Боиси ифтихору сарфарозии тамоми тоҷикону тоҷикистониён аст, ки  кишвари мо таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои  муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои обу иқлим ташаббускори панҷ иқдомоти бузурги байналмилалии аз тарафи СММ ҷонибдориёфтаву эътирофгардида мебошад. Маҳз бо ибтикори Тоҷикистон ва Сарвари башардӯсту ташаббускори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эъломияву қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи пешниҳод ва  ташаббусҳои Тоҷикистон соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, соли 2013 – “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2005-2015 –“Даҳсолаи байналмилалии амал “Об–барои ҳаёт” солҳои 2018–2028–“Даҳсолаи байналмилалии об–барои рушди устувор”, Соли 2025  “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва дар доираи он санаи 21 мартро эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ба Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ шуҳрати ҷаҳонӣ оварда, миллату давлатро машҳури  оламиён гардондааст.

Айёме, ки дар саросари ҷаҳон фарорасии Наврузи Аҷам ботантана ҷашн гирифта мешуд, рӯзҳои 22–24 март дар доираи ташаббусҳои байналмиллалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА мардуми сайёраро ба маркази тантанаҳои бузурги об дар сатҳи ҷаҳонӣ гирд овард.

Лозим ва ёдоварист, ки бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон баъди танаффуси  чилушашсола аз Конфронси қаблии СММ вобаста ба масъалаҳои об, ки соли 1977 баргузор гардида буд, конфронси мазкур таърихӣ унвон шуд ва бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба  аҳамияту мубрамияти масъалаҳои обу иқлим дар ҳаёти башарият ҷалб намуд.

Дар ҳошияи ин конфронс бо ташаббус ва иқдомҳои башардустонаи ҷониби Тоҷикистон, ҳамчунин, намоишгоҳ таҳти унвони “Таърихи рушди Тоҷикистон”, чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025; Соли байналмиллалии пиряхҳо”, чорабинии канории корӣ таҳти унвони “Об моро муттаҳид месозад” баргузор гардида, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим дар студияи телевизионии “Ҳадафҳои рушди устувор” мусоҳиба анҷом дод.

То ҳанӯз ду миллиард нафар аҳолии сайёра ба оби ошомидании бехатар ва зиёда аз сею ним миллиард ба шароити нисбатан хуби беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд. Ҳамасола қариб ним миллион одам аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасад. Мутаассифона, ин ва дигар далелу рақамҳо аз нокифоя будани амалҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда дарак медиҳанд.

Вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Мисри Араб Хани Севилам аз натиҷаи конфронс таассуроташонро чунин баён намудааст: “Нахуст, ба роҳбарияти Тоҷикистон ва Нидерланд ташаккур мегӯем, ки баъд аз гузашти қариб 50 сол ташаббус нишон дода, ин гуна Конфронси сатҳи ҷаҳониро ҳамраисӣ карданд. Фикр мекунам, ки инсоният чунин  ҳамоиши бузургро бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид надидааст. Воқеан, ин як платформаи кумакрасонест, ки кишварҳо ба ҳам оянду ниҳоятан рӯзномаи об барои амалро пайгир бошанд ва дар ба даст овардани Ҳадафи шашуми рушди устувор қадамҳои самарабахш гузоранд. На танҳо ҳадафи шашум, балки дигар Ҳадафҳои Рушди Устувор низ. Ин метавонад ҷомеаи ҷаҳонро барои мутобиқ гаштан ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва, ҳамчунин, коҳиш додани таъсири ногувори он ёрӣ расонад. Бо баррасии натиҷаҳо аз таҷрибаи кишварҳо ва ҳадафҳои рушди дарпешистода бояд бори дигар исбот намоем, ки мо–ҷомеаи ҷаҳонӣ дар рӯбарӯйи тағйирёбии иқлим метавонем якдилона амал кунем.”

Дар санаи 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии СММ зимни Иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи Соли 2025–“Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ қабул намуд.

Пешвои муаззами кишвар доир ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо таъкид дошт: “Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд”. Муаммои тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои он, бахусус обшавии босуръати пиряхҳо, аз масъалаҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла, Тоҷикистонро нигарон кардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба хатари тағйирёбии иқлим барои захираҳои об, бахусус пиряхҳо, борҳо дар  суханрониҳои сатҳи байналмилалӣ маъруза намуда, таваҷҷуҳи аҳли сайёраро ба ин масъала ҷалб намудаанд. Тавре Президенти мамлакат дар яке аз суханрониҳояшон изҳор дошт: “Мусаллам аст, ки табиати сайёра силсилаҳои зиёди гарму сардшавии иқлимро медонад, вале мо алҳол давраи гармшавиро аз сар мегузаронем ва агар ин тамоюл идома ёбад, гумон аст, ки дар сад соли наздик аз пиряхи Федченко чизе боқӣ монад”. Ба ҳамагон маълум аст, ки пиряхи Федченко 75 километр дарозӣ дорад. Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тули 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст.

Обшавии босуръати  пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

Тоҷикистон, ки 93 дарсадашро кӯҳсор ташкил медиҳад, дар натиҷаи офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола садҳо миллион доллар зарар мебинад. Аксари вақт чунин офатҳои табиӣ сабаби марги одамон мешавад.

Чуноне  Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ  Петери Таалас қайд намуд: –“Мо аз Тоҷикистон барои нақши фаъол дар масоили обу пиряхҳо сипосгузор ҳастем. Моҳи июни соли гузашта аз Душанбе дидан намудем ва бо чашм дидем, ки бо пиряхҳо чӣ рух медиҳанд ва комилан мефаҳмем, ки Тоҷикистон чаро ин қадар ба масъалаи об ва пиряхҳо таваҷҷуҳ дорад. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи муҳимми об ҳастанд ва барои тамоми Осиёи Марказӣ неру мебошанд. Мо аз Ҳукумати Тоҷикистон ва Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмашон дар пешбурди масоили обу иқлим, барои Конфронси имрӯза ва дигар корҳои анҷомдода сипосгузорем. Шодем, ки ба Тоҷикистон дар амалӣ намудани ташаббус доир  ба эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мусоидат менамоем, зеро ин манфиати умумии мост.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои ҳавзаҳои ягонаи обӣ буда, қисми зиёди захираҳои оби минтақа дар ҳудуди Тоҷикистон  беш аз 60 дарсад ташаккул меёбанд, ки аз ин Тоҷикистон ҳамагӣ зиёда аз 5 дарсади онро истифода мебараду халос, боқӣ обро ҳамсоякишварҳои поёноб истифода мебаранд. Захираҳои оби Тоҷикистон барои тамоми кишварҳои минтақа аҳаммияти хос дошта, асоси рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии онҳоро ташкил  медиҳад. Тавре маълум аст, Осиёи Марказӣ асосан минтақаи аграрӣ маҳсуб ёфта, соҳаи кишоварзӣ ва обу замин барои аҳолии минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд. Истифодаи оқилона ва самарабахши захираҳои оби минтақавӣ ва тақсими дурусти он миёни кишварҳои минтақа дар шароити соҳибихтиёрӣ ба яке аз масъалаҳои асосии матраҳшаванда дар доираи байнидавлатӣ ва минтақавӣ гардидааст. Тоҷикистон ҳамчун кишвари тавлидкунандаи захираҳои об ба рушди бештари соҳаи гидроэнергетика эҳтиёҷ дошта, бидуни истифодаи он таъмини пешрафту тараққиётӣ давлат ва дастёбӣ ба ҳадафҳои стратегӣ ғайриимкон мебошад. Аммо кишварҳои дигари минтақа бо истифода аз захираҳои обе, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд, рушди иқтисодии худро нигоҳ доштан мехоҳанд. Захираҳои об барои кишварҳои дигари минтақа аҳаммияти баланди аграрӣ дошта, заминаи асосии рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини соҳаҳои иқтисодӣ бо ашёи хом мебошад.

Зимнан бояд ёдовар шуд, ки кишвари мо аз лиҳози истеҳсоли “неруи сабз”, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ намерасонад, дар қатори 6 давлати дар ин самт пешсафи дунё қарор дорад. Дар ин замина 98%-и неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза аз неругоҳҳои обии барқӣ истеҳсол мегарданд ва кишвари мо яке аз татбиқкунандаи пешсафи “неруи сабз” мебошад.

Дар доираи ҷонибдорӣ ва амалишавии ҳадафҳои Конфронси Созмони Миллали Муттаҳид  доир ба об рӯзи 28 марти соли равон дар Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфронси байналмиллалии илмию амалӣ дар мавзуи “Таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва аҳаммияти қабули эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид. Ҳадафҳои конфронс аз баҳодиҳӣ ба раванди обшавии пиряхҳо дар шароити гармшавии глобалӣ, муайян намудани роҳҳои асосии ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмиллалӣ ҷиҳати ноил шудан ба роҳҳои инноватсионии омӯзиши пиряхҳо дар асоси роҳандозӣ намудани Эъломияи панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инкишофи баҳодиҳии ҳолати пиряхҳо бо усулҳои бунёдӣ ва роҳҳои коркарди ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон ва ғайра иборат буд.

Чуноне директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдулҳамид Қаюмов қайд намуд: “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид ба вусъат бахшидани омӯзиши пиряхҳо ва илми гидрология такони ҷиддӣ мебахшад. Дар робита ба ин, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ ва Подшоҳии Нидерланд, иброз доштанд, ки зарурати омӯзиши захираҳои обӣ ба миён омадааст, чунки маълумоти обуҳавошиносӣ бояд илман асоснокшуда бошанд. Дар ин самт раванди анҷомдодаи омӯзиши пиряхҳо аз ҷониби Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, ки ташаббусҳои Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели равшани он аст. Эълон шудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” асоси илмӣ дорад. Баргузории Конфронс имкон дод, ки вазифаҳои дар назди марказбуда дучанд зиёд шаванд. Ҳоло барои ба анҷом расондани таҳқиқоти илмии мо нақшаи илмӣ амал мекунад, ки мувофиқи он ба наздикӣ консепсияи илмии омӯзиши пиряхҳо якҷо бо шарикони хориҷӣ ба табъ мерасад. Ин имкон медиҳад, ки пиряхҳо ҳамаҷониба омӯхта ва ҳифз шаванд.”

Баргузории чунин Конфронси сатҳи баланд дар Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Нидерланд барои ҷаҳониён бисёр муҳим ва саривақтӣ аст, зеро имрӯз мо бо мушкилоти тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо рӯбарӯ ҳастем. Аз ин рӯ,  аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо карда мешавад, ки дар миқёси минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ба ҳам оянд ва роҳҳои пешрафтро муҳокима намоянд, зеро об ин ҳаёт аст,–иброз намуд  Алберто Туркстра, менеҷери лоиҳаи маҷаллаи “Diplomatic World”.

Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра ҷонибдорӣ ёфт. Воқеан, қабули ин Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.

Чуноне Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбасти ин ҳамоиш   иброз дошт:“Дар ҳақиқат, ин Конфронс ҷаҳонро муттаҳид сохт. Биёед, мо дар атрофи об муттаҳид бошем! Биёед, ҳамин фурсатро ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи минбаъдаи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва дигар ҳадафҳои вобаста ба об аз даст надиҳем!”

Бале, мо аз об вобастаем ва бояд онро  эҳтиёт намоем!

                                                Имомназари Каримиён,
сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои
рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед