Дар баробари тағйироти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, миллӣ, сиёсӣ ва ахлоқии замони муосир, ки имрӯзҳо хусусияти глобалӣ касб намудааст, тамоми ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта истодааст, дигаргуниҳои экологӣ низ тадриҷан мушоҳида мегардад. Гармшавии ҳарорати ҳаво, обшавии пиряхҳо, хушк шудани чашмаву дарёчаҳои минтақаҳои аҳолинишин ва дигар пайомадҳои офатҳои табиӣ дар шароити имрӯза боиси ташвиши аҳолии сайёра гаштааст. Зеро, он ба тамоми ҷомеаи башарият таъсиргузор буда, ба ҳаёти осоиштаи мардуми дунё бевосита таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, барои ҳифзи пиряхҳо ва нигоҳ доштани тавозуни экологӣ дар тамоми курраи Замин ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои оламро лозим меояд, ки чораҳои самарабахшро татбиқ намоянд.

Мусаллам аст, ки бидуни об ҳеҷ як мавҷудоти зинда, хусусан инсоният наметавонад умр ба сар барад. Бинобар ин, барои бо об таъмин намудани аҳолии тамоми кишварҳо, пирях манбаи асосии обиро дар тамоми кишварҳо ташкил медиҳад. Аммо, мутассифона дар солҳои охир суръати обшавии пиряхҳо 65% афзоиш ёфтааст. Тибқи таҳқиқотҳо, ҳар сония аз ҳисоби обшавии пиряхҳо ба Уқёнуси ҷаҳонӣ 24 ҳазор тонна об ҷорӣ мешавад, ки сабаби он асосан тағирёбии иқлим мебошад.

Мувофиқи хулосаҳои гурӯҳи Байниҳукуматии коршиносон оид ба тағйирёбии иқлим (IPCC), агар тамоюли кунунӣ ҳамин тавр идома ёбад, пас метавон гуфт, ки то охири асри XXI яхбандӣ дар саросари ҷаҳон хеле коҳиш меёбад ва инчунин, пиряхҳои минтақаҳои кӯҳии ҷаҳон бо майдони нисбатан хурди яхбандӣ метавонанд пурра аз байн раванд. Бинобар ин, кишварҳои ҷаҳон кӯшиш менамоянд, ки барои пешгирӣ намудани раванди мазкур ва бартараф намудани сабабҳои асосии обшавии пиряхҳо чорабиниҳои муҳимми байналмиларо баргузор намуда, дар ин замина чораҳои заруриро коркард ва татбиқ намоянд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки барои пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки онҳо ҳамчун манбаъҳои асосии обҳои мусаффои ошомиданӣ, аввалан мебояд омилҳои асосии обшавии онҳоро бартараф намуд, ки онҳо чунин мебошанд:

– якум, сабаби асосии обшавии пиряхҳоро тағйирёбии глобалии иқлим ташкил медиҳад. Зеро, ҳар қадаре, ки ҳарорати Замин баландтар гардад, ҳамон қадар аз байн рафтани пиряхҳо низ зиёд мегардад ва мувофиқи маълумоти муҳаққиқон, дар давраи инқилоби саноатӣ ҳарорати Замин 0,7 дараҷа боло рафтааст.

– дуюм, сӯхтани сӯзишвории фоиданок, ки он ба ҷамъшавии газҳои гулхонаӣ дар муҳити атроф оварда мерасонад ва дар навбати худ ба тамоюли умумии иқлим ба гармшавӣ таъсир мерасонад. Пиряхҳо тақрибан 20% гармии офтобро метавонанд аз худ намуда, 80% – и боқимондаро инъикос менамоянд. Аз ин рӯ, ҳар қадаре, ки замин бидуни муҳофизати пиряхҳо боқӣ монад, ҳамон қадар тавозуни мазкур бештар вайрон мегардад.

– сеюм, пармакунии чоҳҳои нафту газ. Дар ҷараёни истихроҷи нафту газ метан хориҷ мешавад, ки зарари он ба муҳити зист нисбат ба гази карбон бештар мебошад. Зеро, метан гармиро самараноктар нигоҳ дошта, гармшавии глобалиро афзоиш медиҳад. Ҳамзамон, дар истеҳсолот инчунин ихроҷ, садамаҳо ва партовҳои ғайричашмдошт низ сурат гирифта метавонад, ки он ифлосшавии метанро дар минтақаҳои ҳамсоя ба таври назаррас бештар менамояд.

– чорум, буридани ҷангал. Дарахтон дар мувозинати экосистема ва хунуккунии умумии Замин нақши калидиро мебозанд. Бинобар ин, барои фароҳам овардани фазои бештар барои фаъолияти инсон буридани дарахтон ба тавозуни экологӣ зарари назаррас мерасонад. Масалан, дар натиҷаи тадқиқотҳо дар минтақаи кӯҳи Килиманҷаро муайян карда шуд, ки сабаби асосии обшавии пиряхҳо дар кӯҳ ин буридани ҷангалҳо дар минтақаҳои наздиҳавлигӣ буд ва агар ин тамоюл идома ёбад, пас аз чанд даҳсола майдонҳои ях дар кӯҳ метавонанд пурра аз байн раванд.

панҷум, киштиҳои яхшикан. Дар моҳҳои тобистон дар Уқёнуси Шимолии яхбаста киштиҳои яхшикан аз байни яхҳо ҳаракат менамоянд ва онҳоро мешикананд, ки ин низ боиси гармшавии ҳарорати об гардида, дар натиҷаи он яхҳо об мешаванд.

шашум, партовгоҳҳои партовҳо. Гарчанде, ки алоқамандии он бо обшавии пиряхҳо ноайён бошад ҳам, аммо он бевосита ба раванди мазкур таъсир мегузорад. Зеро, партовгоҳҳои партовҳои маишӣ ҳангоме, ки бидуни назорат вайрон мешаванд, манбаи газҳои гармхонаиро ташкил медиҳанд. Афзоиши чунин газҳо дар атмосфера, дар навбати худ, яке аз сабабҳои тағйирёбии глобалии иқлим ва болоравии ҳарорат дар сатҳи Замин мебошад ва ҳар қадаре ки ҳарорат баландтар бошад, суръати обшавии пиряхҳо низ ҳамон қадар тезтар мешавад.

Вобаста ба ин, бояд зикр намуд, ки ҳангоми бартараф накардани мушкилотҳои мавҷуда эҳтимоли ба вуқуъ пайвастани оқибатҳои зерин пайдо мегардад, ки ба тамоми аҳолии курраи Замин таҳдид хоҳанд намуд:

  1. Баландшавии сатҳи уқёнусҳои Ҷаҳонӣ;
  2. Таназзули саноати уқёнус;
  3. Коҳиш ёфтани захираҳои оби тоза;
  4. Нобудшавии намудҳои наботот ва ҳайвонот;
  5. Вайроншавии обу ҳаво;
  6. Тағйирёбии макони зисти ҳайвонот;
  7. Хатари хуруҷи эпидемияҳо, афзоиши бемориҳо.

Илова бар ин, ҳангоми обшавии пиряхҳо дар бисёр манотиқи дунё эхтимолӣ ба амал омадани обхезӣ пайдо мегардад.

Ҳамин тариқ, барои пешгирии мушкилоти мавҷуда ва оқибатҳои харобиовари онҳо ҳар як кишварро мебояд чораҳои ҷиддиро андешида, иқдомҳои заруриро пеш гиранд ва барои коҳиш додани раванди обшавии пиряхҳо дар сатҳи глобалӣ амалҳои зерин бояд анҷом дода шаванд:

якум, маълумотдиҳии оммавии аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии онҳо;

– дуюм, таҳияи технологияҳо барои мустаҳкам намудани пиряхҳои муҳим;

– сеюм, ташкили созмонҳо ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалии экологӣ барои кӯмак ба назорати тағйирёбии иқлим;

– чорум, ба даст овардани созишномаҳои байнидавлатӣ оид ба назорати партовҳои зараровар, ки таъсири гармхонаҳоро тақвият медиҳанд;

панҷум, рушди энергияи “сабз” ҳамчун ҳамсила ба истифодаи сӯзишвории фоиданок;

– шашум, омода намудани мутахассисон ва муҳаққиқони пиряхшиносӣ дар ҳар як кишвар.

Бинобар ин,  бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти обу иқлим ва обшавии пиряхҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим дар соли 2021 пешниҳод намуданд, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад ва ташаббуси зерин ҳам, дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (14-уми декабр)  бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ гардид.

Тибқи қатъномаи мазкур соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол санаи 21 март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” таҷлил карда мешавад. Инчунин, Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин созмон Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис дод. Дар ин замина, санаи 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор хоҳад гашт, ки дар чаҳорчӯби он стратегия, харитаи роҳ ва дигар санадҳои лозимаи байналмилалӣ оид ба масъалаи мазкур таҳия ва тасдиқ хоҳанд гардид.

Ёдовар гардидан бамаврид аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар соли 2018 дар сохтори Академияи миллии илмҳо муассисаи нави илмиву таҳқиқотӣ – пажӯҳишгоҳҳои масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология бо номи Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд. Маркази мазкур фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори давлатии вазорату муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шарикони рушди устувор ва дигар сохтору ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд. Аммо, мутассифона дар кишварамон шумораи мутахассисони самти пиряхшиносӣ ангуштшумор аст. Ин нукта дар суханронии Президенти кишвар низ зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар (30.05.2024) садо дода буд. Тавре Пешвои миллат қайд намуданд: “Дар Маркази омӯзиши пиряхҳо аз замони таъсисёбиаш ягон мутахассиси самти пиряхшиносӣ ба кор ҷалб нашудааст. Аксари кормандони ин муассиса ҳатто ихтисоси наздик ба ин самтро надоранд.”

Бояд қайд намуд, илме, ки ба омӯзиши пиряхҳо мепардозад глятсиология ном дорад. Глятсиология аввалин маротиба ҳамчун илм дар Швейтсария пайдо гардида, дар айни ҳол дар аксари кишварҳои дунё низ ба монанди Аргентина, Британияи Кабир, Ҷумҳурии халқии Хитой, Фаронса, Япония, Канада, ИМА ва дигар давлатҳо таълим дода мешавад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа омӯзиши фанни мазкурро дар кишвар ҷорӣ намуда, диққати бештари довталабонро ба самти мазкур ҷалб намояд.

Хулоса, тағйирёбии иқлим дар сайёра масъалаи танҳо як кишвар набуда, ба ҳамаи кишварҳои олам таъсири манфии худро мерасонад. Бинобар ин, барои пешгирии раванди мазкур ва ҳифзи пиряхҳо бояд ҳамаи кишварҳо саҳмгузор бошад. Ташаббуси навбатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин замина метавонад, барои таъмини суботи экологӣ, ҳалли мушкилоти захираҳои яхию обии кишвар, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сайёра шароитҳои мусоидро фароҳам орад.

Зарипова Зилола
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлил ва ояндабинии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед