Дар шароити имрӯз таваҷҷуҳ намудан ба масъалаи таъмини амнияти давлат ва муҳофизати марзу буми кишвар хусусияти амалиро касб намудааст. Ин ҳақиқати бебаҳс ва воқеияти инкорнашаванда аст. Раванду ҳодисаҳои солҳои охир дар минтақа ва ҷаҳон ба вуқуъомада, аз ҷумла муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, бархурди манфиатҳои давлатҳо, дастгирӣ ёфтани созмонҳои экстремистиву террористӣ аз ҷониби баъзе абарқудратҳо зарурати таваҷҷуҳи бештарро ба ҳифзи якпорчагии давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ  ба миён овардаанд. Махсусан, минтақаи Осиёи Марказӣ ки дар меҳвари бархурдҳои геополитикӣ қарор дорад, дар шароити кунунӣ бо мушкилоти амниятӣ рӯ ба рӯ аст. Вазъияти печидаи сиёсӣ дар Афғонистон мушкилоти амниятиро дар минтақа бештар намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ин кишвар беш аз 1400 км марз дорад, ниёз ба тақвияти зарфияту иқтидори мудофиавии кишвар зиёдтар мегардад. Инчунин, аз лиҳози сиёсӣ ва идеологӣ давлатҳо бо мушкилотҳои гуногун мувоҷеҳ гардида истодаанд. Созмонҳои ифротгаро ва давлатҳои манфиатҷӯ кӯшиш карда истодаанд, ки бо ҳар васила суботи сиёсӣ ва амнияту осоиштагии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказиро барҳам зананд. Аз тарафи дигар, мушкилоти марзӣ тайи ду соли охир бештар авҷ гирифта, боиси сар задани муноқишаҳои мусаллаҳона гардида истодааст. Мушкилоти мазкур ва дигар хатарҳои эҳтимолӣ моро водор месозанд, ки масъалаи ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми Тоҷикистон аз ҷумла, ҳифзи марзу буми кишварро дар авлавият қарор диҳем.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи марзу буми кишварро яке аз вазифаҳои муҳимми ҳар як шаҳрванд муқаррар намудааст. Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд мебошад.

Маълум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз василаҳои ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он тавассути даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ амалӣ карда мешавад. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҳамасола ду маротиба шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват мешаванд. Қонуни мазкур синни даъвати шаҳрвандонро аз 18 то 27 муайян намудааст ва тартиби даъват мувофиқи меъёрҳои қонун дар мавсими тирамоҳ ва баҳор сурат мегирад. Ҳамасола мушоҳида менамоем, ки аксари ҷавонони синни даъват бо ифтихор ва ҳувияти баланди миллӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои адои хизмати Модар-Ватан рафта ва сарбаландона марзу буми Тоҷикистонро аз хатару таҳдидҳо ҳимоя менамоянд. Масалан, соли ҷорӣ мушоҳида гардид, ки чанд шаҳру навоҳии кишвар дар рӯзи аввал нақша даъвати ҳарбиро пурра иҷро намуданд, ки ин боиси ифтихор аст.

Дар баробари ин мутаасифона, дар ҷомеа баъзе ҷавононе низ ҳастанд, ки аз рафтан ба хизмат саркашӣ менамоянд ва чунин муносибати онҳоро ҳатто баъзе волидон ҷонибдорӣ менамоянд, ки ин ҷои нигаронӣ аст. Агар ба осори тамоми бузургони гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷик назар намоем ва анедшаҳои онҳоро дар мавриди Ватан баррасӣ намоем, маълум мегардад, ки ҳамаи онҳо “Ватан”-ро бо мафҳуми “Модар” баробарарзиш медонанд.

 “Облава” айби кист?

Як нуктаро қайд намудан зарур аст, ки дар мавсими даъват дар воситаҳои ахбори оммаи мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ нофаҳмиҳо ва дидгоҳҳои нодуруст дар мавриди даъвати ҷавонон ба хизмат баён мегардад. Масалан, баъзе аз расонаҳо аз иҷборан ҷалб шудани баъзе ҷавонон иттило нашр намуда, мақомоти давлатиро дар бисёр ҳолат гунаҳгор карданӣ мешаванд. Онҳо фақат як паҳлӯи масъала яъне, “иҷборан”-ро расонаӣ карда, оид ба сабабҳо ва оқибатҳои аз хизмат ба ватан “саркашӣ” кардани чунин ҷавонон чизе наменависанд. Албатта, чунин шакли муносибат мантиқ надорад. Дар ҳоле, ки Конститутсияи кишвар хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро вазифаи ҷонии ҳар як фард арзёбӣ намудааст, бояд ҳар як ҷавон ин вазифаи муҳимро иҷро намояд. Вақте ки ҷавонон тавассути даъвати хаттӣ бо хоҳиши худ ба коммисияи даъват ҳозир намешаванд ва вақте ки баъзе волидон аз чунин рафтори фарзандони худ ҷонибдорӣ менамоянд, табиист, ки аз василаҳои гуногун истифода бурда мешавад.

Таҳлилҳои мо нишон медиҳанд, ки дар масъалаи бо роҳи иҷборӣ ба хизмат ҷалб намудани ҷавонон пеш аз ҳама айби худи ҷавонон аст. Тасаввур кунед, ки як ҷавон вазифаи конститусионии худро иҷро намекунад, пас чи гуна ӯ даъвои ватандӯстӣ менамояд?! Ба назари мо онҳое, ки аз ҳолатҳои бо роҳи иҷборӣ сафарбар шудани ҷавонон фоҷиа сохтани мешаванд ва мехоҳанд давлатро гунаҳгор донанд, иштибоҳи ҷиддӣ менамоянд. Зеро, агар ҷавонон бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайваста, вазифаи шаҳрвандии худро иҷро намоянд, ба истифодаҳои чораҳои маҷбуркунӣ ниёзе намемонад.

Зимнан, пешниҳод мегардад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз паҳн гардидани наворҳои даъвати маҷбурии баъзе ҷавонон пешгирӣ карда шавад. Бояд фаромӯш накунем, ки новобаста аз чӣ тарз сафарбар гардидани як ҷавон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ӯ барои ҳимоя Ватан сафарбар карда мешавад. Хуб мебуд, ки шаҳрвандон ё расонаҳое, ки наворҳои мавриди назарро паҳн ё нашр менамоянд, ба ҷои он ҷавононро ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар тарғибу ташвиқ намоянд. Аҳамияти хизмат ва зарурати адои онро шарҳ диҳанд.

Тавре дар боло таъкид гардид, бо дар назардошти афзоиши чолишу таҳдидҳо дар минтақа ва ҷаҳон ҳар як ҷавони тоҷикро лозим аст, бо хоҳиши худ ба сафи артиши миллӣ пайвандад ва давлатро аз хатарҳои эҳтимолӣ ҳимоя намоянд. Маҳз дар ҳамин ҳолатҳо ҷавонон барои Ватан заруранд. Агар як ҷавони тоҷик имрӯз аз хизмати Ватан саркашӣ намояд, пас амнияти давлат, марзи Ватан, осудагии модари тоҷикро кӣ бояд ҳифз ва ҳимоя намояд? Бояд гуфт, ки ҳоло замоне фаро расидааст, ки тамоми ҷавонони синни даъват бо хоҳиши худ ба артиши миллӣ раванд ва рисолати шаҳврандии худро ба анҷом расонанд. Ҳар як ҷавони тоҷик бояд биандешад, ки агар ӯ Ватанро ҳифз накунад, пас кӣ мекунад? Душман?! Бегонагон?! Албатта не!

Зеро, ки иқтидори кофӣ ва зарфияти азими Қувваҳои мусаллаҳ ба мо имкон медиҳанд, ки якпорчагии давлат, манфиатҳои миллӣ, истиқлоли сиёсӣ ва амнияти миллиро аз хатарҳо ҳифзу ҳимоя намоем. Аз ҳамин лиҳоз ба ҳар як аз фарди тоҷик зарур аст, ки дар канори нерӯҳои муҳофизи давлати Тоҷикистон сарбаландона марзу буми кишварро ҳимоя намоянд.

Алиназар Ашуров,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед