлати ниёгони тоҷик буд. Дар таърихи тоисломӣ, ки номҳои арабӣ набуданд, номи шоҳони ҳайтолӣ Вахшунвар, Хушнавоз, Меҳркуло, Ғотифар ҳама номҳои эронӣ-тоҷикӣ ҳастанд, далели ин гуфтаҳо мебошанд. Давлати Ҳайтолиён, ки  солҳои охир мансубияти он мавриди баҳс қарор дорад ва олимони бузургманиши турктабор  онро  ба қатори 16 империяи туркӣ дохил кардаанд, давлати аҷдоди тоҷикон буд ва маркази он аввал Бодиён (Бомиён то имрӯз минтақаи тоҷикнишин дар шимолу ғарбии Афғонистон) ва баъди шикасти империя дар солҳои 563-567 дар ҳудуди вилояти Хутталон (Хатлон) буд ва маркази он дар Ҳулбук (ноҳияи Восеи Тоҷикистон) қарор дошт. Номи имрӯзаи вилояти Хатлон Тоҷикистон аз номи давлати Ҳайтолиён ва вилояти таърихии Хутталон бармеояд.

Гётуркҳо ҳукмронии худро баъди шикасти давлати Ҳайтолиён дар солҳои 563-567 милодӣ  дар Варорӯд (Мовароуннаҳр) оғоз карданд ва дар баъзе вилоятҳо ба сари қудрат омада бошанд ҳам, дар аксари шаҳрҳо ва вилоятҳо мардуми ориёитабор мустақилона мулкҳои худро идора мекарданд ва ба туркҳо то интишори дини ислом танҳо андоз месупориданд.

Ба андешаи Айдин Уста гӯё  “сарчашмаҳои исломӣ низ ба он мувофиқ бошанд, ки муқобалат бо лашкари арабҳо аз ҷониби туркҳо шуда бошад”. Аммо ӯ ягон сарчашмаро номбар намекунад. Ба маълумоташ мерасонем, ки арабҳо соли 651 милодӣ империяи бузурги Сосониёнро барҳам дода, бори аввал соли 654 милодӣ ба сарзамини Осиёи Марказӣ ворид шуда, номи ин сарзаминро аз Варазрӯд ё Варорӯди эронӣ-тоҷикӣ ба Мовароуннаҳр табдил доданд ва мардуми Марву Балх, Пайканду Бухоро, Гурганҷу Кат (Хоразм), Самарқанду Шош (Чоч, Тошканд) ва Хуҷанду Ҳулбук (Хатлон), Истаравшану Панҷакент, Вахшу Қубодиён  ҳама эронии шарқӣ (суғдӣ, бохтарӣ-тахорӣ, хоразмӣ, портӣ, сакоӣ, ҳайтолӣ, фарғонагӣ) аҷдоди тоҷикони имрӯза буданд, ки дар замони ислом дар давраи ҳукмронии Сомониён ҳайати асосии этникии ин давлат буданд ва дар заминаи ин унсурҳои этникӣ тавассути нақши муттаҳидсозии Сомониён халқи ягонаи тоҷик дар асрҳои IХ-Х ташаккул ёфт[19].

Аммо дуруст аст, ки баъди шикасти давлати Ҳайтолиён аз ҷониби Ҳоқонии Турк ва империяи Сосониён (563-567) дар раъси баъзе шаҳру вилоятҳо Варорӯду Хуросон  бори аввал дар таърихи Осиёи Марказӣ туркҳо қарор доштанд ва аз ҳамин давра рӯди Ҷайҳун (Ому)  сарҳади нуфузи Гётуркҳо дар Варорӯд ва Сосониён дар Хуросон то омадани арабҳо қарор дошт.

Ба  муқобили  арабҳо мардумони  Суғд бо сардории ишхид Деваштич (720-22) корномаҳо нишон додаанд ва имрӯз дар Тоҷикистон ноҳияи Деваштич дар вилояти Суғд бо исми ӯ номгузорӣ шудааст. Дуюмин муқобалаи сахт бар зидди арабҳо дар Хутталон (вилояти имрӯзаи Хатлони Тоҷикистон) соли 725 милодӣ  ба амал омад, ки дар ин муборизаи аҷдоди тоҷикон–хутталониҳо ва суғдиён дар ҳақиқат дастаи туркҳо ҳамчун иттифоқчӣ ҳам буданд. Минбаъд роҳбарони шӯришҳои халқии зиддиарабӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр Беҳофарид (746), ки худро паёмбари нави зардуштиён эълон карда буд, Абумуслими Хуросонӣ (747-750).  Синбоди Муғ (755), Исҳоқи Турк,   Устод Сис дар Ҳирот, Муқаннаъ (776-780), ба ғайр аз Исҳоқ,  ҳама аз мардуми эронӣ буданд.

Шаҳрҳои Балх, Самарқанд ва Шош (Чоч) ҳамчун нахустмеҳани Сомониён ҳамеша шаҳрҳои эронитаборони бохтарнишину суғдиён буданд, ки аҷдоди бевоситаи тоҷикон ба ҳисоб мераванд.

Дар мақола қайд шудааст, ки “дар гениологияи ин сулола (яъне Сомониён) бештар Баҳроми Чӯбина хотиррасон мешавад ва ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ишора мекунад, ки Баҳроми Чӯбина ба духтари ҳокими  Гётуркҳо Тарду хонадор шуда буд ва фарзандони аз ин никоҳ таваллуд шуда, дар Мовароуннаҳр муқимӣ шуданд ва боз мегӯяд, ки яке аз иттиолоти муҳим мебоошад, ки ӯ намояндаи қабилаи Даҳае мебошад, ки бо сакоиҳо иртибот дорад”.

Аввал ин ки дар асоси баъзе сарчашмао гениология ё насабномаи Сомониён ба Баҳроми Чӯбина–сарлашкари машҳурии Сосониён нисбат дода шавад ҳам,  сарчашмаҳои дигар генеологияи онҳоро ба Баҳроми Гӯри Сосонӣ нисбат медиҳанд, ки ҳеҷ гоҳ ба духтари ҳокими турк хонадор нашуда буд. Дуюм, агар насли онҳо ба Баҳроми Чӯбина робита дошта бошад ҳам, дар аксари кулли халқҳо ва давлатҳои ҷаҳон, ба истиснои яҳудиён,  насли  мард дар гениология асосӣ ҳисоб мешавад на гени зан. Агар аз рӯйи ин мантиқ ҳисоб кунем,  ҳамсари Селевки 1–асосгузори давлати Селевкиён Апама духтари Спитамен, қаҳрамони ниёгони халқи тоҷик буд ва фарзандони ӯ аз Антиохи 1 сар карда, набераҳои ин сипаҳсолори бузург хуни суғдӣ-эронӣ-тоҷикӣ доштанд. Аммо ягон эронӣ ё тоҷик даъвои давлати Селевкиёнро накардааст. Ҳамсари халифа Ҳорунаррашид як зани тоҷик–эронӣ бо номи  Мароҷил  буд ва фарзандони ӯ Амин ва Маъмун ва минбаъд  тамоми халифаҳои Аббосӣ, ки аз ин дудмон буданд (то соли 1258 милодӣ, шикасти Хилофат) аз ҷиҳати модарӣ хуни эронӣ-тоҷикӣ доштанд, вале оё мо гуфта метавонем, ки  давлати Хилофати Араб баъд аз Ҳорунаррашид давлати эронӣ-тоҷикӣ буд?

Истилоҳи туркҳои Сомонӣ дар сарчашмаҳо фақат ба маънои туркҳое, ки дар  артиши Сомониён хизмат мекарданд, истифода шудааст ва ягон муносибат ба сулола ва давлатдории Сомониён надорад.

Яке аз «далелҳо»-и бепояи Айдин Уста дар он  аст, ки гӯё мардуми эронии он замон бештар эътиқодмандони мазҳаби шофеӣ, вале Сомониён пайрави  мазҳаби ҳанафӣ буданд. Мафҳуми халқҳои эронӣ хеле васеъ аст ва зиёда аз 20 халқи бузургу хурдро дар бар мегирад, ки дар байни онҳо тоҷикон ва форсҳо дар ташаккул ва рушди давлату давлатдорӣ ва тамаддуни минтақа ва ҷаҳон нақши калидӣ доранд. Тоҷикон аз давраи пайдоиши мазҳабҳо дар ислом, ки мардуми бумии Осиёи Марказӣ ҳастанд, то имрӯз эътиқодмандони асосии мазҳаби ҳанафия, ки поягузораш Нуъмон ибни Собит, ки бо тахаллуси Абуҳанифа ва Имоми Аъзами тоҷик машҳур аст, мебошанд. Маҳз тавассути эрониён-тоҷикон халқҳои туркзабон аз ислом ва мазҳаби ҳанафии он, ки бонуфузтарин мазҳаб дар дунёи ислом мебошад, шинос шуда, онро ҳамчун мазҳаби муътадил ва таҳаммулгаро қабул намуданд. Ҳамзамон, дар бораи Имоми Аъзам маноқибҳои зиёд навишта шудаанд, ки аксари онҳо аз ҷониби Маҳмуд ибни Сулаймон ал–Кафавӣ (вафоташ 989/1581) дар Қрими замони Усмониён дар шакли маҷмуаи алоҳида бо номи “Катиб ал-ахяр мин фуқаҳо мазҳабан Нуъман ал-мухтар” (“Разряды выдающихся мужей из законоведов школы Нуъмон Избранника”)[20] таҳия намуд, ки бо номи фарҳанги таърихӣ-тарҷумаҳолӣ машҳур аст. Дар он тарҷумаи ҳоли (биографияи) 676 нафар, аз онҳо 544 фақеҳ ва 132 суфӣ ҷой дода шудааст ва қайд гардидааст, ки дар оғози асрҳои миёна аксари маноқибнависон ва илоҳиётшиносон  аз сарзамини  Суғд буданд[21]. Суғд ва шаҳрҳои асосии он Самарқанду Бухоро яке аз гаҳвораҳои тамаддуни тоҷикон мебошад[22], ки бунёдгузори равияи  мотуридизм Ал-Мотуридии Самарқандӣ (вафот 944) дар қатори садҳо бузургони илму адаб ва фарҳанги халқи тоҷик аз ҳамин сарзамин бархостааст ва ягон муносибат (тавре дар мақола омадааст), ба туркҳо надорад. Танҳо туркҳо дар қатори тоҷикон эътиқодмандони асили мотуридия ҳастанд ва нияту фотиҳаи намозҳои худро то ба имрӯз ба забони тоҷикӣ мехонанд.

Эътиқодмандии тоҷикон ба мазҳаби ҳанафия ба он дараҷа аст, ки бори аввал дар таърихи ислом соли 2009  дар Тоҷикистон 1310-солагии ин фарзанди бузурги миллати хешро дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтаанд ва садҳо уламои ислом аз кишварҳои исломӣ ва дигар давлатҳо дар ин ҳамоиши байналмиллалӣ бахшида ба қадршиносии ин фақеҳи бузург ва поягузори мазҳаби таҳаммулгарои дини мубини ислом иштирок ва суханронӣ намуданд. Воқеан, Сомониёни тоҷик ҳанафӣ буданд ва дар ҳақиқат булғорҳои сарзамини Волга, қарохониҳою ғазнавиҳою салчуқиҳои турк мазҳаби ҳанафиро аз онҳо қабул карданд.

Айдин  Уста менависад, ки “дар давраи Сомониён туркҳо нафақат аз ҷиҳати сиёсӣ фаъолнокӣ нишон додан гирифтанд, балки аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ бартарӣ пайдо карданд”.

Дар таърихи Осиёи Марказӣ ва Хуросони бузург аз давраи асри биринҷӣ то замони Сомониён аҳолии асосии маҳаллӣ ориёиҳо (бохтариён, суғдиён, хоразмиён, сакоиён, массагетҳо, портиён) буданд, ки дар замони Сомониён муттаҳид шуда, халқи ягонаи тоҷикро ба вуҷуд оварданд ва аксари кулли аҳолии ин ду минтақаро то ибтидои асри ХIII ташкил медоданд[23]. Аммо дар қисми шимолии Осиёи Марказӣ (Дашти Қипчоқ ва Туркистони Чин) баъди шикасти давлати Сомониён ва ташкил гардидани давлатҳои туркии Қарохониён ва баъдан Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён воридшавии оммавии туркҳо ба ин минтақа тадриҷан аҳолии туркзабон зиёд мегардад. Аз ҳамин давра дар харитаи этникии  Осиёи Марказӣ махлутшавии аҳолии таҳҷойӣ-тоҷикон бо туркзабонҳо оғоз мегардад ва ин раванд дар замони империяи Муғулон (Улуси Чағатой) ва баъдан дар замони Темуриёну Шайбониён ва Аштархониён (аз ҷануби Русия омада буданд) суръат пайдо карда, аҳолии туркзабон дар шимоли Осиёи Миёна нисбати аҳолии эронитабор бартарӣ пайдо мекунад. Аммо дар Мовароуннаҳр (Осиёи Миёна) дар шаҳрҳо ва вилоятҳои калонтарин, аз ҷумла Бухоро, Самарқанд, Гурганҷ, Балх, Тирмиз, Марв, Шош, Фарғона, Хуҷанд, Истаравшан, Бунҷакат, Панҷакент, Ҳулбук ва ғайра аҳолии асосӣ тоҷикон буданд, дар баробари тоҷикон, туркҳо низ тадриҷан дар баъзе минтақаҳои Фарғона Шош (Тошканд) ва Марву Тирмиз зиёд шуданд.

Дар мақола бо истинод ба китоби Абубакри Наршахӣ «Таърихи Бухоро» қайд шудааст, ки “сулолаи Сомониён аз Балх буданд ва ин гӯё «кашфиёти бузурге» будааст, ки  воқеияти навро ба вуҷуд меовардааст”, яъне ишора ба буддопарастии Сомониён аст, ки хеле содалавҳона аст. Дуруст аст, ки дар шаҳри  Балх, ки модари тамоми шаҳрҳои ориёӣ-тоҷикӣ эътироф шудааст ва аз замони шоҳ Виштосп макони  пайдоиши дини зардуштӣ ба ҳисоб меравад, аммо аз давраи Кушониён маъбади буддоии Навбаҳор амал мекард, вале ин маънои онро надорад, ки ҳамаи мардуми Балх ва атрофии он буддоӣ буданд. Асли баромади сулолаи Сомониён байни  Балху Тирмиз[24] ва ҳатто наздикиҳои Самарқанд[25]  қайд шудааст. Дуюм, дини буддоӣ ҳам дар қатори дини ведоӣ ва зардуштӣ (маздоӣ) яке аз динҳои мардуми ҳиндуориёӣ буд, ки дар асри VI пеш аз милод аз ҷониби Сидхарта Гаутама дар Ҳиндустон ба  вуҷуд омада, дар замони давлатдории ориёии Кушониён (асри I то милод-миёнаи асри IV) дар қаламрави Осиёи Марказӣ дар замони Канишкаи Кабир (78-123 м.) низ интишор ёфт ва дар баробари зардуштия, монавия, маздакия яке аз динҳои тоисломии мардуми ин сарзамин буд. Сеюм, эътиқодманди дини буддоӣ будан ҳеҷ гоҳ маънои турк буданро надорад. Туркҳо дини буддоиро тавассути бохтариён ва суғдиёни ориёитабор қабул карданд. Асос дар он аст, ки дини тоисломии Сомониён тенгрипарастӣ (тенгрианство, ки дини тоисломии туркҳо буд), набудааст. Чорум, рамзҳое, ки дар мақбараи Сомониён дар шакли ситораи шаш ва ҳаштқирра вуҷуд доранд, маънои буддоӣ  будани онҳоро надорад.   Чунин рамзҳо дар таъриху фарҳанги дигар халқу давлатҳо вуҷуд доранд, ки бутпараст нестанд. Ҷавоби аниқ ва раднопазирро доир ба дини тоисломии Сомониён таърихнигори асри ёздаҳуми  тоҷик Гардезӣ додаст: “Сомонхудот дар ибтидо муғ (яъне зардуштӣ) буд, баъд исломро қабул кард”.[26]

Дар бораи символикаи Сомониён ҷавоби мушаххас ва қотеъро таърихшиноси варзидаи тоҷики муқими Шветсия Луқмон Бойматов додаст, ки зарурати дар ин ҷо барраси намудани ин масъала нест[27]. Ин олими таъришиноси ҳақиқатҷӯй дар бораи Сомониён ва ҳимояи ин хонадон аз турксозӣ чанд осори пурарзиш ва объективиеро таълиф кардааст, ки ҷавобҳои раднопазир ба даъвогарони мероси Оли Сомон мебошанд[28].

Айдин Уста қайд мекунад, ки гӯё Сомониён аввалин давлати мусулмонии туркӣ буданд, ки ин андешаи ботил ва ғайриилмӣ аст. Он чанд «далеле», ки ин таърихнигори тазвиргар  дар бораи турк будани Сомониён меорад, дар баробари садҳо далеле, ки Сомониён сулола ва давлати тоҷикӣ-эронӣ буд, ҳеҷ аст ва ҳамаи онҳоро дар як мақолаи хурд қайд кардан, аз имкон берун аст, бо дарназардошти ин мо фақат номгӯйи баъзе аз онҳоро қайд мекунем.[29]

Айдин Уста қайд мекунад, ки “баъди инқилоб дар давлати исломӣ (747-750) ҳокимият ба дасти Аббосиҳо гузашт”,  аммо ӯ ҳамчун таърихнигор ба хотир намеорад, ки ин қиёми зиддиумавиро Абумуслими Хуросонии тоҷик роҳбарӣ мекард ва маҳз ӯ ҳокимиятро аз Уммавиён гирифта,  ба Аббосиён дод (ҳарчанд метавонист худро халифа эълон карда, ҳокимиятро пурра ба даст гирад). Аз ҳамин давра нуфузи тоҷикон-эрониён дар Хилофати Араб чунон зиёд шуд, ки  хонадони эронитабори Бармакиёни Балх, Ковусҳои Истаравшан, Тоҳириёни Нишопур дар ҳокимияти Аббосиён нуфуз пайдо карда, ба дараҷаи сарлашкар, сарвазир, вазир ва ашхоси бонуфузи Хилофати Бағдод фаъолият мекарданд[30]. Аммо хонадони Аббосиён аз ин нуфузи эрониён-тоҷикон ба ҳарос омада, соли 755 Абумуслим, ки воли Хуросон буд, аз ҷониби Халифа Ал-Мансур кушта шуд. Ин халифаи нотавонбин ҳатто пешвои мазҳабии мову шумо Имоми Аъзамро ба қатл расонид. Ҳамчунин Ҳоррунаррашид соли  806 милодӣ   аз нуфузи хонадони Бармакиён тарсида, ҳамаи онҳоро ба қатл расонид. Ҳамчунин,  Ҳайдар аз сулолаи Ковусҳои Истаравшан ва баъдан Тоҳир ибн Ҳусайн (волии Хуросон) низ ба қатл расонида шуданд. Ҳамаи ин исботи далели обрую нуфузи эрониён-тоҷикон дар Хилофати Араб мебошад.

Дуруст аст, ки аз асри ХI сар карда, дар Осиёи Марказӣ нуфузи туркҳо бо омадани туркҳои қарахонӣ, ғазнавиён, салҷуқиён ва хоразмшоҳиён тадриҷан меафзояд. Баъди забти Шарқи Миёнаю Наздик ва Анатолия (Руми Шарқӣ, Византия) аз ҷониби туркҳо аз тарафи Салҷуқиён ва баъдан Усмониён нуфузи халқҳои туркзабон дар дунёи ислом зиёд шуд ва  воқеан Туркҳои Усмонӣ аз асри ХIV ҳимоятгари дунёи ислом шуданд.

Дар маҷмуъ,  нуфузи туркҳо дар Осиёи Марказӣ ва Хуросон пас аз ғуруби давлати Сомониён маълум аст. Аммо дар давраи оғози ислом, замони давлатдории Тоҳириён, Саффориён ва махсусан Сомониён,  туркҳо дар ин минтақаи бузург нуфузи кам доштанд, ҳарчи ба даст оварданд, дар нуҳсад соли охири баъди забти давлати тоҷикиасоси Сомониён соҳиб гардиданд.

Хулоса, даъвои мероси давлати Сомониён кардани баъзе олимоне, ки мехоҳанд хоҳиши худро ба «ҳақиқат» табдил диҳанд, асоси илмӣ надорад ва он чанд «далели» бепоя ва сохтакоронае, ки пешниҳод мекунанд, хеле содалавҳона ва зиддиилмӣ мебошанд. Дар бораи пайдош,  ташаккул ва рушди давлати Сомониён ва нақши он дар сарнавишти тоҷикону эрониён садҳо сарчашмаву китобҳои илмӣ, монографияҳо вуҷуд доранд, ки номбар кардани ҳамаи онҳо аз имкон берун аст.  Сухан бисёр аст, аммо дар ҳамин ҷо мо иктифо мекунем ва мегӯем: “Давлати Сомониён – давлати миллии тоҷикон ва эрониён буд, ҳаст ва мемонад”.

Ҳамин тавр, дар ибтидои асри ХХI вазъи геополитики ҷаҳон дар ҳолати хеле мураккабу пешгӯйинашаванда қарор дорад. Навиштаҳои  муҳаққиқи Айдин Уста дар бораи Сомониён яктарафа ва иғвоангезона буда, ба манфиати тарафайн ва муносибатҳои неки давлатҳои Тоҷикистон ва Туркия, ки дар сатҳи роҳбарияти олиии ду кишвар муносибати неку ҳасана доранд,  мусоидат намекунанд. Дар чунин вазъи мураккабу номуътадили сиёсии ҷаҳон танҳо ҳамгироии кишварҳои исломӣ, муносибати неку ҳасанаи ҳамсоягӣ ва эҳтироми таъриху фарҳанги ҳалқҳои ҳамдину ҳамтақдири эронӣ-тоҷикӣ ва туркӣ-муғулӣ ба манфиати имрӯзу ояндаи ҳамаи кишварҳои ҳавзаи фарҳанги Наврӯз мебошад. Ҳама гуна бузургманишӣ ва даъвоҳои беасосу бепоя ва бемантиқу носанҷида нисбати таъриху фарҳанги дигар халқҳо боиси сардии муносибатҳои кишварҳои дӯсту ҳамтақдир мегардад.

Халқҳои эронитабору турктабор қариб ҳазор сол боз дар паҳлуи ҳамдигар истода манфиатҳои умумии минтақаро ҳимоя мекунанд ва  минбаъд низ фақат ҳамкориҳои муштарак, ҳамгироии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатҳои дӯсту ҳамтақдир бо назардошти эҳтирому эътирофи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ моро ба ояндаи нек ҳидоят мекунад.

Адабиёт

1.   Абаев В.И. Историко-этимологического словаря осетинского языка / В. И. Абаев (Т .1. М.-Л., 1958; Т.II. Л., 1973; Т.III. Л., 1979; Т.IV. Л., 1989).

2.      Абдулло Мирбобоев, Наби Рахимов Сакское наследие архаического Худжанда. (К этнической истории таджиков ( //Актуальные проблемы культурогенеза таджикского народа. Отв. ред. профессор Аскарали Раджабов. – Душанбе, 2016. –С.121-130.

3.      Актуальные проблемы культурогенеза таджикского народа. Отв. ред. профессор Аскарали Раджабов. – Душанбе, 2016.-803с.; Негматов Н.Н. Давлати тоҷикбунёди Сомониён.  – Душанбе., 1999;

4.      Бойматов Л.Ф. Отпусы о гениалогии Саманидов (или критика «новой теорий» профессора Ш.С.Камолиддина О происхождении династии Саманидов // 2017, “Туран-наме», 2017,№3-4(43-44).–С.445-450; 451-457);

5.      Бартолд В.В. Соч.Т.1. – С.267.

6.      Бойматов Л.Д. Критика монографии “Происхождение Саманидов”, 2018,– С.5-11, 11-19;

7.      Гафуров, Б.Г. Таджики: древнейшая, древняя и средневековая история [Текст] / Б. Г. Гафуров; АН СССР. Ин-т востоковедения. – М.: Наука, 1972. – 658, [6] с.;

8.      Геродот, История. –Л., 1972.–С.78-79.

9.      История таджикского народа / под ред. академика Н.Н. Негматова. – Душанбе, 1999. Т.2. Эпоха формирования таджикского народа.-790с. 3

10.  Лукмон Бойматов Символика Саманидов или псевдонаучная вольность // ИРАН-НАМЕ, 2019. №3-4. –С.343-368.С приложенияими –С.369-370.

11.  Муминов  А.К. Ханафитский мазхаб в истории Центральной Азии. – Алмааты. Қазақ энциклопедиясы. 2015.– 400с.

12.  Наршахӣ Абубакр Мухаммад ибни Ҷаъфар. Таърихи Бухоро / мураттибон Ғоибов F., Олимов К., Амиршоҳӣ Н. – Душанбе, 2012.– 546 с.

13.  Негматов Н. Н. Давлати тоҷикбунёди Сомониён. – Душанбе., 1999; Негматов Н. Н. Исмоили Сомонӣ: Тавсифи таърихию маънавии шахсият.– Хуҷанд, 2001;

14.  Негматов Н. Н. Таджикский феномен: теория и история. – Душанбе, 1997.

15.  Негматов Н. Н. Таджикское Эхё.От Сасанидов до Саманидов// Актуальные проблемы культурогенеза таджикского народа. Отв. ред. профессор Аскарали Раджабов. – Душанбе, 2016. –438-474.

16.  Негматов Н. Н. Прародина ариев. – Душанбе, 2005.

17.  Негматов Н. Н. Арйана и Арйанаведжа. – Худжанд: Ношир, 2006.

18.   Негматов Н. Н. Этногенез таджикского народа// Актуальные проблемы культурогенеза таджикского народа. Отв. ред. профессор Аскарали Раджабов. – Душанбе, 2016. –337-428.

19.  Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ Давлатдории тоҷикон дар садаҳои IX—XIV. – Душанбе, 1998. – 1008с.

20.  Проблемы этногенеза и этнической истории народов Средней Азии и Казахстана / Редкол.: С.Г. Агаджанов, В.Н. Басилов, Т.А. Жданко (отв. ред.), Б.А. Литвинский (отв. ред.), О.М. Машкина, Е.Е. Неразик, Г.Л. Хить; Отв. секретарь С.В. Чешко; АН СССР. Ин-т этнографии им. Н.Н. Миклухо-Маклая. –М., 1990. – Вып. 1: Общие проблемы.–118 с.

21.  Пьянков И.В. Некоторые вопросы этнической предыстории таджикского народа // Проблемы этногенеза и этнической истории народов Средней Азии и Казахстана.–М., 1990. –Вып. 2: История и археология.- С. 50–62.

22.  Рахмонов, Э.Ш. Таджики в зеркале истории [Текст] / Э.Ш. Рахмонов. – St. Helier, Jersey: London & Flint River ed., [2000]. – Кн. Первая: От арийцев до Саманидов. – 240 с.

23.  Рахмонов, Э.Ш. Государственность таджиков: от Саманидов до начала ХХI века [Текст] / Э.Ш. Рахмонов // Таджикистан: десять лет независимости, народного единства и созидания. – Душанбе: Ирфон, 2001. – Т.3.

24.  Семёнов А.А. К вопросу о происхождении Саманидов// Труды АН Тадж. ССР. – Сталинабад, 1954, Т. ХХVII –C.7-8.

25.  Скифский язык. //Основы иранского языкознания. Древнеиранские языки / В.С. Росторгуева, В.И. Абаев, И М. Оранский, С.Н. Соколов. Том 1. Москва, 1979.

26.  Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷилди 2. –Душанбе, 2008. Ниг. Вожаҷӯ / واژه‌جو – Фарҳанги форсии тоҷикӣ.

27.  Фрай Ричард Наследие Центральной Азии. От древности до  тюркского нашествия. Перевод с анг. Л.Н. Додихудоевой. Под общ. ред. В.А. Ранова. Душанбе, 2000.–292с.

28.  Фрай Ричард Наследие Ирана. – М.: Главная редакция Восточной литературы. 1972. –С.330-333.

29.   Этногенез и этническая история таджикского народа. В двух томах. Том 1. Душанбе: Дониш. 2021.–989с.

30.  Яқубов Юсуфшо Перомуни этногенези халқи тоҷик. – Душанбе, 1998.

Ализода Баҳриддини Пирмуҳаммад,
         доктори илмҳои таърих, дотсент,
мудири кафедраи фалсафа
ва илмҳои гуманитарии  Академияи
идоракунии давлатии
назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
махсус барои сомонаи интернетии МТС

 

Чоп кунед